МАРДУМФИРЕБИИ ТЭТ ҲНИТ ВА КАБИРӢ ФОШ ШУДАНД!

Аз солҳои аввали соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон байни азҳоби сиёсии кишвар  Ҳизби наҳзати исломӣ Тоҷикистон ягона ҳизбе буд, ки аз рўзҳои аввали ташкилёбиаш ба майдони бузурги сиёсат бо мақсадҳои ғаразнок ворид шуда буд. Миёни аҳолии кишвар ҳеҷ вақт нуфуз ва ҷонибдорони худро пайдо карда натавонист ва сабаби ноустуворӣ гардида фано хӯрд.

Ба ҳамагон маълум аст, ки аз рӯзҳои аввали фаъолияти ҲНИТ терроризми сиёсӣ, миллатгароӣ, динӣ ва ҷиноӣ равшан зоҳир мегардид.

Маҳз наҳзат доираи фаъолияти экстремистӣ дошта, барои суст кардани амнияти мамлакат, ғасб намудан ва азхуд намудани ҳокимияти давлатӣ, ташкили гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриконунӣ, амалӣ гардонидани фаъолияти террористӣ иборат буд.

Имрӯзҳо, қисме аз роҳбарони ин ҳизби мамнӯъ дар мисоли роҳбари он Муҳиддин Кабирӣ берун аз Тоҷикистон бо дастгирӣ ва сарпарастии хоҷагони хориҷиашон, бо истифода аз ҳар гуна бўҳтон ва танқидҳои беасос ба воситаи нашрия ва шабакаҳои иҷтимоӣ, аз худ дарак медиҳанд. Бо ин кирдорашон мехоҳанд фазои орому осудаи кишварамонро аз нав халалдор созанд. Вале онҳо ва пайравонашон бояд дарк намоянд, ки сокинони мамлакат аз кирдорҳои разилонаи ин ҳизб аз фоҷиаи ҷанги шаҳрвандӣ ва минбаъд дар замони сулҳу оромӣ воқиф мебошанд. Дар симои он экстремизму терроризмро мебинанд, ки мехостанд бо истифода аз иғво ва амалҳои таҳрибкоронаи хеш ба ҳадафҳои сиёсӣ даст ёбад.

ТЭТ ҲНИТ дар байни табақаҳои мухталифи ҷомеа, махсусан миёни ҷавонон яке аз муаммоҳои ба сафи ифротиён ҷалб гардидани онҳо гардида буд. ҲНИТ то соли 2015  гарчанде ҳизби ба таври қонунӣ фаъолияткунанда бошад ҳам, аммо зери ин парда ғаразҳои сиёсии худро амалӣ менамуд. Хушбахтона, фаъолияти ӯ ба таври қонунӣ манъ гардида, расман ҳизб баста шуд. Санаде, ки фаъолияти онро манъ намуд, санади одилона ва қонунӣ буд. Гарави асосии ҳифзкунандаи тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти давлатӣ баромад намуд.

Сарпарастии хориҷиён, паноҳгоҳ додани онҳо ба саркардагони Ҳизби наҳзати исломӣ аз он гувоҳӣ медиҳад, ки онҳо пешравӣ ва рушду камоли Ватани азизамонро дида наметавонанд.

Ин падидаҳои хатарзо моро водор мекунад, ки ҳушёриву худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ, равандҳои замони муосирро хуб дарк намоем ва фазои сулҳу оромӣ, осудагӣ ва амнияти ҳаёти ҷомеаро таъмин намоем.

Мутаассифона, имрӯзҳо падидаҳои номатлуб, аз қабили ифротгароиву экстремизми динӣ, терроризми байналҳалқӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар падидаҳои номатлуб дар ҷомеаи ҷаҳонӣ реша давонида истодааст. Аз ин лиҳоз, аҳли ҷомеаи ҷаҳониро лозим аст, ки дар ҳамбастагӣ бар муқобили бо ингуна вабои башарият мубориза баранд. Нагузоранд, ки терроризм ва экстремизм ҳаёти омоиштаи мардуми ҷаҳонро ба ҷангу куштор мубаддал гардонад. 

Боварии комил дорам, ки мардуми сарбаланди тоҷик побанди ақидаҳои ифротагроёнаи ТЭТ ҲНИТ ва ҳаммаслакони ӯ нахоҳанд шуд. Зеро барои миллати бофарҳангӣ мо терроризм ва экстремизм бегона аст. Мардуми мо созандаи ин мулк ҳастанд, на ба мисоли наҳзатиён сӯзандаву тороҷкунанда. Кулли шаҳрвандони кишвар дар пуштибонӣ аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри гул – гулшукуфии Ватани азизамон камари ҳиммат мебанданд.

Темиров К.О.
устоди ДДҲБСТ

Add comment


Security code
Refresh