ИФРОТГАРОӢ – ВАБОИ МАҲВКУНАНДАИ ҶОМЕА!

«Мо бояд ҳамеша дар назар дошта бошем, ки терроризм ва террористро ба худӣ ва бегона, ашаддӣ ва ислоҳгаро ё хубу бад ҷудо кардан мумкин нест. Баръакс, тавре ки ман борҳо таъкид карда будам, террорист ватан, дин, мазҳаб ва миллат надорад».

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат

Асри XXI дар таърихи инсоният ҳамчун асри техника ва технологияи нав ба ҳисоб меравад. Лек дар қатори пешравиҳои илмиву техникӣ боз як идда зуҳуротҳои нав ба нав ба миён омаданд, ки ба қатори он терроризму экстремизм ва ифротгароӣ дохил мешавад. Имрўз аҳли сайёраро фаъолияти гурўҳҳои террористӣ ба ном диниву мазҳабӣ нигарон намудааст. Амалҳои нангине, ки онҳо ба анҷом мерасонанд, таҳдид ба ҷомеаи ҷаҳон ва ҷони ҳар як сокини олам аст.

Коршиносон бар он ақидаанд, ки ба сафи гурўҳҳои ифротгаро асосан ҷавонони ноогоҳ, бешуғл ё бекор шомил мешаванд. Лек баъзан ҳолатҳое мавҷуд аст, ки ҷавонони дар хориҷ зиндагӣ ва ба таҳсил фаро гирифта ё аз назорати падару модар ва калонсолон  дурмонда хеле зиёданд. Зеро дар шароити кунунӣ шабакаи ҷаҳонӣ интернет дастраси ҳамагон буда, аз он ҳар як нафар метавонад бароҳат истифода барад. Мутаассифона, гурӯҳҳои ифротӣ дар шабакаҳои иҷтимоии “Фейсбук”, “Одноклассники”, “Твиттер”, “Ютуб” ва амсоли инҳо ақидаҳои муғризонаи худро паҳн менамоянд. Дар ин ҳолат баъзе аз ҷавонони ноогоҳе, ки дониши казоии динӣ ва дунявӣ надоранд ба сафи онҳо ҷалб мегарданд.

Гурўҳҳои террористӣ барои амалӣ намудани ғаразҳои сиёсии хеш аз аъзоёну ҷонибдорони оддии худ, ки ба асли роҳбарони  худ сарфаҳм намераванд, истифода мебаранд. Натиҷаи амалиёти нангину нопоки онҳост, ки имрўз дар нуқтаҳои даргири ҷаҳон ҳазорон нафар кўдакони бегуноҳ бесарпаноҳ, занону пиронсолон ба ҳалокат мерасанд. Шаҳрҳои обод ба харобазор табдил ёфта, арзишҳои ахлоқиву маънавии мардум поймол шуда истодаанд.

Ин гуна гурўҳҳо асосан ба муқаддасоти дину мазҳаб такя намуда, ба амалҳои нопоку ғайриинсонӣ даст мезананд, ки ба дини Ислом ҳеҷ алоқамандӣ надорад.

Ҳадафи созмонҳои ифротгаро аз он иборат аст, ки ғояҳои тундравона, кинаю адоват ва низоъҳои мазҳабиро дар ҷомеа  барангехта, сохти ҷамъиятию сиёсии ин ё он кишварро ба тариқи зўроварӣ тағйир диҳанд ва дар ин кишвар соҳиб шаванд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи 72-юми Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид иброз намуданд, ки ҳоло фаъолшавии гурўҳҳои террористиву ифротӣ ва дигар ҷунбишҳои иртиҷоӣ дар нуктаҳои гуногуни ҷаҳон амнияти тамоми мардуми оламро зери хатар гузоштааст. Амалҳои ваҳшиёнаи онҳо бо дини мубини ислом ҳеҷ аломандӣ надорад ва моҳияти он зидди таълимоти динӣ равона гардидааст.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раванди мубориза зидди таҳдиду хатарҳои замони муосир ва таъмини сулҳу суботи пойдор дар кишвар дар ҳамкорӣ бо шарикони худ ва созмонҳои байналмилалӣ, хусусан бахшҳои дахлдори Созмони Милали Муттаҳид ҳамеша иқдомҳои мушаххасро роҳандозӣ менамояд.

Сулҳу суботе, ки Сарвари давлат ба мардуми кишвар овард, неъмати бебаҳо ва беназири таърих аст. Сулҳу субот гарави таъмини рушди устувори иқтисодӣ, иҷтимоӣ, ҳаёти сазовору осоиштаи мардум, таъмини шароити мусоид ва ояндаи дурахшони кишвар аст. Мутаассифона, гурӯҳҳои ифротӣ имрӯз баръакси онро мехоҳанд ва бар муқобили арзишҳои волои инсонӣ мубориза мебаранд. Дар ин ҷода мо аҳли ҷомеа бояд нагузорем, ки ақидаҳои ифротӣ ва ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ осмони софу беғубори моро тира созанд. Дар ҳамбастагӣ мо метавонем бо ин зуҳуроти маҳвкунандаи инсоният муборизаи беамон барем.

Султонова  А.Ҷ.
устоди ДДҲБСТ

Add comment


Security code
Refresh