ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ ХАТАРИ НАВИ ҶАҲОНӢ!

Мо дар марҳалаи бурду бохти ҷаҳони муосир, кашфиётҳои гӯшношуниди илмию фарҳангӣ, дигаргуншавии тафаккур ва ҷаҳонбинии мардуми сайёра, ба ҳам наздикшавии тамаддунҳо ва ба таҳаввулоти ҷиддии бесарусомонӣ гирифтор шудани як идда ҷавонони ноогоҳ аз дину оин ва хираду тафаккур дар кулли сайёра қарор дорем. Дар ин марҳалаи бурду бохтҳо зиракии сиёсӣ, дӯст доштани Ватан, номуси миллию мазҳабӣ ва аз ҳама болотар, фирефтаю бозичаи ақидаҳои бофтаю сохта ва найрангу бозиҳои сиёсӣ, динӣ, мазҳабӣ ва экстремистию қавмӣ нагардидани ҳар як фард барои субот ва оромии ҷомеа зарур аст.

Қабл аз ҳама се ниҳоди асосӣ-оила, мактаб ва ҷомеа бояд дар ин замина фаъолияти босамар ва натиҷабахшро роҳандозӣ кунанд. Маҳз бо ҳамроҳии ин се ниҳод метавон ба мувафақият даст ёфт.

Тарбияти нодурусти фарзандон дар оила ва муҳити носозгор аз умдатарин омилҳоест, ки ҷавононро бо роҳи ғалат савқ дода, онҳоро дар кӯчаи сарбастаи рӯзгор мувоҷеҳ ба мушкилот сохтааст. Аз ин ҷост, ки оилаҳоро метавон ба оилаҳои муваффақ ва номуваффақ қисмат намуд. Фарзандони дар оилаҳои муваффақ тарбиятёфта бо заковату фаросати фарогир мусаллаҳ буда, дар шебу фарози зиндагӣ мавқеи заруриро касб кардаанд. Баръакси ин ҳол, насли дар оилаҳои номуваффақ ва ноустувор буда, афкор ва тасмими хоси худро доро нестанд.

Экстремизм, терроризм ва ифротгароӣ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ зарари калони худро расонидааст ва ин омил то ҳол идома дорад. Мутаассифона, дар мавзеъҳои таҳти тасарруфи экстремистон қароргирифта, бештари мактабу муассисаҳои таълимӣ баста шуда, мавзеъҳои маданиву маишӣ тахриб ва ё пурра аз фаъолият бозмондаанд. Амну суббот аз байн рафта, террор ва даҳшатафканӣ болои мардум ба як амали муқаррарӣ табдил шудааст. Барои кӯдакон ба ҷои мактаб рафтану илм омӯхтан тамрони тирпарронӣ ва машқҳои ҷангӣ ба роҳ монда шудааст. Баёни озодонаи фикр, маҳфилҳои шеъру суруд, нишастҳои адабию фарҳангӣ аз байн рафта, ҷои онро намоиши қатлу ғорат ва таъқибу фишор гирифтааст. Бояд таъкид намуд, ки шикасти рӯҳӣ гирифтани кӯдакон қобилияти зеҳнии онҳоро кунд ва дарки бештари масъалаҳоро барояшон душвор мегардонад ва ин норасоии психологӣ кӯдаконро то охири умр дунболгир хоҳад буд.

Насли ҷавонро мебояд, ки аз аҳли солим кор гиранд, на бо фикру андешаи дигарон рӯзгор ба сар баранд ва бо ҳамин васила хостаҳои худро пиёда кунанд.

Боиси таассуф аст, дар миёни ин ҷоҳилон ҳам дар Сурияву Ироқ ва ҳам дар қисмати Бадахшони Афғонистон фарзандони тоҷик, шаҳрвандони кишвари мо низ ҳузур доранд, доғе барои миллати тоҷик ва мардуми мусулмони Тоҷикистони меоранд. Замоне фаро расида, ки нисбати ин доғи нангин ҳамагон бояд маълумоти пурра доштанд ва ҳар ҷо имконияте ба вуҷуд омад, дар тарбияи насли наврас ва ҷавонон бо истифода аз далелу арқаи барои кушодани чеҳраи манфур ва разилонаи ин гурӯҳҳо саҳм бигиранд. Махсусан, муаллимону устодон бояд чун зиёӣ ва ҳидоятгару носеҳ дар ҳар машғулияти беруназсинфию беруназмактабӣ, ҷаласаҳои кумитаҳои падару модарон, семинару конфронсҳо дар кушодани ин равияву гурӯҳҳо бо далелҳои қавӣ саҳм бигиранд ва дар пешгирии гаравиши ҷавонон ба ин равияву мазҳабҳои сохташуда нақши бузурги худро гузошта тавонанд.

Дунявӣ донистани давлат ба ҳеҷ сурат маънии дин аз давлат ҷудо буданро надорад, танҳо ташкилотҳои динӣ фаъолияташонро дар алоҳидагӣ анҷом медиҳанду халос. Ба ифодаи дигар, мавҷудияти ҳар давлат бо пойдории дин пайванди ногусастанӣ дорад, ки моҳияти ин масъаларо ҳамагон бояд фаҳм кунанд. Ҳар яки мо бояд барои бартараф намудани ифротгароӣ, экстремизм ва терроризм чораҳо андешем. Ба майле накардани ҷавонон, ба созмону ҳаракатҳои ифротию террористӣ метавон ба нақши муассисаҳои таҳсилотӣ ва аҳли ҷомеа арзиш дод, ки дар ин самт имконияти комил ва пурдоманаро дар ихтиёр доранд. Мавриди татбиқи фарогир қарор доштани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», ки миёни аҳли ҷомеа ба ҳайси қонуни миллии кишвар сохта шинохта шудааст, ҳамчун аслиҳаи тавонманд ба тарбияи мустақими наврасону ҷавонон таъсири мусбат хоҳанд гузашт. Дар баробари ин, ниҳодҳои қудратӣ, зарур аст, ки ҳамкориашро бо аҳли ҷомеа боз ҳам қавитар сохта, корҳои фаҳмондадиҳиро ба аҳли ҷомеа вусъат бахшанд.

Вазифаи ҳар яки мо омӯзгорону устодон дар ин раванд аз он иборат аст, ки дар қалби донишҷӯёну ҷавонон меҳру муҳаббат ба Ватан, забон, марзу бум, миллат ва модарро парварида онҳоро аз роҳи бад эмин нигоҳ дорем. Нагузорем, ки ҷавонони мо фирефтаи ақидаҳои ифротии гурӯҳҳои тундрав гарданд.

Абдураҳмонова М.И.
устоди ДДҲБСТ

Add comment


Security code
Refresh