Насли ояндасозро ба воя расонем!

Афзоиши пайвастаи ташкилот ва гурӯҳҳои террористӣ дар ҷаҳони муосир аз омилҳои муташанниҷ гаштани вазъи сиёсию иҷтимоии замони имрӯза гаштааст. Дигаргуниҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоие, ки Тоҷикистон дар соли 1990-уми асри гузашта паси сар кард, кишвари моро ба душвориҳои сангин дучор сохта, боиси сар задани ҷанги таҳмилӣ гардид, ки оқибати он ҳоло ҳам эҳсос мешавад ва хотираҳои мардумро ранҷ медиҳад. Агар мушоҳида намоем, барои сар задани бесарусомониҳо бешак, ташкилоти экстремистӣ-террористии ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва хоҷагони хориҷии онҳо даст доштанд.

Айни замон дар байни терроризм ва экстремизм ягонагии амалиёт дида мешавад: ҳардуи ин зуҳурот масъаларо бо роҳи зӯроварӣ ҳал кардан мехоҳанд. Қувваҳои экстремистӣ дар ҳолатҳои муайян аз ҳиссиёти динии мардум истифода бурда, бо шиору тавсияҳои ғаразнок онҳоро ба вартаи фалокату ҳалокат кашида, фазои сиёсии кишварҳои алоҳидаро муташанниҷ мекунанд. Ғайр аз ин, экстремизм берун аз сиёсат низ арзи вуҷуд карда метавонад.

Сарвари муаззами кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо аз минбарҳои сатҳи гуногун иброз доштаанд, ки «Террорист Ватан, миллат ва мазҳаб надорад ва аз ин рӯ, мубориза ба муқобили терроризм ва экстремизм фароҳам овардани фазои боварӣ, эҳтиром ба манфиатҳои якдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунёро дар пешорӯи ин хатари умумӣ тақозо мекунад».

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дар байни ҷомеа мавриди мубоҳиса ва андешаронии зиёд гардид. Мутобиқи моддаи 8-и қонуни мазкур падару модарон уҳдадор карда мешаванд, ки фарзандонашонро аз иштирок дар фаъолияти муассисаҳои динӣ, ғайр аз кӯдаконе, ки дар мактаби махсуси динӣ таҳсил менамоянд, манъ намоянд.

Танҳо соли 2013 барои риоя накардани ин талаботи қонун бештар аз 3100 падару модар ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудаанд. Албатта, ин ҳама чораҳо барои солимии мафкураи ҷавонон ва пурмасъулият гардидани волидони онҳо андешида мешавад. Зеро, аз роҳи бад гардонидани фарзанд ин вазифаи волидон мебошад. Ҷавонон ва наврасон бояд аз сулҳу суботи имрӯза шукргузорӣ намоянд.

Танҳо дар сурати ваҳдату ягонагии мардуми кишвар душвориҳо ва монеаҳо паси сар мешаванд. Рӯзгори мардум рӯ ба беҳбудӣ ва кишвари азизамон ба шоҳроҳи пешрафту тараққиёт рӯ меорад. Ба ақидаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар касе, ки ниҳоле сабзонида бошад, медонад, дарахт соле як маротиба ҳосил медиҳад. Аммо ниҳоле ҳаст, ки ҳамеша меваи ширин ба бор меорад. Мо меваи ширини сабзонидаамонро чашидем, ҷомеаи мо аз он баҳравар гардид, ҳаргиз роҳ надиҳем, ки дигар теша ба решаи он расад».

Ин ниҳол Сулҳу Ваҳдат аст, ки имрӯз меваи ширин самар овардааст. Хушбахт аз онем, ки осуда, дар фазои сулҳу субот зиндагӣ дорем. Ҳақиқатан ваҳдати миллӣ шукуфоии Ватан аст, зеро дар давлате, ки сулҳу амонӣ ва дӯстӣ ҳукмфармост, он рӯз то рӯз гул-гул мешукуфад, иқтисодиёташ мустаҳкам мегардад.

И.КАРИМОВА,
омӯзгори МТМУ №10,
шаҳри Бӯстон

Add comment


Security code
Refresh