Амали нопок фоҷиа меоварад

Тибқи омор имрӯз панҷоҳ фисади аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро занон ташкил медиҳанд. Истифодаи самараноки нерӯи ҷавонону бонувон, тарбияву интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои хизмати давлатӣ аз ҳисоби ҷавонон ва духтарону бонувони лаёқатманд ва донишманд соҳибмаърифатон бар манфиати ҷомеаи мутамаддини мо мебошад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт барномаҳои махсусро пешбинӣ ва роҳандозӣ менамояд.

Агар ба таърихи халқамон зеҳн монем, хоҳем дарёфт, ки дар тӯли асрҳо дар ҷомеаи мо cаҳми зан-модар хеле баланд буда, бонувон дар тарбияи ахлоқию маънавии ҷомеа нақши муассир гузоштаанд. Баъди соҳибистиқлол гаштан, ки мутаассифона, ҷомеаи моро ҷанги шаҳрвандӣ фаро гирифт, «хоҷагон»-и хориҷӣ аз ин ба манфиати худ истифода карданд. Ҳадафи аввалини онҳо паҳн намудани ақидаҳои бегонаи ифротӣ дар ҷомеаи мо буд. Албатта, бисёре аз ҷавонони тоҷик ба доми фиребу найранги онон афтода, ҷони ширинашонро аз даст доданд, модарони худро ҷигарбирён намуданд. Вале як падидаи дигари ҳузнангезе низ дар ин масир вуҷуд дорад, ки шомилшавии духтарон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ мебошад. Ногуфта намонад, ки чунин духтарон аз лиҳози камсаводии худ ба ин гирдоби бало гирифтор мешаванд. Занҳои пайрави ин ҳаракатҳои ифротӣ аз «хоҷаҳо» маблағи калон гирифта, байни аҳолии камсаводу камбизоати ҷомеа тарафдоронашонро ҷӯё мегарданд ва бо ҳавасмандкунии моддӣ ин қишрро ҳаммаслаки худ мегардонанд.

Боиси нигаронист, ки имрӯзҳо нафароне аз ҷавонзанони тоҷик ба ин амали разилона даст зада, доғи ҷомеаи мо мегарданд. Чунин занон намеандешанд, ки оқибати ин амали нопок ба кадом фоҷеа оварда мерасонад. Боиси изтироби ҳамагон аст, ки замоне модари тоҷик ба башарият донишмандону мутафаккирони асилро тақдим намуд, аммо мутаассифона, имрӯз бархе аз онҳо рисолати хешро бо чунин амали нангин иваз намудаанд. Фаъолияти чунин занону духтарон аслан аз паҳн намудани даъватномаҳо, варақаҳо ва адабиёти мазмуни экстремистидошта иборат мебошад, ки амали басо нохуб ва риққатовар аст.

Имрӯз барои мо - зиёиёни ҷомеаи навину соҳибистиқлоли тоҷик ҳатмист, ки бояд сари вақт роҳи чунин зуҳуроти нангинро дар ҷомеа гирифта, баҳри он талош варзем, ки модари тоҷик соҳибмаълумот ва андешаву ақидаи солим дошта бошад.

Орифшо Насриддиншоев,
омӯзгор аз шаҳри Бӯстон

Add comment


Security code
Refresh