Гумроҳӣ маргборӣ бувад!

Ҷиҳати амалигардонии тадбирҳо оид ба пешгирии ҳодисаҳои номатлуби терроризму экстремизм ҳамчунин маъракаи даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи нақшаи чорабинии якҷояи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд, прокуратураи шаҳр, шуъбаи корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд силсилаи мулоқот бо донишҷӯёни муассисаҳои олии касбии маркази вилоят доир шуда истодааст.

Дар ин самт мулоқот дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ доир гардид. Таъкид шуд, ки дар ҷаҳони мутамаддин баробари пешравиҳои илму техника, ҳамчунин зуҳуроти хатарзои терроризму экстремизм рӯ ба афзоиш аст. Зеро паҳни иттилоъ ба дараҷае осон шудааст, ки ҳаракату ҳизбҳои мамнӯъ дар муддати хеле кӯтоҳ метавонанд, ҳадафҳои худро ба шуури аҳли ҷомеа, хоса ҷавонон расонанд. Махсусан терроризму экстремизмро ба дини мубини ислом вобаста кардани қувваҳои иртиҷоии тангназарону таасубгаронро бештар ба худ ҷалб кардааст. Моро зарур аст, маърифати сиёсии ҷавононро баланд бардорем.

Дар ҳудуди вилоят даҳҳо оиларо дучор омадан мумкин аст, ки фарзандҳояшон бинобар гумроҳӣ дар майдонҳои набарди Сурияву Ироқ фавтидаанд ё бе ному нишон гардидаанд. Аксари ин ашхос аз надонистани оқибатҳои нангину маргбори ин амал ба чунин гурӯҳҳо пайвастаанд. Насле, ки ояндаи ҷомеа дар дасти онҳост, баҳри шукуфоӣ ва рушди диёр бояд саҳмгузор бошанд.

Абдусабури Абдуваҳҳоб

Add comment


Security code
Refresh