Зиракии ҳадафманди ҷавонон – бар зидди ифротгароён

Ҷомеаи имрӯзаро гурӯҳҳои ифротгаро дар зери ниқоби дини Ислом халалдор  месозанд ва мутассифона, аз ин хуни касони бегуноҳ мерезад. Дар асл дини Ислом покиву росткорӣ ва худшиносӣ  аст, қатлу куштор ва хиёнатро маҳкум мекунад. Аз соли 1991 ҲНИТ  ба саҳнаи сиёсат баромад. Дар як муддати  кӯтоҳ тарафдорони худро пайдо намуда, даст ба амалҳои  нопок зад. Гурӯҳҳое, ки ба ҲНИТ шомил буданд, ҷонибдори  демократикунонии  ҷомеа будани худро эълон медоштанд, аммо дар амал онҳо  тарафдори исломӣ  кардани  давлат буданд.

Имрӯзҳо як гурӯҳи ҷавонони ифротгарою гумроҳгардида Анҷумани озодандешонро созмон дода, боз мехоҳанд оромии ҷаҳонро халалдор созанд. ҳатто, онҳо  номи  тоҷиконро ба анҷумани худ ҳамроҳ намудаанд, ки ин  ҳаргиз қобили  қабул нест, зеро тоҷикон аз  қадимулайём ватандӯст буданд ва дар  ҳама давру замон номи баланд доштанд.

Муборизаи мо ба муқобили ин гуруҳҳо ва созмонҳои экстремизму терроризми байналмилалӣ дар асл мубориза барои ҳифзи давлат, истиқлолият, фарҳангу забон, арзишҳои миллӣ ва зиндагии озоду осудаи мардумамон мебошад. Бинобар ин ҳар фарди ҷомеа, хоса насли ҷавонро, ки фирефтаи чизе шуданаш нисбатан осонтар аст, эҳтиёт ва ҳушдор бояд кард, ки то пеш аз анҷоми ҳар амал аз оқибату натиҷаи он андешад.  

Ҷомеаи омӯзгорони мактаби мо нисбат ба ин масъалаҳои доғи  рӯз бетараф  набуда, дар муассиса  мунтазам  бо кормандони  ҳифзи ҳуқуқ, шахсони касбу корҳои гуногун вохӯриҳо, мизи мудаввар, конфронсҳо ташкил менамоянд.

Дар ҷамъомадҳои  умумимуассисавӣ, ки барои  синфҳои  муайян дар толори  маҷлисгоҳи муассиса баргузор мегардад, омӯзгорони  фанни таърих ва ҳуқуқи инсон оид ба мавзӯъҳое, ки  имрӯз ҷомеаро ба ташвиш овардааст  экстремизм, терроризм ва ифротгароӣ  баромадҳо мекунанд. Мақсад аз ин тадбир тарбия намудани хонандагон  дар руҳияи  ватандӯстӣ худогоҳии миллӣ мебошад. Онҳоро ба ҳуввияти миллӣ доштан ҳидоят намуда, барои аз даст надодани  зиракии сиёсӣ даъват  менамояд.

Имрӯз бояд мо тамоми малакаву дониши хешро дар бунёди ҷомеаи озод аз экстремизму ифротгароӣ равона намуда, баҳри  ҳаёти осоиштаи инсоният,  дар радифи он ба фазои сулҳу ороми Тоҷикистон саҳми босазо гузорем.

Файзулло Файзиев,
сарвари муассисаи таҳсилоти
миёнаи умумии № 21, шаҳри Хуҷанд

Add comment


Security code
Refresh