Тоҷикистон кишвари биҳиштосо аст!

Барҳақ, Тоҷикистон кишвари биҳиштосо, макони илму хирад дорандаи таъриху тамаддуни қадима мебошад.

Мо аз гузаштагони  бофарҳангу бо нангу номуси хеш ифтихор дорем. Имрӯз хушбахтона, дар зери парчами кишвар дар фазои сулҳу салоҳ ҳаёти хушбахтона дорем.

Аз Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд, ки кишвари мо ба қатори давлатҳои рӯ ба таррақӣ ниҳода ворид гардидааст.

Имрӯз Тоҷикистон чун ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ арзи вуҷуд намуда, баробари дигар давлатҳо дар масъалаҳои ҷаҳонӣ саҳмгузор  мебошад.

Ҷаҳони имрӯза хеле ҳасос буда, дар баробари дигар масъалаҳо муаммоҳое мавҷуданд, ки ягон инсонро  бетараф гузошта  наметавонад. Аз ҷумла, имрӯзҳо дар қатори дигар ҷомеаи ҷаҳонӣ, инчунин шаҳрвандони  кишвари моро масъалаи  терроризм, экстремизм, ифротгароӣ, амалҳои  номатлуби  шомилшавии шаҳрвандон, алалхусус ҷавонон ба ҳар гуна ҳаракату  ташкилотҳои  ғайриқонунӣ, ки ҳадафу  мақсадашон ба ҳама маълум ба ташвиш  овардааст.

Зеро бархе аз ҷавонон ва шаҳрвандони мо ба қадри ҳаёти осоишта, неъмати бебаҳои  давлати соҳибистиқлол  ва хоку оби  кишвари  биҳиштосо ношукри  намуда, ба амалҳои  номатлуб даст мезананд. Имрӯз дар зери  ҳавою ҳавас, сарват ё мумкин гумроҳӣ, ашхосе, ки ба гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ  шомил гардида, амалҳое содир мекунанд, ки он оқибат ба пушаймонӣ  оварда мерасонад. Дар байни онҳо ашхосе низ ёфт  мешаванд, ки аз кардаи  худ пушаймон шуда, ба қавле дунёи «биҳиштӣ» нарасида баргаштаанд ва ё дар ин роҳ ҳалок  гардида, мушоҳида мешаванд. Онҳо на танҳо  ҷони худ, балки ҷони фарзандони худ, хешу табор, падару  модари хешро ба хатар гузоштаанд. Ин гуна  ашхос  дер дарк намудаанд, ки оқибати ин кори онҳо ба беному нишонӣ, ноумедӣ ва пушаймонӣ оварда мерасонад. Хуб мешуд ҳар яки мо  новобаста ба синну сол ба хоки Ватани худ, авлоди худ, падару модари худ содиқ монда, аз ҳаёти барҳақ, биҳиштосо шукргузорӣ намуда, барои халқу Ватани худ  содиқона хизмат намуда, кору зиндагӣ намоем, Ватани  азизи худро дӯст дорем ва обод созем.

Мунира АГЗАМОВА,
омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи
умумии №21, шаҳри Хуҷанд

Add comment


Security code
Refresh