Хуҷанд. Аёдати 7 нафар иштирокчиёни ҶБВ ва 32 нафар заҳматкашони ақибгоҳ

Дирӯз, Ҳалимзода Абдураҳмон Достӣ, сардори Раёсати молияи дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ва Ҳакимҷон Шарифзода, муовини сардори Сарраёсати молия дар вилояти Суғд 7 нафар иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 аз шаҳри Хуҷандро аёдат намуда, кӯмакпулии якдафъаинаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба маблағи 4000 сомонӣ, кӯмакпулии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро ба маблағи 1500 сомонӣ ва кӯмакпулии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрро ба маблагӣ 1200 сомонӣ тақдим намуданд.

Ҳалимзода Абдураҳмон Достӣ, сардори Раёсати молияи дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон, Маъруф Муҳаммадзода, раиси шаҳри Хуҷанд ва Ҳакимҷон Шарифзода, муовини сардори Сарраёсати молия дар вилояти Суғд зимни сӯҳбат бо иштирокчиёни ҶБВ эшонро бо 73-юмин солгарди Рӯзи Ғалаба табрику таҳният гуфта, барояшон сиҳатмандии комил, сарбаландӣ, саодати рўзгор, хонаи обод, хотири ҷамъу осуда таманно намуданд.

Иштирокчиёни ҶБВ аз ин таваҷҷуҳу ғамхорӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан ба Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзи сипос намуда, дар ҳаққи давлату миллат ва мардуми сарбаланди кишвар дуои нек карданд.

Бояд таъкид намуд, ки худи ҳамин рӯз ба 32 нафар заҳматкашони дар давраи ҶБВ фаъолиятдошта кӯмакҳои якдафъаинаи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва раиси шаҳри Хуҷанд ба маблағи 2200 сомонӣ супорида шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh