Корномаи беназир тимсолест панди дилпазир

Гузориш аз таҷлили Рӯзи Ғалаба дар маркази вилоят

8 майи соли равон дар назди Муҷассамаи ёдбуди шаҳидони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 – 1945, ки дар мавзеи «Панҷшанбе»-и шаҳри Хуҷанд воқеъ аст, ба ифтихори Рӯзи Ғалаба ҷамъомади мутантан баргузор гардид, ки дар он Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода иштирок ва суханронӣ намуд.

Раиси вилоят қабл аз ҳама, аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд иштирокчиён ва собиқадорони ҷангу меҳнат ва кулли мардуми вилоятро ба ифтихори Рӯзи Ғалабаи Бузург самимона табрик намуда, нақши ин пирӯзии бемислро дар таърихи инсоният беназир унвон кард.

- Мардуми шарафманди Тоҷикистон Рӯзи Ғалабаро дар радифи халқу миллатҳои дигар ҳамеша бо арҷгузориву қадрдонӣ аз корномаҳои ҷангиву ҷоннисориҳои фарзандони худ ва гиромидошти хотираи неки сарбозону афсароне, ки аз ҷабҳаи набард барнагаштаанд, таҷлил менамоянд. Ҳар қадар таърих моро аз он солҳои мудҳиши ҷанг дуртар барад, бароямон шаҳомати корномаи беназири халқ ҳамон дараҷа равшантар мегардад ва сабақи таърих бароямон аҳамияти бештар пайдо мекунад, - зикр дошт Раҷаббой Аҳмадзода.

Диловарию ҷонбозиҳои сарбозони матинирода буд, ки фашистон торумор гардида, ҷаҳон аз хатари ҳукмронии фашисти хонумонсӯз раҳоӣ ёфт.

Дар набардҳои сангин зиёда аз 300 ҳазор ҷанговари тоҷикистонӣ аз рӯзҳои аввали ҷанг дар майдони ҳарбу зарбҳои хунин ширкат варзида, ба муқобили душмани ғаддор фидокориҳои бемисл нишон додаанд.

Имрӯз хотири 92 ҳазор нафар фиристодагони Тоҷикистонро, ки дар майдони ҳарб қурбони ин ҷанги хонумонсӯз шудаанд, дар тамоми гӯшаю канори мамлакат бо ифтихори ватандорӣ ёдоварӣ менамоянд. 54 нафар ҳамватани мо, аз ҷумла 15 нафар суғдиёни шуҷоъ ба гирифтани унвони Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ сарфароз гаштаанд.

Таҷлили ҳамасолаи Рӯзи Ғалаба бар фашизм дар давлатҳои мутамаддин ба ҷаҳониён бори дигар собит менамояд, ки дӯстиву ҳамкорӣ ва муносибатҳои неку созандаи халқҳову давлатҳо омили асосии сулҳу субот ва бунёди рӯзгори орому осуда буда, танҳо бо саъю талоши якҷоя ба муқобили нерӯҳои ҷангҷӯ, ки мехоҳанд дар сайёра ҷанги сеюми ҷаҳонро оғоз бахшанд, мубориза бурдаву пирӯз шудан мумкин аст.

- Имрӯз ҳимояи ҳуқуқу манфиат ва ҳифзи иҷтимоии собиқадорони ҷанг яке аз самтҳои асосии фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, шаҳру ноҳияҳо, корхонаву муассисаҳо қарор дорад. Мо ифтихормандем, ки имрӯз 101 нафар падарони шуҷои мо, иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар паҳлӯи мову Шумо ҳастанд. Ҳузури ҳар яки онҳо, ки маслиҳатдеҳи мо, ҳодиву раҳнамо ва дуогӯй мебошанд, ба дидаҳо нур ва ба дилҳо сурур мебахшад, - таъкид дошт Раиси вилоят.

Қобили зикр аст, ки барои кӯмакпулии ҳармоҳа ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва иштирокчии ақибгоҳ аз буҷети маҳаллии вилоят танҳо дар соли 2017-ум беш аз 1 миллиону 510 ҳазору 560 сомонӣ, барои кӯмаки яквақта ба муносибати таҷлили 73-солагии Ғалаба ба онҳо аз буҷети вилоят 895,2 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шуд.

Имсол ҳамчун кӯмаки яквақта тибқи қарори Раиси вилоят барои ҳар иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ 1500 сомонӣ ва барои ҳар иштирокчии ақибгоҳ 1200 сомонӣ, ҷамъ ба маблағи умумии 717 ҳазору 900 сомонӣ аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят тақдим гардид.

Раҷаббой Аҳмадзода бо қаноатмандӣ зикр кард, ки дар кори хайри тарбияи наслҳои наврас ва таҳкими ҳисси сулҳдӯстиву ватанпарастӣ падару бобоёни қаҳрамони мо – иштирокчиёни ҷанги дуюми ҷаҳон, пирони рӯзгордида ва пуртаҷриба бо пандҳои дилпазир ва насиҳату суҳбатҳои манфиатбахши худ сазоворона саҳм мегузоранд.

Баъд дар пояи Муҷассамаи ёдбуди шаҳидони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 – 1945 маросими гулгузорӣ сурат гирифт, ки дар он роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, шаҳри Хуҷанд, собиқадорони ҷангу меҳнат, аҳли зиё ва намояндагони ташкилоту муассисаҳо иштирок намуда, хотираи қурбониёни ин ҷанги хонумонсӯзро пос доштанд.

Дар тарабхонаи «Азизон»-и маркази вилоят барои иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва собиқадорони ҷангу меҳнат дастархони идона ва барномаи рангини фарҳангӣ пешкаш гардид.

Хабарнигори
“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh