МУБОРИЗАИ ДАСТАҶАМЪОНАИ ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ ТАҚОЗОИ ЗАМОН АСТ

Паёми имсолаи худро Президенти кишвар аз сиёсати хориҷии кишвар ва вазъияти кунунии ҷомеаи ҷаҳонӣ оғоз карда, қайд намуданд: “Вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард” боиси нигаронӣ гардидааст.

Соли ҷорӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид.

Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт.

Воқеият чунин аст, ки ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд.

Идомаи минбаъдаи ин ҳолат метавонад боиси амиқ гардидани таҳдиду хатарҳои сиёсиву иқтисодӣ, амниятӣ ва башариву фарҳангӣ дар минтақаҳои гуногуни олам гардад”.

Вазъияти кунунии ҷаҳони муосир торафт мураккаб ва хатарноктар шуда, тағйиротҳо дар он бо суръати ниҳоят баланд ва зуд ба вуқуъ омада истодаанд. Чунин вазъият дар арсаи байналхалқӣ замоне сар мешавад, ки бозингари нав ва ё яке аз иштирокчиёни мавҷудбуда аз тақсимоти кунунии ҷаҳон норозӣ мебошад.

Иштирокчии норозӣ чунон мешуморад, ки манфиатҳои он дар раванди тақсимоти нави ҷаҳонӣ ба инобат гирифта нашудааст.  Дар чунин вазъият иштирокчиёни дигар дар аввал кўшиш менамоянд, ки садди роҳи чунин давлатро гиранд. Яъне мекушанд, то ки иштирокчии дигар пайдо нашавад. Лекин дар сурати пайдо шудани он, вазъияти хатарноктарин сар мешавад. Чун ҷонибҳо кўшиш мекунанд, ки тақсимоти нав ба онҳо таъсир нарасонад ва аз ҳисоби мавқеъҳои геополитикии онҳо тақсимот нашавад. Дар чунин вазъият иштирокчиёни асосӣ аз ҳама имкониятҳо истифода мебаранд, то манфиатҳои худро дар арсаи байналмилалӣ бо кадом арзише набошад нигоҳ доранд. Бинобар ин  қувваю тавоноии худро чӣ аз ҷиҳати сиёсӣ ва чӣ иқтисодию ҳарбӣ дар ҳар як мавридҳои зарурӣ нишон медиҳанд. Қувваҳои худро онҳо дар бисёр мавридҳо на дар шакли кушода,  балки пушида нишон медиҳанд.

Шакли пӯшида ин вақте, ки давлатҳо рўирост бо ҳамдигар ҷанг намекунанд, балки дилхоҳ низоъ ва моҷарои дар дигар минтақа рухдодаро истифода  намуда қувваи худро нишон медиҳанд.  Ин кори онҳо дар зинаҳои аввали зиддият рух медиҳад ва баъдтар онҳо дигар зиддияту бадбинии худро пинҳон накарда ошкоро рақобат мекунанд.

Зинаи ошкоро рақобат намудани иштирокчиёни асосии муносибатҳои байналхалқӣ яке аз давраҳои вазнинтарин ба ҳисоб меравад. Зеро ҷонибҳо аз низоъ ва ё ҷанги байниҳамдигарӣ худдорӣ менамоянд, вале онҳо ин амалҳои худро дар минтақаҳои геополитикии ҳамдигар оғоз менамоянд. Яъне онҳо ҷангҳои сунъӣ ташкил намуда, бо ин васила мавқеи геополитикии рақиби худро мехоҳанд рахна кунанд. Дар чунин ҳолат таҳдиди асосиро  бисёртар ба он давлатҳое  мекунанд, ки дар зери мавқеи геополитикии яке аз ин давлатҳо қарор дошта, вазъи сиёсӣ, иқтисодӣ ва дохилии он дар ҳолати вазнин қарор дошта бошад. 

Чизе дигаре, ки дар ин раванд барои оғози бозиҳои сиёсии давлатҳои абарқудрат даркор мешавад, ин баҳона мебошад. Яъне онҳо бояд чунин амалу рафтори худро бо ягон баҳона асоснок намоянд. Баҳона ба онҳо имконият, медиҳад, ки яроқнок шаванд, нисбати ҳамдигар фишор оранд, чораҳои гуногуни сиёсӣ, иқтисодӣ ва ҳарбиро истифода намоянд. Яъне бо ҳар роҳу восита бартарии худро нишон диҳанд.

 Яке аз муаммоҳои асосии муносибатҳои  байналхалқӣ ин мубориза бар зидди терроризм, экстремизм ва ифротгароӣ ба ҳисоб меравад, ки тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ омодагии худро барои  дастаҷамона нест кардани он эълон менамоянд.  Лекин инро баъзе давлатҳо ҳамчун баҳона барои васеъ ва мустаҳкам намудани мавқеи геополитикии худ истифода мебаранд. Бахусус, баъд аз ҳодисаҳои 11 сентябри соли 2001 ин гуна муроҷиатҳои дастаҷамъона несту нобуд сохтани терроризм ва экстремизм ба як сатҳи баланди худ расид. Аммо бо вуҷуди зидди терроризм мубориза бурдани ҷомеаи ҷаҳонии имрўза он натанҳо пурра несту нобад карда нашуд, балки террористон барои худ ҳудудҳои нав, аз он ҷумла  давлатҳои  аъзои СММ- ро аз қабили  Ироқ ва Сирия ишғол намуда, давлати бо ном исломиро ташкил намуданд.  Ба терористон натанҳо муяссар шуд, ки давлати худро ташкил намоянд, балки тули қариб чаҳорсол зиёдтар мешавад, ки боқимондаҳои онро нигоҳ дошта, амалҳои зишти худро давом диҳанд. Ҳайратовараш он аст, ки дар ҳудудҳои ишғолнамудаи онҳо ягон корхонаҳои истеъсоли яроқ вуҷуд надорад, вале то ба имрўз ҷанги онҳо давом карда истодааст. 

Мумкин баъзеҳо гӯянд, ки онҳо боқимондаҳои  яроқу аслиҳаи аз ин давлатҳо гирифтаашонро истифода менамоянд. Ин кор аз ҳақиқат дур нест, лек мо медонем, ки барои ҳар як аслиҳа тир лозим аст вақте, ки тир набошад аслиҳа ба як оҳанпора табдил меёбад. Вале саволе ба миён меояд, ки онҳо аз куҷо ин қадар тирро дастрас менамоянд ва бе ягон сарфакорӣ онҳоро истифода мебаранд. Ҳол он ки тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ бар зидди онҳо мубориза мебаранд.

Вазъияти Афғонистонро мисол овардан шарт ва зарур нест, чунки аз соли 2001 то ба имрўз на террористон нест карда шуданд ва на маводи мухаддир, ки яке аз воситаҳои ба даст овардани маблағи террористон ба ҳисоб меравад. Балки миқдори заминҳои кишти маводи мухадир ба маротиб афзудааст.

Идома ёфтани ин раванд натанҳо ба вазъияти дохилии Афғонистон, балки ба амнияти минтақа ва алалхусус давлатҳои ба он ҳамсоя таҳдидовар аст. Инро Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳояшон аз минбарҳои баланди байналмилалӣ низ борҳо гуфтаанд, ки вазъияти Афғонистонро на бо воситаи қувва, балки бо роҳи кумакҳои реалии иқтисодӣ мо метавонем тағйир диҳем. 

Вазъияти кунунии Афғонистон чуноне, ки дар боло зикр намудем пеш аз ҳама барои амнияти  минтақаи Осиёи Марказӣ аҳамияти калон дорад. Бинобар ин давлатҳои минтақаро мебояд, ки барои ҳалли ин муаммо муборизаро боз ҳам ҷоннок намуда, онро дар алоҳидагӣ не, балки дастаҷамъона   пешгирӣ намоянд.  Зеро яке аз нуқтаҳои бархурди манфиатҳои геополитикии давлатҳои абарқудрат маҳз Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад. Бинобар ин онҳоро мебояд, ки ба ҳар зуҳуроту таҳдидҳои пайдошуда дар минтақа ва давлатҳои алоҳида дастаҷамъона мубориза баранд.

Сиёсати пешгирифтаи имрўзаи давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сатҳи хуб ба роҳ монда шуда, рӯз аз рўз боз ҳам беҳтар шуда истодааст. Чунин муносибати дўстонаи давлатҳои Осиёи Марказӣ гарави амнияту субот дар минтақа мебошад.

Дар ин маврид Президенти кишвар дар Паёми имсолаи худ оиди ҳалли муаммоҳои байналхалқӣ ва минтақавӣ ва омодагии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳалли онҳо чунин гуфта гузаштанд: “Мо ҷонибдори низоми ҷаҳонии одилона, бидуни ҷангу низоъ, густариши ҳамкориву шарикии баробар ва судманди ҳамаи кишварҳои олам, таъмини амнияти ҷаҳониву минтақавӣ бо роҳи созишу муколамаи созанда бар асоси Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид мебошем.

Дар ин раванд, барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамгироии бештар бо ҷомеаи ҷаҳон ва минтақа, сохторҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, инчунин, ба роҳ мондани ҳамкориҳои фарогир муҳим мебошад”.

Бояд қайд намуд, ки дар баробари дастаҷамъона мубориза бурдан бо таҳдиду хатарҳои имрўзаи минтақа ва ҷаҳонӣ нақши ҳар як давлат ва алалхусус  шаҳрванди онҳо дар алоҳидагӣ хеле калон ва муҳим аст. Дар чунин вазъият вазифаи муқаддаси ҳар яки мост, ки давлату миллати худро мисли гавҳараки чашм нигоҳ дорем ва нагузорем, ки касони нохалаф тинҷиву оромии мамлакати моро рахна созад.                      

 Давлатов У.Н. – устоди ДДҲБСТ

Add comment


Security code
Refresh