“НАФСИ БАД БАЛОИ ҶОН!”

Мақоми дин дар ҷомеа ниҳоят баланд аст. Агар дин созанда бошад, ҷомеа созанда мешавад. Лек баръакси он бошад, кулли башарият аски он мешавад. Хушбахтона, мардуми мо 1400 сол инҷониб пайрави дини мубини ислом мебошанд. Ин дини илоҳӣ саршор аз меҳру муҳаббат аст. Инсонро ба роҳи рост ҳидоят намуда, аз амалҳои зишту бад нигоҳ медорад.

Аммо дар шароити имрӯзаи ҷаҳошавӣ як гуруҳ ба ном диндороне ба миён омадаанд, ки аз номи дин сухан карда, бо арзишҳои динии ҷомеа бозӣ мекунанд. Мардуми мо ҳамин гуна равандро дар таърихи худ як бор аз сар гузаронд. Маҳз ба озодии диниву виҷдонӣ расидани мардуми диндор боис гардид, ки як гурӯҳи ҷиноятпеша худро “муллову” “руҳонӣ” вонамуд карда, дар ҷомеа соҳиби обруву эътибор гаштанд. Дар сари он роҳбарону фаъолони ТЭТ ҲНИТ меистод. Бо амали “неки” онҳо буд, ки мамлакати  мо ба ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуд. Дар натиҷа ба иқтисодиёти давлату ҳукумат зарари калони моддиву молиявӣ расонида шуд. Ҳамин наҳзатиҳои “худотарс” буданд, ки мардумро ба ҷанг андохта, худ дар паноҳ камин нишаста барҳаво тамошо мекарданд. Бо ин ҳам онҳо қонеъ накарда аз хориҷи мамлакат истода, мисли ба оташ равған рехтанбарин амалҳои дасисабозии худро идома медоданд.

Хушбахтона,  давлату ҳукумат ва ҳокимияти конститутсионӣ ақли солимро пеша кард ва ҷонибҳои даргирро ба сулҳу ваҳдат даъват намуд. Он нафароне, ки бар муқобили давлат яроқ мебардоштанд, гуноҳҳои онҳоро бахшид ва ба онҳо “шонси” дубора дод. Ҳамаи онҳоро бо ҷойи кор ва шароити зиндагии арзанда фароҳам оварда, дар мақомотҳои баландпояи идоракунӣ ва қудративу низомӣ ба вазифа таъин намуд. Лек бо ин ҳам нафси онҳо қонеъ нагардид. Амалҳои иғвогаронаи худро давом доданд, ки мисли пуфак моҳи сентябри соли 2015 кафид ва ҳамаи сирру асрори наҳзатиёни русиёҳ ифшо шуд. Муайян гардид, ки онҳо иваз нашудаанд ва баъди ба имзорасии созишномаи сулҳ дар дил кинаву адовати шикасти худро дар набардҳои ҷанги шаҳрвандӣ маҳфуз монда будаанд.

Амали онҳо нишон дод, ки наҳзатиён душмани тинҷу оромӣ ва инкишофу рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол будаанд. Барои онҳо ин миллат ва ин сарзамин ягон арзише надошта, баҳри пулу моли “хоҷагони худ” на танҳо ҳамватану ҳаммиллати худ, балки зану фарзанд ва падару модари худро  ба ғуломӣ мефурӯхтаанд. Баҳри пул дар охир имону виҷдони худро ду даста пешкаши хоҷагони “меҳрубони” худ қарор доданд. Амали онҳоро бо як зарбулмасал метавон иброз намуд: “Нафси бад балои ҷон!”

Қурбонов Ҳ.Ш.

Add comment


Security code
Refresh