ПРИНСИПИ ҲАМСОЛ БА ҲАМСОЛ РОҲИ БЕҲТАРИНИ МУҚОВИМАТ БО ИФРОТГАРОӢ!

Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва ҷавон буда, теъдоди бештари сокинонашро насли наврас ва ҷавонон ташкил медиҳанд. Дар ин замина бояд гуфт, ки барои тарбияи солими насли наврас ҳамаи афроди ҷомеаи муосир масъулият доранд,  аз ҷумла мо – омӯзгорону устодон вазифаи аввалиндараҷаи худ меҳисобем.

Дар замони мо падидаҳои номатлуби ифротгароӣ, экстремизм ва терроризм паҳн гаштаанд, ки ба амнияту осоиштагии ҷомеа хатарафзо мебошанд.

Ифротгароӣ ва тундравӣ падидае аст, ки шахси ба он гирифторгардида танҳо ақидаи худашро дуруст ва гуфтаҳои дигаронро инкор мекунад. Махсусан, ба ифротгароӣ бештар ҷавононе майл мекунанд, ки таҷрибаи зиндагӣ надоранд ва мехоҳанд, ки “дониши бадастовардаашон”-ро дар амал татбиқ намоянд. Дар ин замина донишҳои динӣ барои майл кардани онҳо ба ифротгароӣ мусоидат мекунад. Аслан, дониши динӣ новобаста аз он, ки пайрави кадом дину оин аст, ҳаргиз ба терроризму экстремизм тарғиб намекунад. Аммо гурўҳи ҷавонони ба тарғибу ташвиқи мубаллиғони равияҳои динӣ, “муллоҳои чаласаводи гирифторгардида” ба ифротгароӣ рўй меоваранд. Мутаассифона, мушкилии дигар дар он аст, ки ифротгароиро як ҷузъи “фарҳанги миллӣ” намоиш медиҳанд.

Мисоли оддие, ки дар аксари ҷомеаҳои Шарқи Наздик ба чашм мерасад, ба мактаб ва донишгоҳ ҷалб нагардидани занону духтарон мебошад. Ҷавонони ифротӣ ҳамсарашон як тараф истад, нисбати таҳсилу илмомўзӣ ба хоҳаронашон монеа эҷод мекунанд. Онҳо ин корашонро чунин шарҳ медиҳанд, ки пештар чунин набуд, бибию бибикалонҳояшон таҳсил накарда буданд.  Аммо онҳо бо ин ақидаи хурофотии худ бар зидии аҳкоми шариат зид мебароянд. Хушбахтона, дар мазҳаби мо - ҳанафия қадру қимати илмомӯзӣ то ба ибодат бардошта шудааст.

Исломи воқеӣ онро талаб мекунад, ки ҳар мусалмонмарду мусалмонзан илм омўзанд ва он аз зумраи фарзи шаръӣ ҳисобида мешавад. Мутаассифона, имрӯзҳо дар байни сокинони ҷомеа чунин пиндорҳо гоҳ-гоҳ ба назар мерасад. Аз ин хотир, барои аз байн бурдани фаҳмишҳои барғалат ва ифротӣ беҳтарин роҳе, ки метавонад ҷавононро ҳидоят намояд, усули тарбияи ҳамсол ба ҳамсол аст.

Дар ин намуди тарбия нақши муҳимро ҳамсолони ҷавонон ба ҷо меоранд. Як гурӯҳи солимфикри ҷавонон ба гурӯҳи дигар роҳи дурусти зиндагӣ ва баромадан аз ифротгароиро мефаҳмонад. Агар ҷавони ифротгаро майл ба дин дошта бошад, ҳамсолаш,  бояд ба ў роҳи дурустро фаҳмонад.

Аз ин рў, дар донишгоҳҳою донишкадаҳо ва муассисаҳои таълимӣ гурӯҳи фаъоли донишҷўёни пешқадамро ташкил намудан лозим аст. Онҳоро барои бурдани корҳои тарғиботӣ – ташвиқотӣ бо ҷавонони андешаҳояшон майл ба ифротгароӣ дошта, ҷалб намудан лозим аст. Дар ин маврид худ аз худ ҳамсол бо ҳамсол муносибат карда, барои ба роҳи рост раҳнамоӣ кардан мусоидат менамояд.

Гузашта аз ин, роҳи пешрафтаи паст кардани ҳолатҳои ифротгароӣ ва тундравӣ боло бардоштани савияи дониш, маҳорату малакаи ҷавонон аст. Дар ин самт низ ҷавонон метавонанд, ҳамчун дастёрони тарғиботчиёни сиёсӣ дар донишгоҳу муассисаҳои таълимӣ баромад намоянд.

Ҷавонони ҳамаҷониба рушдёфта, пешсаф ва зирак метавонанд ҳамсолони худро тарбия намоянд. Онҳоро ба роҳи рости ҳам қонунӣ ва ҳам шаръӣ ҳидоят намоянд.

Дигар омили муҳимтарини паст рафтани руҳияи иртиҷоиву ифротии ҷавонон ба онҳо фаҳмонида дода тавонистани нодурустии фикру рафторашон аст. Дар ин маврид бояд роҳбарони синф, гурӯҳҳои академӣ, масъулони тарбия бо онҳо суҳбату мулоқотҳо гузаронанд. Руҳияи ифротгароён ва тундгароён чунон аст, ки бо дидгоҳи яктарафа маҳдуд гаштааст. Агар онҳоро ба фикр кардан кас водор кунад, оҳиста-оҳиста аз роҳи бад бармегарданд. Аммо барои ўро қоил гардонидан ба омўзгор ва мураббӣ сабру дониши бениҳоят зиёд даркор аст. Дар ин ҷода принсипи ҳамсол ба ҳамсол  метавонад, ки ҷавононро беҳтар ва хубтар аз роҳи бад боздорад.

Инчунин ҷавонон дар деҳаҳо, дар маҳаллаҳо метавонанд, ки сабабгори кам кардани руҳияи ифротӣ гарданд. Аз ҳама муҳим дар ин самт ибрати шахсии ҷавонони пешқадам шуда метавонад.

Асри кунуниро асри иттилоот меноманд ва фаровонии маълумот метавонад, ки ҷавононро раҳгум занонад ва аз анбуҳи иттилоот чизи даркориро ёфта натавонад.  Аммо мутолиаи китобҳои даркорӣ, раҳнамоҳои дурусти ахлоқӣ, асарҳои бадеӣ ва илмӣ метавонад, ки асоситарин монеа ба паҳншавии хурофоту ифротгароӣ бошад.

Марофиева С.Х.
устоди ДДҲБСТ

Add comment


Security code
Refresh