ТАЪРИХИ БАВУҶУДОӢ ВА ОМИЛҲОИ ТАЪСИРРАСОНИИ ПАЙДОИШИ ТЕРРОРИЗМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Дар ибтидои асри XXI инсоният бо хатари ҷиддие, ки ба бақои одаму олам таҳдид менамояд рў ба рў гаштааст, ки номи он терроризми байналмилалӣ мебошад. Албатта, онҳое ки мегўянд, терроризм падидае аст, ки инсониятро дар тамоми тўли таърихи мавҷудияташ ҳамроҳӣ намуда омадааст, беасос нест. Решаҳои терроризм хеле амиқ буда, ба базаи иҷтимоии он, ба асосҳо ва ё пояҳои идеологӣ, таърихӣ - фарҳангӣ ва ҷаҳонбинии он иртибот доранд.

Терроризм ҳамчун падидаи таърихӣ бо решаҳои худ аз давраҳои қадим ибтидо мегирад. Аз рўи бавуҷудоии худ истилоҳи лотинии «терроро» маънои «тарс, ҳарос»-ро дорад. Лекин ҳамчун падидаи иҷтимоӣ он то пайдо кардани номи худ низ вуҷуд дошт. Дар таърихи инсоният аз ҳама гурўҳи машҳури террористӣ – гурўҳи сиккориҳо дониста мешавад.

Дар асри XI дар кишварҳои китъаи шарқ гурўҳи ассосинҳо амал менамуд. Гурўҳи пинҳониро Ҳасан ал- Саббоҳ ташкил намуда буд, ки вайро таърихшиносон асосгузори ғоявии терроризм эътироф менамоянд. Гурўҳҳои пинҳонии террористӣ давраи қадим дар Шарқи дур, Ҳиндустон ва Хитой маълум буданд. Аъзоёни ин гурўҳҳо бо кирдорҳои номатлуб, одамкушии касбӣ ва умуман бо ном «хизматрасонии пулакии» фармоишгарон машғул буданд.

Таккони ҷиддиро ба ташаккули терроризм инқилоби бузурги Франсия расонидааст. Маҳз дар натиҷаи рух додани инқилоби номбурда падидаи нави терроризми сиёсӣ ба вуҷуд омад. Ибтидо аз асри XIX амалҳои террористӣ дар қитъаи Аврупо хусусиятӣ мунтазамро пайдо намуд.

Масъалаи ташаккули зуҳуроти терроризм аҳамияти хосаро дар кишвари  Русия дошт. Байни ташкилотҳои сершумори террористӣ дар давраҳои гуногуни Русия амал менамуда, ба таври махсус бояд гурўҳи «Народная воля (иродаи халқӣ)»-ро ишора намуд. Дар тўли се соли вуҷуддоштани худ аъзоёни гурўҳи мазкур кирдорҳои террористӣ, аз қабили ба қатл расонидани Генерал-губернатори Петербург, роҳбари шўъбаи сеюм генерал Мезентсев, шоҳаншоҳ Александри II  ва ғайра ба ҳисоб меравад.

Ғояҳои  «иродаи халқчиён» террористони чӣ дохилӣ ва чй хориҷиро илҳом мебахшид. Ворисони ақидаҳои террористии «иродаи халқчиён» гурўҳи Эсерҳо баромад менамуданд. Қариб ҳамаи кушторҳои қисми аввали асри XX, аз соли 1901 то соли 1911 дар Русия аз тарафи террористон – эсерҳо ба вуқўъ пайвастааст. Ба сифати объекти зарбаи террористӣ ду вазир, шонздаҳ ҳокимони шаҳрҳо, сиву се генерал губернатор ва муовинони онҳо, ҳафт генерал ва адмиралҳо, понздаҳ полковникҳо, ҳашт машваратчиёни судӣ баромад намудааст.

Соли 1918 аз ҷониби эсер Сергеев Комисар оид ба корҳои нашр, ташвиқот ва тарғибот Володарский, аз ҷониби эсер Блюмкин бошад  сафири Германия дар Россия граф Велгелм Мирбах кушта шуда буданд. Аз ин бармеояд, ки дар қаламрави давлатҳои алоҳида гурўҳҳои террористӣ вуҷуд дошта, барои расидан ба мақсадҳои худ онҳо роҳи муборизаи пинҳонӣ ва террористиро пеша менамуданд.

Тамаддуни ғарб ва шарқ низ аз падидаҳои террористӣ холӣ набуданд. Дар Амрико аз тарафи террористон Президентони США Мак-Кинли ва Гарфилд ба қатл расонида шуда буданд. Дар Германия бошад ба ҷони кайзери олмон Бисмарк сўиқасд шуда буд. Соли 1894 Президенти Франсия Карно, соли 1897 сарвазири Испания Кановас, соли 1898 шаҳзодаи австрия венгрия Елизаветта, соли 1900 бошад шоҳи Италия Умберто аз дасти террористон ба қатл расонида шуда буданд.  

Дар асри XX то оғози ҷанги якуми ҷаҳонӣ терроризм ҳамчун нишонаи ҳаракати чап, ҳизбу ҳаракатҳои сотсиалистӣ дониста мешуд. Аммо муборизон барои озодӣ ва соҳибистиқлолии кишвари македония, ирландия ягон иртибот бо ҳаракати чапи таъиноти сотсиалистӣ дошта надоштанд. Баъди ҷанги якуми ҷаҳонӣ ташкилотҳои террористӣ дастгирии худро дар симои гурўҳҳои ҷудоихоҳ, масалан,  ҳаракати озодихоҳи хорватӣ дастгирии худро аз тарафи Италия ва Венгрия меёфтанд.

Терроризм инчунин дар доираи ҳаракатҳои фашистӣ рушд карда буд. Мисоли он ҳаракати руминии «гвардияи пулодин» ба ҳисоб меравад. 

Солҳои 30-40-уми асри XX терроризмро ҳамчун олоти барои истифода гурўҳҳои эстремистии хусусияти тарафи роста дошта, ба монанди «Бародарони мусулмон» ва ё «Мисри ҷавон» мегиранд.

Баъди ҷанги дуюми ҷаҳон кирдори террористон ба дараҷаи дуюм паст фаромад. Мақоми онро ҷангҳои хусусияти локалӣ ва ё шиддатнокиаш паст, масалан, ҷанг дар Корея ва ё Ветнам ишғол менамояд. Ҳаракатҳои террористӣ акнун ҳамчун ҳаракатҳои ихтиёрию партизанӣ ё худ ҳамчун қисми қувваҳои мусаллаҳ баромад менамуд. Ин ҳодиса бо гурўҳҳои террористии аврупоӣ рух дод, ки бо оғози моҷарои гражданӣ дар Фаластин ва таҷовузу истилои қувваҳои мусаллаҳи араб, ҳамчун қисми таркибии қувваҳои мусаллаҳи Исроил баромад намуданд. Лекин баъди солҳои 60 –ум ва оғози солҳои 70 –ум асри XX фаъолгардии босуръати ҳаракати террористӣ мушоҳида гардид. Мисоли гуфтаҳои боло воқеаҳои соли 1972 дар Мюнхен, дар вақти баргузории бозиҳои олимпӣ шуда метавонад. 5 октябри соли 1972 аъзоёни гурўҳи террористии «сентябри сиёҳ» варзишгарони давлати Исроилро ба гаравгонӣ мегиранд. Ҳангоми ҳуҷум дар ҷои воқеа ҳам варзишгарон ва ҳам террористон нобуд мегарданд. Махсусан, солҳои охири асри XX терроризм васеъ ва беамон гардид. Он ба ҳамагуна амалҳои қотилонаи бераҳм даст мезад. Таркишҳо дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, дар қатораҳо, вокзалҳо, ресторанҳо, ҳангоми баргузории ҷорабиниҳои тантанавию ҷашнӣ ба миён меомад. Махсусан баргузор намудани таркиш бо истифода аз автомашинаи бо маводи тарканда муҷаҳҳаз гардида, хеле бисёр истифода мегардид.

Ҳолати дуздидани хизматчиёни давлатӣ, дипломатҳо, пешвоёни ҳизбҳои сиёсӣ, куштор ва ғасби биноҳои мақомоти ҳокимияти давлатӣ хеле зиёд гардид. Самтҳои нави то ҳол номаълуми амалҳои террористӣ ба вуҷуд омаданд: терроризми ҳавоӣ, ядроӣ, биологӣ, экологӣ, ахборотӣ ва ғайра. Ҳамаи онҳо баръало хусусияти терроризми сиёсиро дар худ дорад.  

Мақсади асосии он гирифтани товони пасхарид (выкуп)  ва ё аз маҳбасҳо озод намудани ҳамяроқони дастгиршуда набуда, балки  мақсади олии онҳо ба ҳолати ногувори вобастагӣ ва сархам қарор додани кулли ҳалқҳо, миллатҳо ва давлатҳои ҷаҳон мебошад.

Аз ҳама амалҳои террористии овозадор маҳз дар даҳсолаи охирони асри  XX рух додааст. Дар ҳамин давра стратегияи терроризми муосир коркард шуда, усули баргузории он сайқал дода мешавад. Террористон ба иттиҳодияҳои байналмилалӣ «гурўҳои муттаҳида» сарҷамъ гардида, ба хизмати худ дастовардҳои беҳтарини илм ва техникаро  омода менамоянд.

Дар сад соли охир падидаи терроризм ба тарафи манфӣ тағйир ёфт. Терроризм як омиле маҳсуб меёбад, ки бо он ҳамаи ҳукуматҳо чӣ дар сиёсати дохилии худ ва чӣ дар сиёсати берунаи худ бархурдор шуда, онро ба инобат мегиранд.

Қудратнокии терроризм алалхусус солҳои 60 –уми асри XX баланд гардид ва дар натиҷа минтақаҳои калони олам бо фаъолнокии гурўҳҳои террористӣ фаро гирифта шуда буд. Дар давраи муосир дар арсаи байналмилалӣ тақрибан 500 ташкилотҳои ғайриқонунии террористӣ вуҷуд дорад.

Аз соли 1968 то 1980 аз тарафи ин ташкилотҳои террористӣ тақрибан 6700 амалҳои террористӣ содир шуда, дар натиҷа 3668 нафар кушта шуда, 7474 нафар ярадор гардидааст.  Дар давраи муосир хуруҷ гирифтани фаъолияти террористии шахсони экстремист, гурўҳҳо ва ташкилтҳо ба чашм расида мураккабию зиддиинсонӣ будани ин амалҳо мушоҳида карда мешавад. Фаъолияти террористӣ бо паҳногии амалишавӣ, алоқамандии ташкилотҳо ва гурўҳҳои террористии байналмилалӣ фарқ карда мешавад. Ин сохторҳои пуриқтидор дорои таъминоти мувофиқ низ мебошад. Дастгирии асосии молиявии ташкилотҳои террористӣ аз ҷониби кишварҳои нафт истиҳроҷкунандаи араб ва кишварҳои бойи ғарб ба амал бароварда мешавад.

Мувофиқи тадқиқоти як қатор олимони рус ва таҳлилҳои хориҷии дур буҷаи умуми терроризм дар давраи ҳозира тақрибаи аз 5 то 20 миллиард доллари амрикоро ташкил медиҳад. Терроризм оҳиста-оҳиста ба тиҷорати фоидаовари глобалӣ, бозори васеи шуғли меҳнат (ҷалби зархаридон барои амалҳои террористӣ) ва бозори «сармоягузорӣ» (харидории яроқ, нашъаҷалобӣ ва ғайра) мубаддал гардида истодааст.

Қобили зикр аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати зидди террористиро пеша кардааст, зеро дар рафти ҷанги шаҳрвандии солҳои 90 – ум фоҷиаи террористиро аз сар гузаронида, аз даҳшати он хуб хабардор мебошад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 3 апрели соли 2008 дар сессияи Ассамблеяи Генералии Созмони Миллали Муттаҳид, ки дар шаҳри Ню-Йорки ИМА баргузор гардид, дар баромади худ қайд карда буданд: «Имрўз халқ шоҳиди он гардидааст, ки чӣ гуна терроризми байналмиллалӣ амалиёти таҷовузкоронаи худро таҳти ливои сиёсии моҷароҷўӣ ва таассуби динӣ амалӣ  мегардонад. Тоҷикистон нуқтаи назари онро, ки  мубориза бар  зидди терроризм, яке аз проблемаҳои  муҳимтарин, ки  имрўз инсоният дучори он гардидааст, дастгирӣ  менамояд. Мо терроризмро дар тамоми  шаклҳо ва зоҳироташ маҳкум карда, зарурати мутобиқати амали ҳамаи ҷамъияти ҷаҳониро оид ба решакан кардани ин золимӣ дар сатҳи глобалӣ ва минтақавӣ меҳисобем».

Солиев И.М.
устоди ДДҲБСТ

Add comment


Security code
Refresh