БИҲИШТ ЗЕРИ ҚУДУМИ МОДАРОН АСТ, НА ЗЕРИ ҚУДУМИ ХОҶАГОН

 

 

 

Ҷаннат, ки ризои мо дар он аст,

Дар зери қудуми модарон аст.

Кошифӣ

Эҳтироми падару модар ва иҷро намудани супоришу хоҳиши онҳо аз беҳтарин сифати инсонӣ буда, некиву накукорӣ ба онҳо, бароварда намудани ниёзҳояшон хусусан дар дами пирӣ касро ба ояндаи дурахшон ва босаодат хоҳад расонид, ки ҳам аз ҷиҳати динӣ ва ҳам аз ҷиҳати одаму одамгарӣ қобили қабул аст.

Гуфторе байни мардум маъмул аст, ки “агар дарахт бо об сабзад, инсон бо дуо хоҳад сабзид”. Чун аъзо ва пайравони ТЭТ ҲНИТ бадандеш ва гумроҳ ҳастанд, шояд ин гуфторро ба фаҳмиши танги худ дарк ва қабул кунанд. Шояд онҳо ду ҷониб будан ва ё ду сар доштани дуоро надонанд. Чунки то ин дам дар ёд надорам, ки ягон модаре ва ё ҳаммиллате нисбати онҳо дуои нек карда бошад. Ҳамагон аз тавлиди чунин фарзандони нохалаф безоранд. Аз рӯ, бори дигар ҳушдор медиҳем, ки дуои нек инсонро месабзонад, на дуои бад.

Чун Шумо наҳзатиҳо худро дар минбарҳо ҳомии дини мубини ислом ва “озодандешон” вонамуд мекунед, гумон мекардам шояд дар мавриди эҳтироми падару модар аз китоби муқаддаси Қуръони карим хондаед. Аммо кирдору рафтори шуморо дар ин маврид мебинам боз ба ҳайрат меафтам, андешае ба сарам меояд, ки заррае дар ин бора хабар надоред. Зеро барои Шумо ва шумобаринҳо хоҷа аз волидайн ҳам боло меистад.

Барои исботи гуфтаҳо мисоле меорам, ки воқеист ва он ҳатто аз ҷониби роҳбари ҳизби ифротӣ Муҳиддин Кабирӣ содир шудааст. 3-юми майи соли 2012, баъди адои намози зуҳр дар масҷиди деҳаи Қасамдараи ноҳияи Файзобод маросими ҷанозаи модари Кабирӣ бе иштироки ӯ баргузор гардид. Ба шарҳи наҳзатиҳо, ки гӯиё Муҳиддин Кабирӣ барои иштирок дар як конфронси байналмилалӣ ва мулоқот бо муҳоҷирини меҳнатӣ ба Маскав рафта буд, имкони ширкат дар ҷанозаи модарашро пайдо накард. Аммо паҳлӯи равшани масъала ин аст, ки аз он замон ошкоргардии камбудиву норасоии наҳзат ва сӯйистифодаи дини мубини ислом, ки дар ҳизб мушоҳида мегардид. Кабирӣ аллакай бо супориши хоҷагонаш барои дар хориҷ аз кишвар барои афзун намудани сафи наҳзат аз ҳисоби муҳоҷирони меҳнатии азияткашида ва мушкилидошта камар баста буд. Муҳиддин Кабирӣ медонист, ки агар ин супоришро иҷро накунад, хоҷагонаш аз ӯ рӯй мегардонанд. Онҳо дигарбора ба ӯ кӯмак намекунанд. Ҳамзамон дарк мекард, ки дигар барояш аз модари даргузашта манфиате нест. Аз ин рӯ баргузории мулоқот ва суҳбатро дар мавриди гумроҳкунии ҷавонони муҳоҷир авло донист. Бо ин роҳ Кабирӣ гӯё содиқ будани худро ба хоҷагонаш нишон дод. Ӯ дар як сӯҳбати телефонии худ, ки ба мардуми дар маросими ҷаноза ҷамъомада тавассути баландгӯяк расонда мешуд, аз ҷумла чунин иброз дошт: “Миннатдорам, ки дар ин рӯзи душвор ҷойи моро пур кардед. Мо ки натавонистем дар ин лаҳзаҳо дар паҳлӯи модар бошем, яко яки Шумо ҳамчун фарзанди модарам ба ҷои мо ҳастед.”

Саволе пайдо мешавад, ки кадом инсон метавонад дар қалби модар ҷои ҷигарбандашро пур кунад? Агар чунин мешуд... Аз ин бармеояд, ки ба гӯши Кабирӣ фармудаи “биҳишт зери қудуми модарон” - “биҳишт зери қудуми хоҷагон” расидааст.

Мавриди дигар, ки шаҳодат аз канор гузоштани модар ва авло донистани хизмат ба хоҷагон ошкор гардида истодааст, ин рафтори хоини миллати тоҷик Сайидюнуси Истаравшанист. Ин нокас дар забонаш дигар гап асту амалаш дигар. Ин мисли ҳамон воизест, ки Хоҷа Ҳофиз васфаш карда:

Воизон к-ин ҷилва бар меҳробу минбар мекунанд,

Чун ба хилват меравад в-он кори дигар мекунанд.

Мушкиле дорам, зи донишманди маҷлис боз пурс,

Тавбафармоён чаро худ тавба камтар мекунанд.

Масалан дар торнамое, ки ба Сайидюнус ва хоҷагонаш марбут мебошад, оид ба эҳтироми волидайн оварда шудааст, ки:

Некӣ бо модар намову бо падар,

Дарди онҳоро ба ҷони худ бихар!

Пир гардад гар яке ё ҳардувон,

Пеши ту эй огаҳ аз асрори ҷон!

Рӯ туруш манмову ҳаргиз уф магӯ,

Бо хушӣ бинмо ба онон гуфтугӯ.

Аммо дар амал бинем агар имрӯз дур аз модар Сайидюнус ба хизмати хоҷагонаш машғул буда, тарки модар кардааст. Ҳатто бо супориши хоҷагонаш дар кишваре, ки модараш дар он зиндагӣ мекунад барои нооромиву бесуботии он мекӯшад. Яъне ин нохалаф  бо волидони худ ҷанг эълон кардааст.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди эҳтироми модар зикр доштанд, ки: “Модар арзандаи ҳама гуна эҳтиром, қадршиносӣ ва дӯстдорӣ мебошад, зеро ӯ меҳрубонтарин инсон барои ҳар як шахс буда, фарзанди худро бузургворона ва бо дилсӯзиву бахшоиш ҳамеша дастгиру пуштибон аст, ба хотири роҳату осоиши фарзандаш шабу рӯз заҳмат мекашад ва намегузорад, ки нури чашмони ӯ ба ранҷу озоре гирифтор гардад, бардаму солим ба камол расад, соҳиби одобу маърифат шавад, илму дониш ва касбу ҳунар омӯзад ва дар оянда барои ҷомеа хизмати сазовору шоиста анҷом диҳад”.

Агар аз нигоҳи дини мубини ислом ба масъалаи эҳтироми падару модар назар афканем, маълум мегардад, ки барои ҳар як фарди мусулмон баъд аз Холиқу Паёмбари акрам (с.а.в.) падару модар маҳбубтарин шахс мебошанд. Парвардигор ба падару модари худ меҳрубон будан ва ҳамеша нисбати онҳо сухану амалҳои боиси хушҳолкунандаро фармудааст. Барои волидон фарзандони солеҳ ҳадяи беҳтарини Яздони пок нури чашмон ва фараҳу сурури қалбҳоянд.

Аз Расули акрам (с) дар гиромӣ доштани волидон чунин фармудааст:  «Ал-ҷаннату таҳта-л-қудуми уммаҳот» (Биҳишт зери пои модарон аст).  Накўӣ ба падару модар беҳтарин ибодат ва асли тоатҳо буда, роҳест ба сӯи ҷаннат. Подоши накўӣ ба падару модар аз он иборат аст, ки соҳибашро ба ҷаннат мебарад. Дар Қуръони карим ба фарзандон, ҳатто иҷозати «уф» гуфтанро ба волидайнашонро надодааст.

Дар «Ҷомеъ-ус-сағир» омада: Аллоҳ таоло итоат ва фармонбардории падару модарро амр кардааст. Ҳар ки падару модарро фармонбардор бошад, эшонро итоат карда бошад, аз аҳли ҷаннат аст. Ҳар касе, ки волидайнро озор дода бошад, Аллоҳ таолоро дар ғазаб оварда бошад».

Хулоса, ба роҳбарият, аъзову ҷонибдорони ТЭТ ҲНИТ ва дигар хоинони миллати тоҷик муроҷиат намуда, баён медорам, ки ба хотири эҳтироми Ватан, ки дар он модаратон зиндагӣ мекунад ва ё дар он оромгоҳи модаратон вуҷуд дорад ба Ватан – Модар хиёнат накунед. Бовар дорам, ки модаронатон низ аз кирдори Шумо ризо нестанд. Зеро ягон модар бадбахтии фарзандро намехоҳад. Аз ин рӯ, хиёнат ба Ватан – хиёнат ба Модар аст. Муборизаи шумо бо Ватан – мубориза бо модаронатон аст. Эълони ҷанги шумо бо Ватан эълони ҷанг бо модаронатон аст, зеро дар ин Ватан дар канори ҳамватанон модарони Шумо низ зиндагӣ мекунанд.

Аз ин рӯ, бори дигар даъват ба амал меорем, ки агар дар қалбатон заррае раҳму шафқат ва эҳсоси муҳаббат нисбат ба модар доред аз хиёнат ба Ватан – модар даст кашед.

Ф. Воҳидов

 

 

 

Add comment


Security code
Refresh