Ваҳдат пояи давлат аст!

Таърихи навини давлатдории миллии тоҷикон бар он башорат дорад, ки ин халқи тамаддунсоз ва бомаърифат баробари таъсис додану устуворбахшии давлати соҳибихтиёри худ тавонист дар рафъи мушкилоти аҳли башар ва умдатарин масоили давр нақшгузор бошад. Мардум хуб дарк кардаанд, ки озодии комили миллат дар замоне насиби мо гаштааст, ки ҷаҳонро рақобати сиёсиву худхоҳӣ фаро гирифтааст. Онҳо рисолати аҷдодии худ - некхоҳу футуватмандӣ, инсондӯстиву хештаншиносиро ҳифз намуда, бо роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пойдорию такомули пояҳои давлатдорӣ қадамҳои устувор гузоштаанд.

Иҷлосияи таърихии шонздаҳуми наҷотбахш ва тақдирсози миллат тавонист тоҷи давлатдориро дар сари тоҷик назаррабову поянда гардонад, осоиштагии миллии онро таъмин намояд ва омили муҳими такмилбахши сулҳу субот, ваҳдату ягонагӣ, дӯстию бародарӣ ва пойдории якпорчагии Тоҷикистони соҳибистиқлол гардад. Ба ҷаҳониён хиради азалии миллати тоҷик, таҳаммулпазирию башардӯстӣ ва соҳиби қобилияти сулҳофарӣ ва давлатсозӣ будани онро собит созад.

«Ман, агар зарур шавад, ҷонамро барои осоиши Тоҷикистон фидо мекунам. То охирин гурезаро ба Ватан барнагардонам, ором намегирам. Мо Тоҷикистони демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ барпо мекунем. Ман кори худро аз сулҳ оғоз хоҳам кард», - дар якчанд изҳороту Паёмҳои Пешвои миллат ин суханон ифода ёфтаанд, ки ба гуфти таърихнигорон барномаи амали Президент ва моҳияти дарси расидан ба ягонагии миллиро ифода мекунанд. Маҳз амалӣ шудани ҳамин барнома ба Тоҷикистон оромӣ ва сулҳу салоҳ овард, адлу некӣ дар кишвар ғалаба карда, ба якпорчагии Ватани тоҷикон ва ҳифзи ягонагии миллати тоҷик, ба ҳалли масъалаҳои умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ заминаи устувор гузошта шуд.

Ваҳдати миллӣ ҳамчун омили муттаҳидсозандаи тамоми мардуми Тоҷикистон шароит фароҳам овард, ки бо истифодаи арзишҳои аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътирофшуда дар ҷумҳуриамон таҳкурсии ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ гузошта шавад ва барои беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум, ободӣ ва ояндаи давлати соҳибистиқлоламон заминаи мусоид муҳайё гардад.

Дар яке аз суханрониҳои худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъкид карда буданд: «Даҳсолаҳо лозим мешавад, то захму ҷароҳатҳои ин фалокат муолиҷа шавад ва мо ба он мекӯшем, ки дар ҳар хонавода сулҳ ва оромӣ ҳукмфармо бошад».

Ин сулҳ боварии даҳҳо ҳазор ҳамватанони бегуноҳ, занону кӯдакон, пиронсолону ҷавононро, ки маҷбуран тарки Ватан карда буданд, ба зиндагӣ эҳё намуд. Сулҳи бадастомада, натиҷаи заҳматҳои зиёди сулҳофарини миллати тоҷик ва иродаи неки ҳарду ҷониб буд.

ҳаёт нишон дод, ки истиқрори сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дастоварди бузург ва таърихии мардуми Тоҷикистон мебошад.

Обидиён Шавкат Анвар,
судяи Суди вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh