Пушаймонӣ надорад оқибат суд...

Тоҷикистон чун ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, баробари дигар давлатҳо дар масъалаҳои ҷаҳонӣ саҳмгузор мебошад. Вазъи ҷаҳони имрӯза хеле ҳассос буда, дар баробари дигар масъалаҳо муаммоҳое мавҷуданд, ки ягон инсонро бетараф гузошта наметавонад.

Аз ҷумла, имрӯзҳо дар қатори ҷомеаи ҷаҳонӣ, инчунин шаҳрвандони кишвари моро масъалаи терроризм, экстремизм, ифротгароӣ ва амалҳои номатлуби шомилшавии шаҳрвандон, алалхусус ҷавонон ба ҳар гуна ҳаракату ташкилотҳои ғайриқонунӣ ба ташвиш овардааст.

Зеро бархе аз ҷавонон ба ҳаёти осоишта, неъмати бебаҳои давлати соҳибистиқлол ва хоку оби кишвари биҳиштосо ношукрӣ намуда, ба амалҳои номатлуб даст мезананд. Имрӯз дар зери ҳавою ҳавас, сарват ё мумкин гумроҳӣ, ашхосе, ки ба гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ шомил гардида, амалҳое содир мекунанд, ки он ба пушаймонӣ оварда мерасонад. Дар байни онҳо ашхосе низ ёфт мешаванд, ки аз кардаи худ пушаймон шуда ва ё дар ин роҳ ҳалок гардидаанд.

Онҳо на танҳо ҷони худ, балки ҷони фарзандони худ, хешу табор, падару модари хешро ба хатар гузоштаанд. Ин гуна ашхос дер дарк намудаанд, ки оқибати кори онҳо ба беномунишонӣ, ноумедӣ ва пушаймонӣ оварда мерасонад.

Хуб мешуд, ҳар яки мо новобаста ба синну сол ба хоки Ватани худ, авлоди худ, падару модари худ содиқ монда, аз ҳаёти барҳақ, биҳиштосо шукргузорӣ намуда, барои халқу Ватани худ содиқона хизмат намуда, кору зиндагӣ намоем. Ватани азизи худро дӯст дорем ва обод созем.

Мунира АЪЗАМОВА,
омӯзгори муассисаи таҳсилоти
миёнаи умумии №21, шаҳри Хуҷанд

Add comment


Security code
Refresh