ТАФАККУРИ ИФРОТИИ ИФРОТГАРОЁН!

Дар замони имрӯзаи мо, ки пур аз тазод, мушкилот, ихтилофу зиддиятҳост, доир ба афзудан ва густариши экстремизм, фундаментализм, терроризм ва дигар зуҳуроту падидаҳои номатлубу хатарафзо зиёд ҳарф мезананд ва менависанд.

Пўшида нест, ки тафаккури ифротӣ, гурӯҳҳои ифротгароии динӣ ва созмонҳои террористӣ чӣ дар минтақа ва чӣ дар миқёси чаҳонӣ ба мавҷудияти кишварҳои мустақил хатарҳои ҷиддиро эҷод намудаанд.

Аммо барои як инсони одӣ фаҳмиши терроризм, экстремизм ва радикализм душворӣ пеш меоварад. Бояд гуфт, ки мутахассисон дар ин масъала андешаи ягона надоранд. То ҳол таърифи аз тарафи олимон ва таҳлилгарон қабулшудае мавҷуд нест. Ҳар соҳибназар ва таҳлилгари касбӣ нисбат ба ин падидаҳо андешаҳои мухталиф дорад.

Вале дар соҳаи омўзиши табиати терроризм, экстремизм ва ифротгароӣ шинохти он ҳамчун падидаи манфии ҷамъиятӣ тадқиқоти ҷиддие ҳанӯз анҷом наёфтаанд. Олимону таҳлилгароне, ки ба омўзиши ин се падидаи манфӣ даст ба кор зада бошанд, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хушбахтона зиёд ҳастанд.

Шароит имрўз моро водор мекунад, ки мубориза бо ифротгароии диниро чун масъалаи ҳаёту мамот қабул намоем. Шак нест, ки ин масъала ба сарнавишти давлатдории миллии мо гиреҳ хўрдааст. Лозим аст, ки ба шинохти моҳияти ифротгароии динӣ, дарки хатари воқеии он ва ба мубориза бо он таваҷҷуҳи бештаре кунем.

Дар луғат калимаи «ифрот» (арабӣ) аз решаи «фарт», яъне «авҷ» ё «ниҳоят» сохта шудааст. «Ифрот» ба маънои аз ҳаду андоза гузаштан, аз эътидол берун шудан ва зиёдаравӣ кардан мебошад. Ибораи «ифрот кардан ё ифротӣ будан» низ маънои аз ҳад гузаронидан ва аз эътидолу тавозун берун шудан аст.

Шахси ифротӣ касест, ки дар тарзи фаҳмиш ва ё дар тарзи амал дар ягон масъала аз меъёри қабулшуда ва аз ҳадди эътидол мегузарад. Инсоне дар пурхӯрӣ аз ҳад мегузаронад, дигаре дар харҷи беҳудаи пул зиёдаравӣ ва ифрот мекунад. Дар ин маврид амали дуи онҳо ба маънои луғавии «ифрот» мувофиқат мекунад.

«Ифротгароии динӣ» ҳолатест, ки инсон дар фаҳмиши меъёрҳои дин ва дар амал ба таълимоти динӣ сахтгирии беш аз ҳад намуда, дар ин кор аз ҳадду андозаи эътидол мегузарад.

Ифротгар динро ба таври рўякӣ, маҳдуд ва танг фаҳмида, бо ҳамин фаҳмиши худ амал карда, аз дигарон низ чунин тарзи амалро талаб менамояд.

Ифротгароии динӣ тарзи фаҳмиш, навъи тафаккур дар дохили худи инсон аст, аммо агар ин навъи тафаккур ба марҳилаи паҳншавӣ ва амал гузарад, он ба радикализм ё тундравии динӣ табдил меёбад.

Ақидаҳои ифротгароӣ аз сатҳи тафаккур баромада, ба сатҳи таблиғот, ба сатҳи талаботи қатъӣ аз дигарон ва ба сатҳи амалҳои тунд мегузаранд. Дар ин ҳолат шахси ифротгарои динӣ тарзи зиндагонии дигаронро ошкоро танқид карда, нисбат ба онҳо дар амал оштинопазирӣ нишон медиҳад ва ҳамфикрони худро ба муборизаи амалӣ ба муқобили фаҳмиш ва тарзи зиндагии дигарон даъват мекунад. Ин ҳолат аллакай шакли радикалишудаи ифротгароии динӣ мебошад.

Ифротгароёни динӣ барои расидан ба ҳадафҳои худ аз зўроварию хушунат истифода мекунанд. Ифротгароёни динӣ мекўшанд, ки ҷомеа ва давлатро тарсонида, бо роҳи зўрӣ инсонҳоро ба худ тобеъ карда ва бо ин роҳ мақсади худро ба ҷомеа таҳмил намоянд. Ҳамин тавр ифротгароии динӣ аз марҳилаи радикализм ба марҳилаи терроризм мегузарад.

Дар луғат «террор» (terror) ба маънои тарсондан ва даҳшатафканӣ омадааст. Истилоҳи терроризм барои ифодаи анҷоми амалҳои террор ё даҳшатафканӣ дар роҳи ба даст овардани ҳадафҳои сиёсӣ, идеологӣ ва иқтисодӣ истифода мешавад. Баъди ба зўроварӣ ва қатлу куштор рў овардани ифротгароён ин амалашон ба ҳаракати террористӣ табдил меёбад.

Ифротгароӣ, тундравии динӣ ва даҳшатафкании динӣ нишонаҳои асосии гурўҳҳои ифротгарои динӣ мебошанд.

Маъмулан имрўз дар муошират, дар забони илм ва воситаҳои ахбори омма ифротгароиро «экстремизм», тундравиро «радикализм» ва даҳшатафканиро «терроризм» мегўянд. Аз ифротгароии динӣ то терроризм қадаме беш нест.

Мушкил он аст, ки ифротгароии динӣ ба рўҳия ва ахлоқи шахсии инсон, ба муносибати ў ба муҳит ва ба робитаҳои ҷамъиятии шахс таъсири бисёр манфӣ мегузорад.

Агар симои як ифротгароро тасвир карданӣ шавем, пас, надоштани саводи комили динӣ ва таҳсилоти дурусти исломӣ, таҷрибаю маърифати дурусти динӣ, зоҳирӣ ва сахтгирона фаҳмидани меъёрҳо ва мафҳумҳои динӣ, эътирофи танҳо фаҳмиши худ, таваҷҷуҳи хурдагирона ба рангу шакли либос, дарозиву кўтоҳии пойи шалвор, тарзи ҷунбонидани ангушт дар намоз, андозаи риш, ҳукми ин ё он хўрок, маҳдудсозии нақши занон, муҳокимаи рафтори дигарон ҷиҳатҳои хоси шабеҳаи як ифротгар хоҳанд буд.

Ифротгар ба тарзи дигари фаҳмиши меъёрҳои дин, аз ҷумла мазҳабҳо, мактабҳо ва равияҳои дигари исломӣ тамоман эҳтиром намегузорад, нисбат ба пайравони онҳо бадбинӣ ва нафрат зоҳир намуда, дар муқобили онҳо ҳамеша баҳс мекунад, носазо мегўяд ва мубориза мебарад. Ба ҷомеа ва ҷаҳон нигоҳи фирқавӣ дорад. Дар бораи тарзи фаҳмиш ва тарзи амали мусулмонони дигар ба осонӣ ҳукм бароварда, онҳоро зуд ба унвонҳои «фосиқ», «бидъаткор», «ҷоҳил», «тоғут», «муртад» ва «кофир» маҳкум менамояд. Баҳсу мунозираҳои солими илмию ақидатӣ ва далелҳои ақлию мантиқиро қабул надорад ва ҳангоми баҳс фаҳмиши танги худро тӯтивор такрор мекунад. Ба ҷомеа ва инсонҳо аз дидгоҳи фаҳмиши худ муносибат мекунад, бо пайравони фаҳмишҳои дигар ҳамзистӣ карда наметавонад.

Барои аз байн бурдан ва пешгирии ҷомеа аз ақидаҳои ифротии бояд дар зеҳну шуури насли наврас ва ҷавонони мамлакат ҳисси баланди миллӣ, эҳсоси худшиносиву ватандустӣ, ахлоқи ҳамида, эҳтироми падару модар ва калонсолон, омўзиши илму ҳунарҳои муосир, меҳнатдўстӣ ва риояи волоияти қонунро тарғибу таблиғ намудан лозим аст.

Имрўз мо бо боварии комил гуфта метавонем, ки ҷавонони боғайрат, далер ва сулҳхоҳи тоҷик иродаи матин дошта, дар марзу буми Ватани азизи худ бо ҳар роҳу усул, яъне ҳам амалӣ ва ҳам маънавӣ мубориза хоҳанд бурд. Зеро ақидаҳо, андешаҳо, пешниҳодҳое, ки тавассути рўзномаву маҷаллаҳо, барномаҳои телевизиониву радио, конфронсу мизҳои мудаввар, вохўрӣ бо намояндагони мақомотҳо ва дар пайравии онҳо дарсҳои кушоди тарбиявии устодон бахшида ба мубориза алайҳи ақидаҳои ифротиву иртиҷоии терроризм ва ифротгароӣ дар ин самт нақши муҳим мебозад.

Абдураҳмонова М.И.
устоди ДДҲБСТ

Add comment


Security code
Refresh