ҲИФЗИ АРЗИШҲОИ МИЛЛИВУ ДАВЛАТӢ ДАР РАВАНДИ ҶАҲОНИШАВӢ

Ҷаҳонишавӣ ё худ глобализатсия пеш аз ҳама раванди таърихӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангие мебошад, ки кулли соҳаҳои ҳаёти инсонро фаро мегирад. Раванди мазкур маҳсули меҳнати чандин асра буда, баъди асри ХХI домани худро васеътар ва фарохтар намуд. Дар натиҷаи таъсири он ҷомеаи ҷаҳонӣ сифатҳои умумӣ касб намуда, ҳаёт аз рўи усулҳои ягона, яъне майл намудан ба арзишҳои ягона, ба ҳам наздикшавии расму одатҳо ва рафтори одамон  ба назар мерасад. Натиҷаи ҷаҳонишавӣ – баланд рафтани таъсиру нуфузи созмонҳои фаромиллӣ-ҷунбишҳои динӣ ва ширкатҳои ҷаҳонӣ маҳсуб меёбад.

Новобаста дар худ доштани пешравиҳои илму техникӣ ва моддиву маънавӣ, ҷаҳонишавӣ боз дар худ таҳдид ва хатарҳои ҷадидро дорост. Таъсири манфӣ ва таҳдиди раванди мазкур  ба шуур ва маънавиёти ҷомеа тавассути воситаҳои ахбори омма, ки дорои неруи бузурги таъсиррасонанда аст, эҳсос мегардад. Раванди мазкур ба асолати миллии ҳар халқ, пеш аз ҳама ба урфу одат ва фарҳангу забони ӯ таъсир мерасонад. Бинобар ин поку беолоиш нигоҳ доштани забон ва асолату шевоии онро ҳифз кардан вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як шаҳрванди ҷомеа ба ҳисоб меравад.

Зери мафҳуми ҷаҳонишавӣ ё глобализатсия васеъшавии муносибатҳои иҷтимоӣ ва ниҳодҳо дар фазо ва вақт фаҳмида мешавад. Ҷаҳонишавӣ тақозо менамояд, ки аксари муносибатҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ,  маданию сиёсӣ характери умумиҷаҳонӣ касб намуда, ба дигар муҳит таъсири худро мерасонад.

Аммо дар асри XXI ҷаҳонишавӣ мазмун ва моҳияти навро ба худ касб намуд. Акнун ин раванд силоҳи асосии маҳви фарҳангу маданият ва то ҳатто арзишҳои инсонӣ гардид, ки мисоли равшани онро мо дар ҷомеаи имрӯзаи худ мебинем. Ба маънои томаш муносибатҳои байни инсонҳо ва давлатҳоро дар ҷомеа муайян мекардагӣ шуд.

Аксари коршиносону ҷомеашиносон раванди мазкурро тасодуфӣ ва ё дар ҷойи холӣ арзи ҳастӣ намуда, ҳисоб намекунанд. Зуҳури онро таърихи тўлонӣ тахмин намуда, ташаккули онро ба се марҳала ҷудо менамоянд:

Марҳилаи аввал (асри XVI-миёнаи асри XIX), яъне тӯли 400 сол идома ёфта, аз замони кашфиётҳои бузурги ҷуғрофӣ ва ташкили империяҳои мустамликадорӣ оғоз меёбад. Дар натиҷаи инқилоби саноатӣ дар Аврупо оҳиста-оҳиста бозори ҷаҳонӣ ва ҳамкории байналмилалии иқтисодиву тиҷоратӣ ташаккул ёфт;

Дар марҳилаи дуюм (миёнаи асри XIX ва миёнаи асри XX)  аз замони ба вуҷуд омадани давлатҳои дорои капитализми монополистӣ, яъне империализми ҷаҳонӣ сар шуда то ҷанги якуми ҷаҳон идома ёфт. Дар ин давра дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мақоми мустамлика ва мустамликадорӣ ба нуқтаи аълои худ расида буд. Баъди итмоми Ҷанги якуми ҷаҳонӣ, аниқтараш баъди солҳои 20-уми асри ХХ раванди глобализатсия куллан дигар шуд.

Марҳилаи сеюми ҷаҳонишавӣ баъд аз Ҷанги дуюми ҷаҳон сар шуда, то ҳол идома дорад. Хусусияти хоси марҳилаи сеюм тақсимшавии ҷаҳон ба ду системаи ҷамъиятӣ – сиёсӣ, яъне капиталистӣ ва сотсиалитӣ буд, ки муборизаи байни онҳо ба ташкили ду паймони ҳарбӣ НАТО ва Созишномаи Варшава байни ҳам то соли 1991 мубориза мебурданд. Лек баъди фурупошии империяи абарқудрати Шӯравӣ раванди ҷаҳонишавӣ боз рангу рӯи дигарро касб намуд. Акнун раванди мазкур мафкураи холие, ки баъди шӯравӣ ба миён омад онро забт ё пурра намуданд.

Аз сабаби он ки равандҳои ҷаҳонишавӣ ҳамаи соҳаҳоро  фаро мегирад, омўзиши онҳо ба соҳаҳои мухталифи илм алоқамандӣ дорад. Барои иқтисодшиносон падидаи асосӣ тарафи молиявии масъала, яъне таъсиси ширкатҳои фаромиллӣ, рушди савдо ва асъори ҷаҳонӣ тааллуқ ёбад, пас барои файласуфону ҷомеашиносон бошад, моҳияти ҷаҳонишавӣ пеш аз ҳама дар якҷоя ва ба ҳам омадани арзишҳои маънавӣ ва ташаккули тарзи зиндагии ягонаи одамон дар манотиқи мухталифи ҷаҳон маҳсуб меёбад. Дар соҳаи ҳарбиву мудофиавӣ бошад ҷаҳонишавӣ асбобу олот ва техникаҳои муосири ҷангиро ба бор овард.

Ҷаҳонишавӣ ба тағйири бунёдии тамоюли арзишҳои фарҳангии инсон таъсири бузург расонидааст. Тарзи зиндагии одамон тадриҷан нишонаҳои якхеларо касб намуда бошанд ҳам, лек дар амал онҳо дигаргун мешаванд. Мафҳум ва моҳияти ҷаҳонишавӣ дар ин раванди созанда ба ғарбишавӣ руй меоварад. Арзишҳои фарҳангии Ғарб дар дигар кишварҳо бо суръати баланд паҳн мешаванд, ки ба фарҳанги миллӣ ҳар қавму миллат ва давлати мустақил хатар эҷод менамоянд.

Дар замони муосир зери пардаи ҷаҳонишавӣ хушунат ва зўроварӣ низ ба чашм мерасад, ки ба он амалиётҳои террористӣ-экстремистӣ шомил мебошанд. Маҳз пайдо ва дар ҳоли рушд қарор ёфтани гуруҳҳои ифротиву тундгаро маҳсули меҳнати созандаи ҷаҳонишавӣ аст. Мутаассифона дар замони имрӯзаи мо қисме аз инсонҳо бо тақлидҳои кӯр – кӯронаи худ туъмаи раванди ҷаҳонишавӣ мегарданд, ки оқибат худро хароб мекунанд. Маҳз аз набудани дониш ва ақлу идрок боис мегардад, ки раванди ҷаҳонишавӣ ба худ раванди ҷаҳонсӯзиро касб намояд.

Мо аҳли ҷомеа, сокинону шаҳрвандони ин сарзамини таърихӣ бояд аз раванди ҷаҳонишавӣ чизи хуб ба даст орем. Онро дар роҳи илмомӯзӣ ва баланд бардоштани сатҳи ҷаҳонбинии худ ва дигарон истифода барем. Нагузорем, ки аз ҷаҳонишавӣ ҷаҳони тинҷу ором ва ободу зебои моро“ҷаҳонсӯз” гардонанд. Насли наврас ва ҷавононро пеш аз ҳама ба роҳи рости инсонӣ ва меҳру муҳаббат ба Ватан - Модар ҳидоят намоем.

Султонова  А.Ҷ.
устоди ДДҲБСТ

Add comment


Security code
Refresh