ИСЛОҲОТГАРОНИ НИЁЗМАНДИ ИСЛОҲОТ

Дирӯз дар саҳифаи интернетии яке аз хоинбачаи миллати тоҷик, пайрав ва дастпарвари хоинони касбӣ, таълимдида ва моили сиёсатҳои пучу бепояи хоинон ва хоҷагон – Шарофиддин Гадоев баёнияе, нашр гардид, ки дар он аз таъсиси ҷумбиши “Ислоҳот ва рушди Тоҷикистон” дар шаҳри Амстердами Ҳолланд хабар медод.

Дар нишонаи иттилои дарҷёфта аксе бо ишорати майл ба боло дарҷ ёфтааст ва гӯё аз ислоҳотталабӣ ва саҳмгузории ин нохалафон дар рушди Тоҷикистон шаҳодат медода бошад.

Ин разилонро чашмашонро пули бедардимиён ва маблағҳои ҳангуфти хоҷагонашон гирифтааст ва ҳатто аз рушди Тоҷикистон маълумоте надоранд. Гарчанде медонанд, ки мирӯз иқтисодиёти мамлакати мо рӯ ба тараққӣ аст, лек ин маълумотҳои раднопазирро, ки созмонҳои ҷаҳонӣ эътироф намудааст, қабул Дар зери баёнияи ин ҷунбиш, ки гӯё 11 нафар имзо гузоштаанд, танҳо исми 5 нафар дарҷ гардида, боқимонда 6 нафар аз ҷои ғайб ба ин гуруҳи хоинон ҳамроҳ мебошанд. Масалан дар сафи аъзоёни ҷунбиш исми бародари хоини давлат Умаралӣ Қувватов – Анвар Қувватов низ дарҷ гардидааст.

Аз нигоҳи дигар Шарофиддин Гадоеви 33 сола, ки ҳатто таҷрибаи кофии зиндагӣ ва дониши казоӣ надорад худро ҳамоҳангсози ҷунбиш унвон дода, даъвои ислоҳотро дорад, ки хеле хандаовар аст. Агар бо дидгоҳи ақл назар афканем маълум мегардад, ки нохалафи Шарофиддин Гадоев соли 2012 аз Тоҷикистон фирор карда, ба хоини миллат Умаралӣ Қувватов пайваст ва аз он лаҳза бар зидди арзишҳои миллӣ садо баланд намуд. Бо баробари даргузашти Умаралӣ Қувватов Гадоеви ватанфуруш курсии раҳбарии созмони мамнӯи “Гуруҳи – 24” –ро, ки муассиси он Қувватов буд, ишғол намуд.

Гарчанде зимни мусоҳибаи худ Гадоев аз ҳеҷ робитае бо наҳзат надоштани ҷунбишаш изҳор медорад, аммо зиндагии ин хоини миллат бо зиндагии Муҳиддини Кабирӣ пурра тавъаманд. Чунончӣ Кабирӣ қалбан бо баҳонаҳои гуногун дар ҷанозаи модараш ва баъдан дар ҷанозаи падараш иштирок накарда бошад, Шарофиддин Гадоев низ дар ҷанозаи падари 68-солааш Мирзоалӣ Гадоев низ ширкат наварзид. Аз ин нуқтаи назар ақли Шарофиддин  ба он нарасид, ки дар ҷанозаи падараш иштирок кунад ва як каф хокро ба болои қабри падар ҳамчун писар пошад ва ё аз гӯшаи тобути падар бигирад.

Мо мардуми шарифи Тоҷикистон дарк мекунем, ки ҳадафи ҳамаи ҳизбу созмон ва равияҳои номатлуб барангехтани низоъ дар кишвар ва оғози ҷангу куштор аст. Таъсиси ҷунбиши ба номи ислоҳот ва рушд низ аз зумраи чунин гуруҳҳои ихтилофангез ва хиёнаткор ҳастанд. Оё ин нохалафон бехабар аз онанд, ки дар натиҷаи ҷанги шаҳрвандӣ, ки бо пуштибонии хоҷагони хориҷӣ ва дастдории фарзандони нохалафи миллат сар зад зиёда аз 150 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ҷони худро аз даст доданд, беш аз як миллион нафар гуреза шуданд, 55 ҳазор кӯдак ятим ва  дар маҷмӯъ, ба иқтисодиёти мамлакат беш аз 10 миллиард доллар зарар расид.

Оё ин нохалафони “ислоҳношуда” намедонанд, ки дар замони соҳибистиқлолии кишвар зери роҳбарии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди бемайлони иқтисодиву иҷтимоии кишвар таъмин карда шуд. Оё ин разилон намедонанд, ки тибқи баҳодиҳии созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ Тоҷикистон чандин маротиба ба сафи кишварҳои ислоҳотгари ҷаҳон шомил гардидааст. Албатта ин нохалафон ҳамаи инро медонанд, вале чун супориш гирифтаанд, бояд ба ҷунбишашон номе бо истифодаи калимаҳои “ислоҳот ва “рушд”-ро гузоранд.

Мо шаҳрвандони ин сарзамини таърихӣ аз чунин нохалафоне, ки ҳадафашон бар зидди арзишҳои миллӣ ва бар зидди сулҳу суботу оромии Ватан аст безорем. Мо пешниҳод мекунем, ки аввал Шумо “худатонро ислоҳ кунед ва баъд даст ба ислоҳот занед”. Мо ягон зарра ба ислоҳот ва рушди Шумо ниёз надорем, зеро Тоҷикистон худ дар ҳоли рушду инкишоф аст. Мо медонем, ки Шумо “рушд ва ислоҳот” гуфта ин калимаҳоро ба маънои баръаксаш мефаҳмед ва ҳадафатон “ақибмонӣ ва гумроҳкунии мардум” аст. Хоҳ нохоҳ дар пушти ин ҷунбиши гумроҳон низ ким – кадом хоҷае бинҳуфтааст, ки рӯзе ошкор хоҳад шуд. Вақт довари бузург аст!

Ф.Воҳидов

Add comment


Security code
Refresh