БАРАНГЕЗАНДАИ КИНАВУ АДОВАТИ МИЛЛӢ

Дар тули давлатдории навини Ҷумҳурии Тоҷикистон кишварамон ба дастовардҳои зиёде ноил гашт ва ноил гашта истодаас, ки дар ин роҳ нақши Сарвари давлат ва кулли шаҳрвандони мамлакат бағоят бузург аст. Мутаассифона ба дастовардҳои зиёди дигар низ муваффақ шудан мумкин буд, агар баъзе гурўҳҳо ва ҳизбҳои сиёсӣ ба монанди ТЭТ ҲИНТ бо ҳар гуна роҳу воситаҳо ба рушди давлати мо  монеъгӣ эҷод намекарданд.

Аз рўзҳои аввали ба даст овардани истиқлолият ТЭТ ҲНИТ бо дастгирии хоҷагони хориҷии худ доимо дар роҳи содирнамудани кирдорҳои ҷинояткорона буд ва баҳри иҷро намудани амалҳои нопоки худ аз ҳеҷ роҳ бар намегашт. Мисоли ин гуфтаҳо болоӣ дар байни аҳолӣ бадбиниро нисбати давлату ҳукумат ва мақомотҳои қудратӣ барангехта, шахсиятҳои маъруфи миллатро, ки бар зидди ақидаҳои ифротии ТЭТ ҲНИТ баромад мекарданд, ба қатл расониданд. Шахсиятҳои кушташуда инсонҳои оддӣ набуда, балки дар арсаи ҷаҳонӣ дар соҳаҳои гуногун муаррифгари миллати тоҷик буданд. Аз ҷумла Сафаралӣ Кенҷаев, Сайф Раҳимзод Афардӣ, Муҳиддин Олимпур, Отахон Латифӣ, Ғуломов Минҳоҷ Ғуломович, Муҳаммад Осимӣ, Юсуф Исҳоқӣ, Карим Юлдошев, Ҳабиб Сангинов, Ҷумахон Ҳотамӣ, Шарипов Фатҳуллохон, Бегиҷонов Собирҷон, Моёншо Назаршоев  ва дигаронро ба қатл расониданду нобоварии халқро нисбати ҳукумат зиёд намуда, маълумотҳои бардурўғро оид ба он ки ин шахсиятҳои барумандро ҳамчун рақибони сиёсӣ ҳукумати кишвар ба қатл расонида бошад паҳн намуда буданд.

Мисолҳо нисбати фаъолияти ҷинояткоронаи наҳзати хиёнаткор хеле бисёр аст. Бо ин амалҳои худ ТЭТ ҲНИТ бадхоҳи миллат ва зархариди хоҷагони худ буданашро нишон дод.

Воқеаҳои солҳои охир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ТЭТ ҲНИТ  содиргардида маҳз бо дастгирии роҳбарияти сиёсии Ҷумҳурии Исломии Эрон ба вуқуъ омада буд. Далели ин гуфтаҳо нишондоди гурўҳи ҷинояткороне, ки дар давлати Эрон барои содир намудани куштор, амалҳои террористӣ, таркиш ва дигар амалҳои диверсионӣ дар лагерҳои (урдугоҳҳои) махсус машқу тамрин намуда дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз солҳои 1995 то 1999 ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнинро содир намуда буданд мебошад.

Роҳбарияти наҳзат шахсан Муҳиддин Кабирӣ ва дигар муовинони ӯ,  ки мехостанд бо роҳи ғайриқонунӣ сохти конститутсионии давлатро тағийр диҳанд. Хушбахтона ниятҳои нопоки онҳо, ки амалӣ нагашт ва имрўз онҳо аз хориҷ истода мехоҳанд бо ҳар роҳу восита ақидаи мардумро нисбати сиёсати давлату ҳукумат ва Пешвои миллат вайрон намуда, нооромиро дар мамлакат ба вуҷуд оранд.

Имрўз вақти он расидааст, ки тамоми мардуми кишвар бе тарсу ҳарос  ба ҳодисаву воқеаҳои ҷойдошта аз нуқтаи назари объективӣ баҳогузорӣ намоем. Нисбати ҳар гуна мақолаву баромадҳои ифротии наҳзатиён фикру андешаи худро иброз намоянд. Бо ҳар як амали хеш мо бояд ҳимоякунандаи манфиатҳои милливу давлатӣ, таъминкунандаи амнияти миллӣ, устуворӣ ва якпорчагӣӣ давлату миллат буданамонро исбот намоем. Мақолаву баромадҳои иғвоангез ва барангезандаи хусумати миллӣ, динӣ, нажодӣ, ташвиқоткунандаи ҳизбу ҳаракатҳои хусусияти ифротиву террористӣ доштаро зери танқид қарор дода, манфиатҳои милливу давлатии худро ҳифз намоем. Зеро ки ин сарзамини таърихӣ аз гузаштагони мо мерос аст ва мо бояд бе шикасту рехт бояд онро ба насли оянда ба мерос гузорем.

Қобилов Б.Қ.
устоди ДДҲБСТ

Add comment


Security code
Refresh