АМАЛИ ГУРУҲҲОИ ИФРОТӢ БАР ЗИДДИ ДИНУ МАЗҲАБ РАВОНА ГАРДИДААСТ!

Ҷомеаи ҷаҳонӣ, хосатан кишварҳои Шарқи Наздик дар айни ҳол гирифтор ба ҳаводиси нохостаи гурӯҳу созмонҳои мухталифи тундрав, ки таҳти ниқоби дини мубини ислом ошкоро ба мубориза бархостаанд, қарор гирифтаанд. Яке аз масъалаҳои ҷиддитарини инсоният дар асри ХХI, ки бо оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ хатари байналмилалиро ба худ касб намудааст, терроризму экстремизм ба ҳисоб меравад. Пуштибони ин гурӯҳ ҳамоно қувваҳои тафриқандоз ва ғосиби беруна аст, ки ҳадафашон амну осоиштагии ҷомеаро барҳам задан ва ба ҳамин васила афкори ифротгаронаи  хешро зуран бар сари мардум таҳмил намудан аст.

Ягона воситаи ба майдон кашидани ҷавонони ноогоҳ ва оғӯштаи хун намудани миллату халқиятҳо мусалмоннишин тӯли таърихи гузашта ва то имрӯз маҳз дини мубини Ислом аст. Баъди асри XV идеологияи фитнаангезӣ дар олами мамлакатҳои Шарқ ва мутеи худ гардонидани кишварҳои мусалмонӣ буд. Бо ин роҳ онҳо тарафдори коштани тухми хушунатҳои мазҳабӣ ва хусумату ҷудоӣ дар ислом буда, бо ҳидояти гуруҳҳои манфиатҷӯ ва ба истифодаи нимчамуллоҳои бесавод, бефарҳангу ҳуввияти динию миллӣ надошта пиёда карданд. Омили асосии ҷудоиандозии дар кулли кишварҳои исломӣ бесаводӣ, ҷаҳолат ва нодонии мардум аст, ки аз ин силоҳ кишварҳои пешрафта дар ҳамаи мамлакатҳои қафомондаи олами мусалмонӣ ва махсусан арабӣ истифода менамоянд.

Маҳз, ҳамин бадномкунандагони ислом дар асри ХХI ба эъмори давлати ба ном исломӣ ва хилофот пардохтаанд, ки боиси нооромии тамоми кишварҳои исломӣ, кушта шудани ҳазорон нафар мусулмонони бегуноҳ, овораю дар ба дар шудани ҳазорон кӯдакону наврасон, пирону барҷомондагон, мавриди таҷовуз қарор додани духтарону занон, хароб шудани шаҳру рустоҳо, ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ ва охир оқибат дар ҷомеаи ҷаҳонӣ сабаби коста гардидани обрӯю манзалати дини поки ислом гардиданд.

Мо дар марҳалаи бурду бохти ҷаҳони муосир, кашфиётҳои гӯшнашуниди илмию фарҳангӣ, дигаргуншавии тафаккур ва ҷаҳонбинии мардуми сайёра, ба ҳам наздикшавии тамаддунҳо ва ба таҳаввулоти ҷиддии бесарусомонӣ гирифтор шудани як идда ҷавонони ноогоҳ аз дину оин ва хираду тафаккур дар кули сайёра қарор дорем. Дар ин раванди ҷаҳонишавӣ зиракии сиёсӣ, дӯст доштани Ватан, номуси миллию мазҳабӣ ва аз ҳама болотар, фирефтаю ақидаҳои бофтаю сохта ва найрангу бозиҳои сиёсӣ, динӣ, мазҳабӣ ва экстремистию террористӣ қарор  нагардидани ҳар як фард барои субот ва оромии ҷомеа зарур аст.

Вазифаи ҳар яки мо омӯзгорону устодон дар ин раванд аз он иборат аст, ки дар қалби насли наврас ва махсусан донишҷӯёну ҷавонон меҳру муҳаббат ба Ватан, забон, дин, мазҳаб, марзу бум, миллат ва модарро парварида онҳоро аз роҳи бад эмин нигоҳ дорем. Нагузорем, ки ҷавонони мо фирефтаи ақидаҳои иртиҷоии гурӯҳҳои тундрав гарданд.

Абдураҳмонова М.И.
устоди ДДҲБСТ

Add comment


Security code
Refresh