Такя ба хиради азалӣ

Бузургонамон ҳикматҳои зиёдеро ба мерос гузоштаанд, ки аз доираи гуфтаҳо ва навиштаҳои онҳо баромадан ғайриимкон аст.

Мушкилоти асосии даҳсолаҳои охирро таҳдидҳои навини ҷаҳонӣ пайгирӣ мекунанд. Ба қатори чунин таҳдидҳо – терроризм, коррупсия, масоили экологӣ, қашшоқӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дохил мешаванд. Имрўз ба ин муаммоҳо таҳдидҳои нави ифротгароии динӣ низ ҳамроҳ шудааст.

Яке аз гурўҳҳои ифротгаро шахсонеанд, ки аз номи дини мубини Ислом ҳарф мезананду аммо дар ботин дигар ният доранд, ки ин аз байн бурдани ҳамдилию ваҳдати миллат аст.

Имрўзҳо он дар тамоми Осиё Миёна ва дигар манотиқи дунё яке аз муаммоҳои асосиест, ки ба сохтори сиёсии кишварҳо халал расонида метавонад. Худ шоҳиди он ҳастем, ки дар бархе давлатҳои исломӣ чӣ гуна нооромиҳо рух дода истодааст.

Ҷавонмард нафаре аст, ки барои халқу миллати хеш ҳамеша дар хидмат ва бо рафтору кирдори шоистаи худ ба ҳама намуна бошад. Мутаассифона, имрўз дар ҷомеа баъзе афродеро дучор меоем, ки ҷавонмардиро як сўй гузошта, бо корҳои ношоиста машғуланд. Инҳо аъзоёни ҲНИТ ва дигар гурўҳҳои иртиҷоӣ буда, мақсади ғаразнок доранд, мафкураи ҷавононро ба андешаҳои ботил ҷалб карданӣ мешаванд.

Ба мо маълум, ки аз паҳншавии чунин зуҳуроти номатлуб чандин давлат ва аҳолии онҳо зери хатар, нооромӣ ва мушкилиҳои азим қарор доранд.

Мо аҳли зиё, омўзгорону устодон аз хотир асло намебарорем, ки вазифаи аввалиндараҷаи мо ҳамеша муҳассилинро аз оинҳои ҷавонмардӣ огоҳ, истифода аз ҳикматҳои бузургон онҳоро ба роҳи рост ҳидоят намудан аст, то ки фирефта шуда, ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳо шомил нагарданд, бо корҳои нек машғул бошанд, илму ҳунар омўзанд.

Моро зарур аст, ки ҳамҷоя барои аз байн бурдани ин хатарҳо кўшиш намоем, фарзандони худро дар рўҳияи ватандўстию хештаншиносӣ тарбия намуда, барои беҳбудиву гулгулшукуфии мамлакатамон ҳисса гузорем.

 Н.Алимуҳаммадова,
 М.Сатторова,
 устодони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
 ба номи академик
 Бобоҷон Ғафуров

Add comment


Security code
Refresh