Барои тинҷиву осудагии сайёра

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ оиди ташаббуси Тоҷикистон дар мавриди баргузории конфронси бонуфуз бахшида ба вазъи сиёсии ҷаҳон ибрози назар намуда буданд. Муҳимтарин матлабҳоро дар он баён карда, расман мавқеи Тоҷикистонро дар муқовимат бо терроризму экстремизм бори дигар муайян намуданд.

Пешвои миллат зидди ин вабои аср пешниҳодҳои мушаххасро борҳо аз минбарҳои баланд иброз доштаанд. Ин буд, ки конференсияи байналмилалӣ таҳти унвони "Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез" маҳз дар пойтахти Ватанамон-шаҳри Душанбе санаҳои 3-4 моҳи майи соли ҷорӣ барпо гардид, ки бори дигар таваҷҷуҳи оламиёнро ба ин масъалаи доғи рўз ҷалб кард.

Боиси зикр аст, ки аз ҷониби се созмони бонуфузи ҷаҳон-Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо ва Иттиҳоди Аврупо пазируфта шудани ташаббуси Пешвои миллат ва баргузории он дар шаҳри Душанбе аз обрўи баланд ва нуфузи давлати мо дарак медиҳад.

Воқеан, чунин ибтикор ба миллати мо мутааллиқ аст, зеро таҷрибаи сулҳи тоҷикон барои аҳли олам мактаби бузург гардидааст. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ақлу заковати худодод тавонистанд, ки дар Тоҷикистон сулҳу субот барқарор кунанд, миллатро сарҷамъ, созандагӣ ва бунёдкориро дар амал ҷорӣ намоянд ва бо пешниҳодҳои ҷолиби худ дар арсаи ҷаҳон мавқеи Тоҷикистон ва миллати тоҷикро нишон диҳанд. Имрўз Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ тавонист ҳамчун раҳнамо ва ташаббускори масъалаҳои байналхалқӣ аз ҷумла, мубориза бар зидди вабои аср-экстремизм ва терроризмро бо ҳамкории зиёда аз чил давлат баррасӣ намояд ва роҳи дурустро пешниҳоди ҷаҳониён созад.

Дар ин ҳамоиши байналмилалӣ иштирок ва суханронии пурмуҳтавои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар мавқеи халқпарварона ва одилонаи Роҳбари Тоҷикистонро тасдиқ намуд, ки Пешвои миллат ғами халқҳои ҷаҳонро мехўранд, роҳи ҳалли масъалаҳои глобалиро пешниҳод намуда, аз СММ, САҲА ва дигар минбарҳои сатҳи ҷаҳонӣ бо ҷуръат сухан гуфта, дину мазҳаб, урфу одати худро ҳимоя мекунанд.

Пешвои миллат бо таҳлили амиқи илмӣ ва пешниҳодҳои мушаххас роҳи пешгирии ин вабои асрро баён карданд. Дар конференсияи байналмилалӣ як бори дигар таъкид намуданд, ки террорист, ифротгаро ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад ва бар зидди онҳо мубориза бурдан вазифаи ҷонии инсонҳост.

Ин конфронс як қадами ҷиддӣ дар марҳалаи нави мубориза бо терроризми ҷаҳонӣ буда, барои расидан ба ҳадафҳои олӣ нақши бориз хоҳад гузошт.

Ҳоҷӣ Ҳусайн Мўсозода,
шаҳри Хуҷанд

Add comment


Security code
Refresh