Аз масъулият рўҳияи ватандўстӣ боло шавад!

Вазъи ҷаҳон имрўз мисли баҳри дамон аст. Дар қатори масоили дигари сиёсиву экологӣ, ҷангу нооромиҳо мушкилоти ҷадид ва таҳдид ба ҳаёти мардум падидаи ғайриматлуб бо номи гўшхарошу дилгиркунанда терроризм, экстремизм ва радикализм пайдо шуда, хатари даҳшатборе ба миён овардааст.

Экстремизм, яъне ифротгароӣ ин ноогоҳӣ аз арзишҳои ҳуқуқӣ, озодӣ ва сиёсии мардум, алалхусус ҷавонон аст. Онро зуҳуроти номатлуб ва хатарафкан гўянд. Саркардагони ифроту радикализми ҷаҳонӣ аз беимонии худ хоҷагонашонро пуштибонӣ менамоянд, ҳатто зери ниқоби дини Ислом идеологияи нобихрадиву хирасариро зидди мардуму ҳаёти осоишта мегузоранд. Мақсадҳои нопоки худро аз номи дини мубини Ислом амалӣ карданӣ шуда, оқибат ба бало гирифтор мегарданд.

Ақли солим, масъулияти том ва маърифати баланд, албатта, пеши роҳи ифротгароиро гирифта метавонад, агар ҳуввият ва садоқати ватандорӣ дар вуҷуди ҳар инсони покдил қарор дошта бошад.

Синнам дар арафаи ҳаштод аст, биноан пастиву баландиҳои роҳи ҳаётро бисёр гузаштаам. Аз барномаву хабарҳои телевизион, навиштаҳои рўзномаҳо огаҳии том дорам: мехонам ва мефаҳмам, ки амалҳои бераҳмона ва кирдорҳои ғайриинсонии гурўҳҳои ифротгаро дар ҷаҳон боиси ҳалокат ва гурезаву хонавайроншавии садҳо ҳазор мардуми бегуноҳ, кўдакону занони бесарпаноҳ мегарданд.

Боиси афсўсу ғамбору риққатоварӣ он аст, ки ба гурўҳҳои ифротӣ асосан ҷавонони ноогоҳу гумроҳ ва тиҳӣ аз донишу маърифатро бо ваъдаҳои пучу бардурўғ ҷалб менамоянд қувваҳои сиёҳкор. Таассуфовар ва нобахшиданӣ аст, ки дар миёни фирефташудагон ҷавонони тоҷик ҳам ҳастанд. Азбаски онҳо маърифати комил, донишу афкори расо надоранд, аз пайи пулу сарвати муфту ваъдаҳои хушк аз дидори падару модар ва ҳаёти оилаву фарзандони дилбанд ҷудо гардида, ба вартаи ҷаҳолату разолат меафтанд.

Бо сиёсати оқилонаву башардўстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти муҳтарами мамлакати соҳибистиқлоламон – Тоҷикистон дар кишвар фазои орому осоиш ва созандагиву маҳбубият, самимият ва офияти мардум танин дорад. Дилпурона мегўям: касе, ки аз чунин ҳаёти осоишта ношукрӣ намояд, ў одами комилу солим нест ё дар қатори инсон гуфтан ноарзанда, ноодам аст. Дидем рўзҳои душвору хориву залилии мардуми бечорамондаро, ки дасисабозони беимону бешараф ба сарамон оварда буданд. Бетамизон он вақт аз номи дини мубини Ислом ҳарзагўӣ карда, мардумро парешону сарон менамуданд. Аслан дини Ислом роҳи саодату наҷот, роҳат, осоишу муҳаббатро равшан менамояд, меҳрубониву садоқат, вафодориву ҳамгироиро тақвият медиҳад. Ифротгароён аслан душмани ин дини муборак буда, бо ному насаби дурўғини «равшанфикрон» худро ба таври худ доно гирифта, бо амалу кирдорҳои ноҷавонмардонаашон корҳои номақбули худро чун узви ҳизби наҳзат ба амал бароварданӣ шуданд, ки оқибат ба нафрини халқ гирифтор гардиданд. Ҳамчун як нафар аз қаламкашони собиқадор гуфта будам ва боз такроран мегўям, ки азбаски нияташон ифлос, ғаразнок ва номақбул буд, ба қавле, мисашон баромад, нобоварӣ ба онҳо бешу афзун гардид.

Тоҷикистони соҳибихтиёру дар ҷаҳон нуфузи болиғ дошта Ватани ободкорону соҳибдилону бофазилатон, суботкорону некўдилон аст. Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ дар «Маснавии маънавӣ» мефармояд:

Ҳар касеро баҳри коре сохтанд.

Меҳри онро дар дилаш андохтанд.

Аз ин бармеояд, ки инсонҳо барои анҷом додани рисолате ва амалӣ намудани корҳои накўву ибратбахш ба дунё меоянд. Ҳеҷ як инсони ватандўст даст ба хиёнату хиёнаткорӣ намезанад. Дар сараш танҳо осудагиву ободии рўзгор, оромиву ҳамгироӣ, шукуфоии Ватан ҳасту аз он замираш равшан.

Бо ақли солим, бо чашми сар мебинем, ки мамлакатамон – Тоҷикистони биҳиштосо бо азму суботи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пеш рафта, мавқеи устувори худро дар ҷаҳон гирифтааст, сазовори эътибор шудааст. Бо камоли эҳтиром ба хирадмандии Пешвои миллатамон садҳо ташаккур мегўям, ки мардум бахтёранду соҳибиқбол.

Дар ин росто ҷавонони Ватанро ба кору амалҳои неку дастҷамъона ҳидоятгару роҳнамо бошему тарбиятгар. Дар Тоҷикистон ҳамаи шароитҳо, имкониятҳо барои ҷавонон ҷиҳати таҳсилу гирифтани дониш, хониш ва омўзиш, соҳибкасбу соҳибмаърифат шудани онҳо муҳайё мебошад. Аз ин лиҳоз, нақшаҳои нопок барои ҷавонони мо хос нест. Бояд такя бар хиради азалӣ дошта бошем.

Аз рўзномаҳо мехонам ва таассуфовар аст, ки ифротгароёни сиёҳдилу ноасл шукуфоии Тоҷикистони моро дидан намехоҳанд, аз хориҷи кишвар дар ҳаққи халқи худ суханони ноҷоя мегўянд, ки оқибати он пушаймонист.

Имрўз моро лозим аст, ки ҳамеша ҳушёр бошем, баҳри ояндаи дурахшони кишвари азизамон қуввати дилу ғайрати комили худро бахшем.

Султони ЮСУФЗОД,
собиқадори меҳнат,
Аълочии матбуоти Тоҷикистон

Add comment


Security code
Refresh