Хобгоҳи қисми ҳарбии 08362 баъди навсозӣ мавриди истифода қарор гирифт

Нимаи дуюми рӯзи 21 май дар шаҳри Бӯстон бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода хобгоҳи қисми ҳарбии 08362 баъди навсозӣ мавриди истифода қарор дода шуд.

Хобгоҳи мазкур бо дастури роҳбарияти вилоят ва бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар муҳлати панҷ моҳ аз таъмири куллӣ бароварда шуд. Раиси вилоят зимни боздид аз хобгоҳ, хонаи маишии хизматӣ ва хонаи фароғатӣ таъкид кард, ки фароҳам овардани шароити шоиста барои афсарону сарбозон дар фаъолияти хизматии онҳо таъсири мусбии худро мегузорад. Навсозии хобгоҳи қисми ҳарбии 08362, ки барои 150 нафар пешбинӣ шудааст, гувоҳи он аст, ки рафти хизмати афсарону сарбозон зери таваҷҷуҳи доимии давлату Ҳукумат қарор дорад.

Раиси вилоят ҳамзамон бо шароити дигар иншооти қисми низомиии мазкур аз наздик шинос шуд ва қайд намуд, ки биноҳои дигари қисми ҳарбӣ дар оянда ба навсозиву таъмир фаро гирифта мешаванд.

Сипас, Раҷаббой Аҳмадзода бо афсарону сарбозони қисми ҳарбӣ суҳбат намуд. Дар ҷараёни суҳбат таъкид карда шуд, ки Артиш  сипари давлат, муҳофизатгари марзу бум ва миллат мебошад.  Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазъияти мураккаб, бидуни базаи моддиву техникӣ ташкил ёфта, аз имтиҳони сангини таърих гузашт ва бо дастгириҳои Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба як нерӯи пуриқтидор табдил ёфт.

Раиси вилоят илова намуд, ки ҷиҳати амалӣ намудани дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Суғд тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, нисбати афсарону сарбозони қисмҳои низомӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда мешавад. Раиси вилоят ҳамзамон хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳро мактаби мардонагӣ арзёбӣ карда, иброз дошт, ки сафи ихтиёриён барои хизмат дар Артиши миллӣ бештар гардида, ҷавонон бо амри дилу виҷдон ба хизмати Ватан мераванд. Бо боварӣ гуфта шуд, ки ҷавонони шуҷоъи мамлакат марзу буми хешро чун гавҳараки чашм ҳифз намуда, баъди адои хизмат бо сари баланд ба назди волидонашон бармегарданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh