Роҳи наҳзатиён ба сӯи зулмот аст

Нафаре, ки илму дониш дорад, ин сарваташ ӯро аз ҳаводиси бади рӯзгор эмин нигоҳ медорад. Ҷавононе, ки аз асли дини Ислом хабар надоранд, ба доми ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ фирефта мегарданд. Онҳо арзишҳои муқаддаси диниву мазҳабиро ғалат фаҳмида, худ ва даҳҳо нафарро ба гирдоби ифротгароӣ гирифтор намуда, оқибат  раҳгум менамоянд. Аксарият ҷавонони ноогоҳе, ки шомили гурӯҳҳои тундрав мегарданд, дар охир аз кори худ пушаймон мешаванд, вале роҳи гурез намеёбанд. Зеро охири ин роҳ зулмот аст. Зулмоте, ки натанҳо худро, балки падару модари худро дар байни ҷомеа шармсор менамоянд.

Аз зумраи гурӯҳҳои ифротие, ки ҷавонони ноогоҳу аъзоёни фиребхӯрдаи худро ба сафи ҷангчиёни ба ном давлати исломӣ –“ДИИШ” ТЭТ ҲНИТ ба ҳисоб меравад. Ҳизби мазкур аз рӯзҳои аввали ташкилёбии худ барои ноил гардидан ба мақсадҳои ба ном диниии хеш аз ҳар роҳу восита истифода мебурданд. Аз ҷумла, зери номи “таълими улуми динӣ” ё “таълими Қуръон” мактабдорӣ намуда, ақидаҳои тундгаронаи худро ба сари мардуми оддӣ бор мекарданд.

Агар таърихи аъзоҷамкунии ТЭТ ҲНИТ-ро мушоҳида намоем, маълум мешавад, ки бо роҳи фиребу ҳила сафи худро зиёд намуданд. Як гуруҳи аъзоёни наҳзатро онҳое ташкил медоданд, ки дар байни одамон суханрониҳо мекарданд ва корҳои ташвиқотӣ мебурданд. Дар солҳои давлати шӯравӣ ин гуна ашхос дар сохторҳои гуногуни хоҷагии халқ ба корҳои сабук ва аз чашм ноаён ба кор даромада, дар миёни деҳқонону коргарон, ки қисми бештари ҷамъиятро ташкил медоданд, шабона ба тариқи пинҳонӣ таблиғоту ташвиқот мебурданд. Гуруҳи дигарро “чаламуллоҳои наҳзатӣ” барои таълим додан ҷавонону наврасонро ҷамъ намуда, ақидаҳои худро тарғиб мекарданд. Аксари шогирдони онҳо дар охир ба як ифротии раҳгумзада мубаддал гардиданд.  Қисми дигарро мубаллиғони дар хориҷ будаи ин ҳизб ташкил медиҳад, ки онҳо дар байни шаҳрвандони дар хориҷ будаи мо, асосан муҳоҷирони меҳнатиии кишварҳои Русия ва Аврупо амалҳои иғвоангезандаи худро идома медиҳанд.

Аз фаъолияти чандинсолаи ТЭТ ҲНИТ маълум буд, ки ҳадафи аслии роҳбарияту аъзоёни он тафриқаандозӣ байни ҷомеа буд. Бо ин роҳ онҳо мехостанд дар ҷомеа низоъву зиддиятро рӯи кор оварда, ба сари давлат муфт соҳиб шаванд. Лек баъди манъ гардидани фаъолияти ин ҳизби ҷиноӣ, аъзоёни дар хориҷа паноҳгирифта, амалиётҳои иғвогаронаи худро бо роҳбарии Муҳиддин Кабирӣ бурда истодаанд. Наҳзатиёни маккор мисли солҳои 90-ум хоҳони саршавии ҷанги шаҳрвандӣ дар мамлакатанд.

Нақшаву ниятҳои разилонаи ТЭТ ҲНИТ ҷомаи амал напӯшид ва роҳбарону фаъолони ватанфурӯши наҳзатӣ ба чанд пули ҳароми хоҷагони худ имону виҷдони худро фурӯхтанд. Имрӯз онҳо дар хориҷи мамлакат пулҳои гирифтаи худро барҳаво сарф намуда истодаанд. Баҳри пул аз Ватан, падару модар, наздикону хешовандони худ даст кашиданд. Лек онҳо ин суханҳоро инкор мекунанд. Худро мисли “дар роҳи ҳақ” вонамуд карда, тамоми гуноҳи худро бар сари роҳбарияти давлату ҳукумат  бор мекунанд. Аммо офтобро бо доман пинҳон карда намешавад. Маълум гардид, ки ТЭТ ҲНИТ ифротӣ буд ва ифротӣ боқӣ мондааст. Онҳо ислоҳ нашудаанд ва агар роҳи худро идома диҳанд, ҳеҷгоҳ ислоҳ намешаванд.

Фаъолияти ҳар як ҳизби сиёсӣ бояд ба нафъи давлату миллат равона гардад. Намояндагони аҳзоби сиёсӣ шахсоне бояд бошанд, ки мардум нисбат ба онҳо эътимод дошта, ҳамчун шахси баобрӯ ва ҳимоятгари манфиату ҳуқуқҳои хеш вакил интихоб намоянд. Мутаассифона, ҳизби наҳзат ва аъзоёни ӯ ба нафъи Ватану миллат содиқона ва софдилона хизмат накардаанд. Барои онҳо хизмат ба хоҷагони хориҷии худ авлотар аст.

Қаюмов Ф.Ғ.
устоди ДДҲБСТ

Add comment


Security code
Refresh