ИФРОТГАРОӢ - ХАТАРИ ГЛОБАЛӢ!

Дар ҷаҳони муосир равандҳо ва зуҳуроте мавҷуданд, ки  танҳо ба як кишвар  ва ё ба як минтақа тааллуқ набуда, балки ба тамоми кишварҳои ҷаҳон ва дар маҷмуъ ба кулли мардумони сайёра таҳдид мекунанд. Яке аз чунин зуҳуроти номатлуб, ки хатари минтақавию байналмилалиро ба худ касб намуда истодааст ва  дар ҳамаи нуқтаҳои олам тамоюли паҳншавиро дорад, ин терроризм ва экстремизм аст.  Ҳарчанд падидаҳои ифротгароӣ зодаи танҳо асри ХХI нестанд, аммо дар баробари асри нав ҷомаи навро ба худ бабар кардааанд.

Олимону муҳаққиқон терроризмро ба навъҳои гуногун, аз қабили терроризми сиёсӣ, динӣ, экологӣ, фарҳангӣ, ахлоқӣ, миллатгароӣ, ҷиноӣ, технологӣ, биологӣ, кибернетикӣ ва амсоли инҳо ҷудо менамоянд.  Лек дар замони имрӯза дар байни онҳо аз ҳама беш терроризм ва экстремизми динӣ инкишоф ёфта истодааст.

Ба ақидаи аксари  сиёсатшиносон экстремизм бештар дар дин, ки хусусияти ҷалбнамоӣ дорад,  реша медавонад ва он дар тамоми гўшаву канори олам ба назар мерасад. Зеро дар аксари мавридҳо ифротгароён дар зери шиорҳои диниву мазҳабӣ баромад намуда, аз номи дин ҳарф мезананд ва ба суханҳои худ тобиши динӣ медиҳанд. Амали мазкур, пеш аз ҳама, ба хотири сўистифода аз шуури динии мардум равона гардида, ҳеҷ рабте ба арзишҳои динӣ ва мазҳабӣ надорад. Фаъолияти онҳо аз бединию бемазҳабӣ ва хоинии онҳо дарак медиҳад. Дар робита ба ин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо аз минбарҳои Созмони Милали Муттаҳид ва ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ алайҳи ин падидаи номатлуб ва ё худ вабои аср ибрози назар намуда, аз ҷумла баён доштанд, ки “террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад”.

Имрўзҳо ифротгароии динӣ дар тамоми кишварҳои олам, махсусан, кишварҳои исломӣ доман паҳн намуда, афроди зиёде аз таъсир ва паёмадҳои нохуши он қурбонии ин зуҳурот мегарданд, ки ин ҳолат хеле нигаронкунанда мебошад. Омилҳои зиёде, аз қабили ҷаҳонишавӣ, фақру нодорӣ, ҷаҳлу бесаводӣ ва паст будани маърифати динӣ, сиёсӣ ва ҳуқуқии мардум, миллатгароӣ ва авҷ гирифтани таассуби динӣ ва хурофот, вусъат ёфтани доманаи фарогири шабакаҳои интернетӣ, рақобати абарқудратон баҳри ба даст овардани манфиатҳои сиёсию иқтисодӣ ва ғайра муҳаррики асосии авҷ гирифтани ин зуҳурот гардидааст.

 Мутаассифона, аксари онҳое, ки бо асли аркони ислом, таърих, фарҳанг, аҳком, фалсафа ва ахлоқи исломӣ ошно нестанд, чунин меҳисобанд, ки ба ислом хислати тундравӣ, таҷовузгароӣ, бадқасдӣ ва ғайритаҳаммулпазирӣ хос аст. Ин андеша мутлақо ғалат аст. Зеро Қуръон, ҳадис, тамоми аҳкому аркони ислом ва фалсафаю ахлоқи он бар пояи адолат, баробарӣ, бародарӣ, озодӣ, амният ва ваҳдат бунёд ёфта, зарурати сулҳ, ризоият, таҳаммул, оромӣ, амният, адолатро бо тамоми зуҳуроти он дар тамоми ҷабҳаҳои зиндагӣ таъкид менамояд.

 Азбаски терроризм ва экстремизм хислати фаромиллӣ пайдо карда, ба хатари умумиҷаҳонӣ табдил ёфтааст, бинобар ин мубориза бар зидди он низ бояд тавассути стратегияи глобалии ягона ва самарабахш пиёда гардад. Дар ин росто, кишварҳои оламро мебояд дар якҷоягӣ алайҳи ин падидаи номатлуб муборизаи беамон баранд.

Ҳамчунин, дар самти тақвият додани ҳувияти миллӣ ва бедор намудани ҳисси ватанпарастӣ, баланд бардоштани маърифати динӣ, сиёсӣ, ҳуқуқӣ, огоҳӣ додани мардум аз хатарҳои зуҳуроти терроризму экстремизми динию байналмилалӣ, ба роҳ мондани тарбияи дурустӣ оилавӣ, ташвиқи илмомўзӣ дар миёни наврасону ҷавонон ва ҷалби онон ба машғулиятҳои лозимӣ  метавонад барои аз байн бурдани ин зуҳуроти номатлуб мусоидат намояд.

Болтуева М.Ё.
устоди ДДҲБСТ

Add comment


Security code
Refresh