Бо силоҳи қалам бар зидди терроризм

Имрӯзҳо дар як қатор давлатҳои исломӣ ҷангҳои харобиовар боиси афзоиши шумораи фирориёни иҷборӣ, гуруснагӣ ва шиддат гирифтани масъалаҳои дигари иҷтимоӣ гардидаанд. Ташкил ёфтани гурӯҳҳои радикалии исломӣ беш аз ҳарвақта авҷу суръат гирифта, бо оқибатҳои даҳшатбор ва бераҳмона дар асри ХХI ба яке аз масъалаҳои ҷиддитарин мубаддал шудааст.

Дар ҷумҳуриамон тибқи қонунгузорӣ фаъолияти созмонҳои экстремистию террористӣ мисли «Ал-Қоида», «Толибон», «Ҳаракати исломии Ӯзбекистон», «Ҳизб-ут-таҳрир», «Салафия», «Гурӯҳи 24», «Ҷамоати Ансоруллоҳ», «Ҷабҳат-ан-нусра», «Бародарони мусулмон» ва ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ғайриқонунӣ эълон карда шуда, фаъолияти онҳо дар қаламрави кишвар манъ гардидааст. Мутаассифона баъзе ҷавонони мо ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафта, ба доми ташвиқгарону таблиғгарони гурӯҳҳои ифротӣ меафтанд ва ба хотири ваъдаҳои пули зиёд ба кишварҳои ҷангзадаи Ховари Миёна мераванд, ки боиси бесаробон мондани зану фарзандону ашки модарон ва андӯҳи бепоёни падарон мегарданд.

Бояд мо падару модарон ва ҷомеа баҳри пешгирии чунин ҳодисаҳои нанговар бо қаламу сухан мубориза барем ва моҳияти неъмати истиқлолу озодиву ободии кишварро аз курсии мактабӣ сар карда, то зинаҳои дигари зиндагӣ пайваста ба наврасону ҷавонон бифаҳмонем. Зеро, гурӯҳҳои ифротии дар боло зикршуда мақсаду маромашон осоиштагиву оромӣ набуда, балки бо тарсонидану куштору ғоратгарӣ ғун кардани сарват аст. Нагузорем, ки ҷавонони мо барои расидан ба мақсадҳои нопоки гурӯҳҳои ифротиву ҷангҷӯ ҳамчун васила хидмат намоянд. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид кардаанд, ҳушёрии сиёсиро набояд аз даст диҳем. Чунки ҳизбу ҳаракат ва гурӯҳҳои ба ном исломӣ аз номи Исломи пок дунёро ба ларза даровардаанд. Ба ин хотир, бар муқобили силоҳи ҷангҷӯён бо силоҳи қаламу сухан бояд ҳамеша дар набард бошем!

Маҳбубахон Фаттоева,
шаҳри Исфара

Add comment


Security code
Refresh