Терроризм – таҳдид ба суботи ҷомеа

Ҷумҳурии Тоҷикистон пешгирӣ ва мубориза бар зидди терроризмро вазифаи муҳимтарини таъмини амнияти миллии худ ва тамоми ҷаҳон қарор дода, барои тақвияти минбаъдаи ҳамкориҳои муштарак дар ин самт чораҳои таъхирнопазир меандешад.

Новобаста аз он, ки халқи тоҷик дар даврони ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ оид ба хатарҳои мудҳиши терроризм ва экстремизм сабақи таърихӣ гирифта, ин падидаҳои манфии ҷомеаро маҳкум менамояд, то ҳол масоили пешгирии гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ пурра ҳалли худро наёфтааст.

Пешгирӣ кардани ҷиноят нисбат ба ошкор намудан ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани шахс барои давлат ва ҷомеа ҳамеша манфиатовар мебошад.

Аз тадқиқоти илми криминалогия ба мо маълум аст, ки барои пешгирии ҷиноят, аз ҷумла хусусияти террористию экстремистӣ дошта омӯхтан ва ошкор кардани решаҳо, сабабҳо, ангезаҳо, шароиту омилҳои содиршавии онҳо нақши калидиро мебозад.

Ба ақидаи аксари муҳаққиқон, ҳуқуқшиносон, сиёсатшиносон, рӯзноманигорон экстремизм бештар аз ҳама дар соҳаи дин дучор мегардад ва ин падида дар тамоми гӯшаву канори сайёраи мо ба амал меояд. Махсусан, экстремизми динӣ дар замони муосир байни пайравони дини Ислом бештар ба назар мерасад, ки мубаллиғони он аз муқаррароти дини Ислом сӯиистифода намуда, тибқи дастуру нақшаҳои хоҷагони худ, ки душманони ин дин ҳастанд, амал менамоянд.

Аз рӯи ақидаи коршиносон ва таҳлилгарон ҳоло беш аз 18 ҳизбу ҳаракат ва гурӯҳҳои террористию экстремистӣ ва радикалӣ дар қаламрави Осиёи Марказӣ ба тахрибкорӣ, ҷудоиандозӣ ва дигар амалиёти ифротӣ машғуланд. Аз соли 2006 то имрӯз Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳалномаи худ беш аз 15 ҳизбу ҳаракатҳоро ҳамчун ташкилоти террористию экстремистӣ ҳисобида, фаъолияти онҳоро дар қаламрави ҷумҳурӣ манъ намудааст.

Оид ба пешгирии фирефташавӣ ва шомил гаштани ҷавонон ба ин ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва моҷароҷӯй, ба андешаам, пеш аз ҳама дар онҳо маърифати сиёсӣ, ҳуқуқӣ, ҳисси худшиносӣ, худогоҳӣ ва ватанпарастиро баланд бардошта, инчунин таҳсил ва муҳоҷирати меҳнатӣ дар хориҷи кишвар бояд зери назорати махсуси волидайн ва мақомоти масъул бошад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ҷавонони кишвар дар муҳоҷирати меҳнатӣ низ ба доми гурӯҳҳои таҳрибкор кашида мешаванд. Аз ин лиҳоз, имрӯз мо вазифаорем, ки рафтори онҳоро дар хориҷи кишвар низ назорат намуда, аз маҳалли будубош ва нафарони ҳамзисти онҳо бохабар бошем.

Ҳамин тариқ, новобаста аз он, ки дар қонунгузории ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шомил шудан ба гурӯҳҳои террористию экстремистӣ ҷазоҳои ҷиноятӣ дар шакли маҳрум сохтан аз озодӣ муқаррар карда шудааст, шумораи содиркунандагони ҷиноят коҳиш намеёбад.

Имрӯз мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва шомилшавии ноболиғон ва ҷавонон ба гурӯҳҳои номатлуб вазифаи дастҷамъонаи тамоми мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва шаҳрвандони кишвар ба шумор меравад. Бетарафӣ нисбат ба ин падидаи номатлуб барои рушди минбаъдаи кишвар халали ҷиддӣ ворид намуда, ба Ваҳдати миллӣ, Истиқлолияти давлатӣ ва бехатарии кишвар таҳдид менамояд.

Икром Ҷумъазода,
раиси Суди ноҳияи Айнӣ

Add comment


Security code
Refresh