БО ФАРМОИШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ КОМИССИЯИ БАЙНИИДОРАВӢ ТАЪСИС ДОДА ШУД. Ҳайати он беҳтарин лоиҳаи ангоравии боғи «Истиқлолият» бо майдони маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ»-ро муайян месозад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ЭмомалӣРаҳмон 26 майи соли 2018 дар бораи таъсиси Комиссияи байниидоравӣ оидба гузаронидани озмуни кушода байни шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии ватаниюхориҷӣ  ҷиҳати интихоби беҳтарин лоиҳаи ангоравии боғи «Истиқлолият»бо майдони маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» дар шаҳриДушанбе бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии  ҶумҳурииТоҷикистон фармоиш ба имзо расониданд.

Дар асоси ин фармоиш тартиб ва ҳайати Комиссияи байниидоравӣ оид ба гузаронидани озмуни кушода тасдиқ карда шуданд.

Дар Тартиб ҳадафу мақсад, ваколату вазифаҳои Комиссия, шартҳо ва талаботи озмун ва дигар муқаррарот муайян гардидаанд.

Боғи «Истиқлолият» бо майдони маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» дар қисмати марказии пойтахт, дар қитъаи замини масоҳаташ 29,0 гектар ҷойгир карда мешавад.

Акси кайҳонии ҷойгиршавии боғ аз ҷониби Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе омода карда шудааст.

Тартиби гузаронидани озмун  ва ҳайати Комиссияи байниидоравӣ дар сомонаи Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (www.tajsohtmon.tj) ва воситаҳои ахбори оммаи ҷумҳурӣ интишор мешаванд.

Дар сатҳи зарурӣ таъмин намудани фаъолияти Комиссияи байниидоравӣ ба зиммаи Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор карда шудааст.

Барои дастрасии маълумоти иловагӣ довталабон метавонанд ба Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намуда, то 30 сентябри соли 2018 лоиҳаи ангоравии худро бо қайди «Барои озмун»  бо суроғаи шаҳри Душанбе, кўчаи Ҳусейнзода, 36 ва ё почтаи электронии This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.   пешниҳод намоянд.

Add comment


Security code
Refresh