Ба муносибати Рӯзи таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадӣ ҷамъомади тантанавӣ баргузор шуд

28 май ба муносибати Рӯзи таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадӣ дар Кохи фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакии маркази вилоят бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

Раиси вилоят зимни суханронии худ марзбонони Ватанро ба муносибати рӯзи таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадӣ табрик гуфта, иброз дошт, ки аз рӯзҳои аввали ташкилёбӣ сарҳадчиён оромию осоиштагии марзҳои ҷумҳуриамонро таъмин карда, барои муҳофизати дастовардҳои истиқлолият ва якпорчагии давлати Тоҷикистон камар бастанд.

Таъкид гардид, ки Қӯшунҳои сарҳадӣ чун рукни муҳими давлати тозаистиқлоли тоҷикон бевосита бо ҳидояти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози соли 1994 таъсис ёфта, дар барқарор кардани сохти конститутсионӣ ва ҳокимияти қонунӣ, ҳифзи марзи давлатӣ, мубориза бар зидди дастаҳои мусаллаҳи ҷинояткор, ошӯбҳои хиёнаткорона, кӯшишҳои табаддулоти ҳарбии хоинони миллат ва ҳифзи сарҳади давлатӣ хизмати фидокоронаро анҷом доданд.

- Боиси ифтихор аст, ки Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон рисолати касбии худро сарбаландона ба ҷо оварда, дар таъмини зиндагии осуда, сулҳу ваҳдати комил, амнияти миллӣ, якпорчагӣ ва пойдории давлати соҳибистиқлоламон саҳми беназир мегузоранд, - таъкид кард Раҷаббой Аҳмадзода ва қайд намуд, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ҷиҳати беҳтар намудани базаи моддӣ-техникии қисмҳои ҳарбии ҳудуди вилоят ғамхории доимӣ зоҳир намуда, баҳри беҳтар намудани шароити хизмат чораҳои заруриро андешида истодааст.

Сипас, аз ҷониби Раиси вилоят ба як қатор хизматчиёни ҳарбии ҷузъу томҳои Қӯшунҳои сарҳадӣ Сипосномаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят тақдим карда шуд.

Валерий Бондаренко - консули генералии Росия дар шаҳри Хуҷанд низ хизматчиёни ҳарбиро бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадӣ табрик гуфта, таманниёти хешро изҳор кард.

Дар охир аз ҷониби санъаткорони вилоят барномаи ҷолиби фарҳангӣ пешниҳод карда шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh