Ҳаргиз ба дасисаҳо фирефта намешавем!

Олимону муҳаққиқон навъҳои мухталифи терроризм, монанди сиёсӣ, динӣ, экологӣ, фарҳангӣ, технологӣ, биологӣ, кибернетикӣ ва ғайраро муайян карда, ба хулосае расиданд, ки дар замони муосир аз ҳама беш терроризм ва экстремизми динӣ ҷаҳони имрӯзаро ба мушкилот гирифтор намудааст. Ба ақидаи аксар коршиносон, экстремизм бештар дар дин, ки хусусияти ҷалбнамоӣ дорад, реша медавонад ва айни ҳол он дар аксари кишварҳои олам ба назар мерасад.

Зуҳуроти номатлуби терроризм ва экстремизми диниро аввалин бор дар солҳои навадуми асри гузашта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз ташкилоти террористӣ - экстремистии ҲНИ барои нооромсозии вазъияти сиёсию ҷамъиятӣ ва ғасби ҳокимият роҳандозӣ ва истифода намудааст. Чунин фаъолияти тахрибкоронаи ташкилоти мазкур, ки бо дастуру пуштибонии доираҳои манфиатдори хориҷӣ татбиқ мегардид, боиси сар задани ҷанги шаҳрвандӣ дар кишварамон шуд. Оқибатҳои ногувору даҳшатбори ҷанги дохилӣ ва амалҳои террористии наҳзатиён то ҳанӯз аз хотири мардум зудуда намешавад.

Мусаллам аст, ки амалҳои нангини террористони наҳзатӣ, аз ҷумла аз тарафи онҳо паҳн кардани ақидаҳои мазҳаби бегона дар байни аҳолӣ, ки бо сӯистифода аз бовару эътиқодоти динии мардум анҷом дода мешуданд, дар асл бар зарари арзишҳои динӣ буданд. Зеро онҳо аз номи Худою расул ҳарф мезаданд, вале мақсадҳои ғаразноки худро ҳамчун аҳкому фармудаи динӣ ба мардум талқин мекарданд.

Дар асл мақсаду мароми ин хоинону аҷнабигароён иҷрои супоришу дастури хоҷаҳо ва амалӣ намудани нақшаҳояшон, яъне бо роҳи ноором кардани фазои сулҳу суботи кишвар ва бадбахту бечора намудани мардум барҳам додани сохти конститутсионӣ ва ба даст овардани ҳокимияти сиёсӣ буд. Имрӯз санаду далелҳо исбот кардаанд, ки фаъолияти ТЭТ ҲНИ бар хилофи манфиатҳои Ватану миллати мо равона аст.

Ба ҳеҷ кас пӯшида нест, ки сарварони наҳзатиҳо тамоми амалу рафтори хешро ба сураву оятҳои қуръонӣ ва ҳадисҳо пайваст ва бо чунин рафтори дурӯягӣ диққати тамоми мардумро ба дину мазҳаб ҷалб намуда, халқро дар ғафлат мегузоштанд ва аз фурсати барояшон бадастомада барои анҷом додани амалҳои аҳриманӣ истифода мебаранд.

Ин тоифа, ки дар ниқоби дӯст кори душманӣ ва дар сурати инсон амалҳои шайтониро анҷом медиҳанд, ҳамеша ҷонибдори нооромию бесуботӣ ва ноамнию ҷангзадагии Тоҷикистон мебошанд.

Ба ҳеҷ кас пӯшида нест, ки дар давоми солҳои давлати Шӯравӣ дар кишвари мо ҳамагӣ 34 созмони динӣ, аз ҷумла 17 масҷиди ҷомеъ, 15 калисои насронӣ ва 2 ибодатгоҳи яҳудӣ амал мекард. Вале, ҳоло дар ҷумҳурӣ қариб 4 ҳазор иттиҳодияи динии исломӣ (масҷидҳои панҷвақта, ҷомеъ ва маркази исмоилӣ), Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, Маркази исломшиносӣ, Шӯрои уламои маркази исломӣ, Донишкадаи исломӣ ва дигар иттиҳодияву созмонҳои динӣ мавҷуданд. Ин воқеият на танҳо аз назари мардуми шарифи Тоҷикистон, балки аз назари тамоми аҳли сайёра берун монда наметавонад.

Аммо роҳбарони ТЭТ ҲНИ тамоми имкониятҳои дар самти озодии виҷдон ва эътиқоди динӣ фароҳамовардаи давлатро сарфи назар намуда, баъд аз истиқрори сулҳ ва бахшида шуданашон аз фаъолияти тахрибкоронаю душманонаи худ даст накашиданд. Онҳо бо мақсади расидан ба ҳадафҳои ғаразноки худ даст ба ҷиноятҳои сангину террор заданд ва ҳатто кӯшиш намуданд, ки бо роҳи анҷом додани табаддулоти давлатӣ ҳокимияти сиёсиро ғасб намоянд.

Баъд аз исботи тамоми амалҳои ҷинояткорона ва хиёнатҳои наҳзат ин ҳизб мамнӯъ ва террористӣ эълон гардид. Аксарияти аъзоёни ҳизби мазкур, ки пештар фирефтаи муллоҳои наҳзатӣ шуда буданд, солҳои 2014-2015 сафҳои онро тарк карданд. Айни ҳол масъулону роҳбарони боқимондаи он аз ҷавобгарӣ дар назди қонун фирор карда, дар кишварҳои хориҷӣ паноҳ бурдаанд, ки дер ё зуд барои амалҳои манфурашон ҷавоб хоҳанд гуфт.

Зеро маҳз онҳо амалҳои террористию ҷанги шаҳрвандиро дар Тоҷикистон оғоз карда буданд ва то ҳанӯз мехоҳанд бо роҳи зӯроварӣ ба мақсадҳои нопокашон дастёб гарданд. Аммо мардуми Тоҷикистон ва ҳамватанони бурунмарзии мо, ки аз нияти нопоки наҳзатиҳо хуб огоҳанд, дигар ҳеҷ гоҳ фирефтаи макри ТЭТ ҲНИ намегарданд.

Нодири Қодир

Add comment


Security code
Refresh