Ба қадри сулҳ расидан ватандорист!

(Дар ҳошияи мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷомеаи кишвар)

Имрӯз таҳаввулоти тез-тез дигаргуншавии ҷаҳонӣ ҷомеаи башарро дар нуқтае қарор дода истодааст, ки ба сари хулосаи амиқ омадан душвор гаштааст. Абарқудратҳо барои талош ва ишғоли ҳарчӣ бештари минтақаҳои геополитикӣ равияву гурӯҳҳоеро созмон додаанд, ки мутаассифона, аз зеҳну рӯҳу қувваи ҷавонони ноозмуда ба манфиату ғарази худ истифода мебаранд.

Мисолҳои зиёдеро аз воқеаҳои хунини Ховари Миёна метавон овард, ки махсус ҷавонон ба гирдоби фиребу ғарази гурӯҳҳои табаҳкор афтодаанд. Агар сидқан сафи аъзоёни гурӯҳҳои даҳшатафкан ба синну сол ҷудо карда шавад, дақиқан метавон шоҳид шуд, ки аксари онҳо ҷавононанд. Ҷавононе, ки ҳанӯз лаззату рангинии дунёро надидаанд. Ҷавононе, ки падару модаронашон оҳи ҷигарсӯз дар сина доранду онҳо бошанд, даст ба террору қатлу ваҳшоният зада истодаанд.

Аммо дар қиболи чунин гирудори ҷаҳонӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист, ки таҳти сиёсати пешгирифтаи Президентамон Эмомалӣ Раҳмон ҷавононро ба сӯи ободкориву созандагӣ, иттиҳоду ҳамбастагӣ ва гулгулшукуфии Ватани азизамон раҳнамун созад. Таҷрибаи сулҳи Тоҷикистон ва хатми ҷанги шаҳрвандӣ, ки худ як институти замонсолорӣ ва сиёсатмадории баргузидаи Пешвоямонро нишон медиҳад, як мавзӯи алоҳидаест, ки борҳо муфассирону муҳаққиқони сатҳи ҷаҳонӣ пиромуни он гуфтаанд.

Ба қарибӣ гуфтори як ҷавони фаъоли ҷамъиятии Афғонистон маро ба андеша фурӯ бурд.

-Агар Худованд ба кишвари мо мисли Эмомалӣ Раҳмон сарваре медод, бешак кайҳо дар ватани мо низ сулҳ пойдор буду кӯдакони мо ба ҷои тӯп садои алларо мешуниданд, - гуфта буд мавсуф.

Ин ҳарфҳояш ҳаводисеро ба хотирам меорад, ки имрӯз баъзе ҷавонони миллати мо бо вуҷуди он ки дар кишвари азиз оромиву ободӣ ҳукмфармо аст, бо буҳтонбофию дурӯғ дар кишварҳои Ғарб худро ҷабрдида нишон медиҳанд, то ки мақоми паноҳандагӣ дарёфт намоянд.

Афғонистонро фаҳмидан мумкин, ки он ҷо ҷанги дохилӣ идома дорад ва мардум осуда зиндагӣ карда наметавонанд. Аммо дар ҳоле, ки кишвари мо саршори сулҳ аст, магар камоли ношукрӣ нест, ки ба чунин давлат ва бахусус Пешвое, ки ҳатто дигар миллатҳо орзуяшро мекунанд, хиёнат намоем?

Тавре огоҳем, ба сари миллати афғон тақрибан чил сол аст, ки ба ҷои борон тир меборад. Халқияту миллатҳои ин сарзамини ҷангзада пароканда дар чор акнофи дунё шудаанд ва имрӯз дар дохили Афғонистон гурӯҳу гурӯҳчаҳои зиёди силоҳбадаст хоби оромро аз қалбу рӯҳи мардум бурдааст ва халқи ин кишвар орзу доранд, ки сарваре чун Эмомалӣ Раҳмон дошта бошанд.

Неъмати Худованди меҳрубон аст, ки ба сари миллати тоҷик ба мисли фариштаи наҷот Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон истодаанд ва аз ин лиҳоз метавон умедвор шуд, ки то замоне чунин сарчашмаи хиради азалӣ бо мост, ҳеҷ гоҳ ягон гурӯҳи ифториву террористӣ наметавонад, ба сафи маҳками мо рахна занад. Раҳпаймоии осоиштаи ҷавонон дар Рӯзи ҷавонӣ бори дигар собит сохт, ки ягон қувваи аҳриманӣ наметавонад ин оромиши абадиро аз меҳвари зиндагии Тоҷикистони азиз бигирад.

Тӯли солҳои истиқлолият борҳо шоҳид шудем, ки Сарвари кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми пешомадҳои ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистони азиз нахуст бо нерӯи ҷавонон машварат мекунанд, ба пешниҳоду дархостҳои онҳо сидқидилона гӯш меандозанд.

Ҳамеша такя ба қувваи бузурги ҷавонон кардани сиёсати Пешвои миллат мазмуни воқеан нерӯи пешбаранда ва азими ҷомеа будани ҷавононро нишон медиҳад.

Набиюллоҳ СУННАТӢ,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh