Ҷаласаи корӣ оид ба таҳия ва амалӣ намудани нақшаи корҳои ободонию бунёдкорӣ ба муносибати 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Нимаи дуюми рӯзи 5 июн дар толори Донишкадаи кӯҳӣ – металлургии Тоҷикистон бо ширкати гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фаъолони шаҳри Бӯстон ҷаласаи корӣ баргузор шуд.

Дар ҷаласа масъалаи таҳия ва амалӣ намудани нақшаи корҳои ободонию бунёдкорӣ ба муносибати 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни ифтитоҳи ҷаласа қайд кард, ки бо ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Суғд “1300 рӯзи меҳнати зарбдор” эълон гардида, дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят корҳои ободониву созандагӣ ҷараён дорад ва сокинони вилоят барои дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолият софдилона заҳмат кашида истодаанд. Раҷаббой Аҳмадзода бо ёдоварӣ аз дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар баён гардида буд, иброз дошт, ки ҷиҳати беҳбудии шароити зисту зиндагии мардум давоми се сол дар ҳамаи ҷамоат, шаҳраку деҳоти шаҳру ноҳияҳои вилоят мактабу кӯдакистонҳои садамавӣ бартараф гардида, коргоҳҳои дӯзандагӣ, майдончаҳои варзишӣ, қасрҳои фарҳанг, бунгоҳҳои тиббӣ, кошонаи ҳусн, ҳаммом, сартарошхона, боғҳои фарҳангиву фароғатӣ бо тарзу услуби замонавӣ бунёд карда мешавад.

Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода доир ба сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози назар намуд. Абдуҷаббор Раҳмонзода таъкид дошт, ки ҷиҳати дар сатҳи баланд ва бо дастовардҳои шоиста ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби аъзои Ҳукумати мамлакат ва кормандони масъули Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин роҳбарони идораҳо ва мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ гурӯҳҳои корӣ таъсис дода шудааст. Тибқи нақшаи тасдиқшуда роҳбари гурӯҳи корӣ дар шаҳри Бӯстон раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Шоҳиён мебошад. Таъкид гардид, ки гурӯҳи корӣ дар якҷоягӣ бо роҳбарияти мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бояд дар муҳлати ду моҳ нақшаи корҳои ободонию бунёдкориро ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳри Бӯстон таҳия ва тибқи тартиби муқарраргардида тасдиқ намуда, иҷрои онро то 1 сентябри соли 2021 таъмин намоянд.

Абдуҷаббор Раҳмонзода илова намуд, ки гурӯҳи корӣ аз ҳар як деҳаву маҳалла боздид намуда, барои рафъи мушкилоти мавҷуда ва бунёду таъмири иншооти иҷтимоӣ тасмим мегирад. Роҳбари гурӯҳи корӣ дар шаҳри Бӯстон Маҳмадсаид Шоҳиён дар аснои суханронии худ иброз дошт, ки дар якҷоягӣ бо фаъолони шаҳр мушкилоти мавҷуда омӯхта шуда, ҷиҳати ҳалли онҳо дар доираи нақшаи тасдиқшаванда корбарӣ карда мешавад.

Дар идомаи ҷаласаи корӣ ҳамчунин муовини Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилшод Исматуллозода ва раиси шаҳри Бӯстон Раъно Ҳошимзода суханронӣ намуда, доир ба ҳадафи ташкили гурӯҳҳои корӣ ва вусъати корҳои ободониву бунёдкорӣ маълумот доданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh