Мулоқоти гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фаъолони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фаъолони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд идома дорад.

Нимаи дуюми рӯзи 6 июн гурӯҳи кории Ҳукумати мамлакат бо фаъолони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мулоқот намуд. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар оғози вохӯрӣ доир ба рафти корҳои ободониву созандагӣ дар қаламрави вилоят, ки бо ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар доираи иқдоми “1300 рӯзи меҳнати зарбдор” идома дорад, маълумот дод.

Зикр гардид, ки сокинони вилояти Суғд барои дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ софдилона заҳмат кашида истодаанд ва то соли 2021 дар асоси нақшаи тасдиқшаванда дар шаҳру ноҳияҳои вилоят мактабу кӯдакистонҳои садамавӣ бартараф гардида, коргоҳҳои дӯзандагӣ, майдончаҳои варзишӣ, қасрҳои фарҳанг, бунгоҳҳои тиббӣ, кошонаи ҳусн, ҳаммом, сартарошхона, боғҳои фарҳангиву фароғатӣ бунёд карда мешавад.

Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода зимни суханронии худ иброз дошт, ки бо мақсади омодагии ҳамаҷониба ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби аъзои Ҳукумати мамлакат ва кормандони масъули Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин роҳбарони идораҳо ва мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ гурӯҳҳои корӣ таъсис дода шудааст. Гурӯҳҳои корӣ вазифадор гардидаанд, ки якҷоя бо мақомоти иҷроияи маҳаллӣ дар муддати ду моҳ нақшаи корҳои ободонию бунёдкориро омода намуда, иҷрои онро то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ таъмин намоянд. Иттилоъ дода шуд, ки дар асоси нақшаи тасдиқгардида роҳбари гурӯҳи корӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода мебошад.

Дар мулоқот ҳамзамон таъкид гардид, ки фаъолони ноҳия бояд дар моҳи шарифи Рамазон ҷиҳати дасти кумак дароз кардан ба ятимону маъюбон ва ниёзмандону камбизоатҳо тадбирҳои зарурӣ андешида, садақаи фитрро ба қишри ниёзманди ҷомеа дастрас намоянд.

Сипас, Муовини Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилшод Исматуллозода, раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Шоҳиён, вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода, роҳбари гурӯҳи корӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода суханронӣ намуда, оид ба сиёсати бунёдкоронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба таври сазовор истиқбол гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ, дастгирии ниёзмандон дар моҳи шарифи Рамазон ва саҳмгузории сокинон дар корҳои ободониву созандагӣ ибрози андеша намуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh