Парадокси Кабирии ватанфурӯш ва сиёсати Эрон

Ҳангоме ки доир ба ҷиноятҳои содиркардаи наҳзатиён аз давраи таъсисёбиашон, махсусан солҳои ҷанги шаҳрвандӣ, баъди ҷангӣ ва давраи баъдиҷангӣ маълумотҳо паҳн карда мешавад, аъзоёни гурезаи ин ҳизб, хоҷагони онҳо мисли Эрониён, баъзе сохтору созмонҳои аврупоӣ ба ном ҳимояткунандаи ҳуқуқи инсон, чунин маълумотҳоро муғризона, тӯҳматангез мешуморанд.

Ҳатто ҳизби мазкурро ва сарварони онро, ҷабрдидагони муборизаи сиёсӣ дар Тоҷикистон шуморида аз ҷиҳати сиёсиву иқтисодиву молиявӣ дастгирӣ мекунанд, ки инсони боақл бо шунидани ин хабар ангушти ҳайрат мегазад. Зеро нафароне, ки сабабгори асосии рӯзи сиёҳу тираи миллати мо буданд, имрӯз худро мисли мусичаи бегуноҳ вонамуд мекунанд. Мехоҳанд таърихро аз нав бинависанду худ мисли Суҳробу Рустами Фирдавсӣ қаҳрамонӣ нишон диҳанд. Лек ин қаҳрамонии онҳо, мисли қаҳрамонии байни хоину ватанфурӯшон аст. 

Аммо дар Тоҷикистон ва берун аз он кам нестанд одамоне, ки ба тарғиботи гӯё накӯкоронаи ҳизби наҳзат фирефта шуда, ба он шомил гаштаанд. Танҳо баъди дарк кардани мақсади аслии ин ҳизб, ки ба даст даровардани ҳокимияти муфт ва бунёд кардани давлати ба ном исломӣ аст, аз кардаашон пушаймон шуда, онро тарк кардаанд. Аксаран чунин одамон дар сӯҳбатҳои маҳрамона фаъолияти ҳизби собиқи худро зери танқид мегиранд, дар бораи амалҳои харобиовари он нақл мекунанд, аммо аз озодона ба таври расмӣ баён намудани мавқеашон истиҳола мекунанд. Зеро дар вақташ, махсусан дар арафаи интихобот ва маъракаҳои сиёсӣ, наҳзатиён дар байни аъзоён ва ҷонибдоронашон шиори «Касе ки бар зидди ҳизби наҳзат аст, зидди ислом аст»-ро тарғиб мекарданд. Аксарияти собиқ аъзоёни ин ҳизб фарқияти куллии ҳизби сиёсии ба ном исломиро аз дини мубини Ислом хуб дарк намекарданд.

Вақте бо мӯҳтавои мусоҳибаи собиқ қумондони мухолифин Ҳаким Қаландаров, ки дар вақташ ҷонибдор ва муборизи ғояҳои наҳзатиён, иштирокчии фаъоли муборизаи мухолифин, шинос мегардӣ, равшан зоҳир мегардад, ки наҳзатиён аз кишвари ба ном «дӯст»- Эрон ҳарҷониба дастгирӣ ёфта, маблағхои зиёде барои пешбурди фаъолияташон гирифта будаанд. Мувофиқи маълумоте ,ки дар рафти мусоҳиба Ҳ.Каландаров баён кардааст, роҳбарияти ТЭТ ҲНИ ҳатто  аз бадбахтии гурезагон ва муҳоҷирони тоҷик истифода намуда, маблағҳои барои онҳо ҷудо шударо, барои таъсис додани бизнеси худ ва аъзоёни оилаашон истифода намудаанд. Бо ин роҳ маблағҳои аз хориҷ ворид шударо ҳамчун даромади бизнеси худ маънидод мекарданд. Чунин ақидаро собиқ корманди амнияти наҳзитиён Сиёҳаков (номаш ба худаш муносиб) низ дар мусоҳибааш изҳор карда буд, ки барои роҳандозӣ намудани нақшаҳои гуногуни ҳизби наҳзат ба онҳо маблағҳои калон ворид мегардид ва ин пулҳои нақд барои тарҳрезӣ кардани нооромиҳо ва амалӣ гардонидани амалҳои террористии харобиовар дар қаламрави Тоҷикистон масраф мешуд.

Аксаран барои  ба даст овардани маблағҳои хориҷӣ, мувофиқи ақидаи Сиёҳаков ва Ҳакимов, ТЭТ ҲНИ худро пешсафи ИНОТ (Иттиҳоди нерӯҳои оппозитсияи тоҷик) нишон дода,  пулҳоро аввалан ба буду боши худ, сониян барои роҳандозӣ намудани амалҳои низомӣ дар ҳудуди Тоҷикистон истифода мебурданд. Зиёда аз ин ду сарватманди эронӣ ба аъзоёни оппозитсияи тоҷик изҳор доштаанд, ки онҳо ба ҳисоби Назарзода як миллион доллари амрикоӣ маблағ гузаронидаанд. Магар бе дастгирии молиявии хориҷӣ, махсусан Эрон як мансабдори ҳарбӣ дар шахси Назарзода метавонад пинҳонӣ гурӯҳи мусаллаҳ таъсис дода,  кӯшиши табаддулоти давлатӣ кунад?

Аслан, барои охири асри ХХ ва ибтидои асри ХХI «инқилобҳои ранга», «инқилобҳои лолагин» ва «баҳори араб» хос буда, дар ин ҷода эрониён баъди ИМА дар сафи пеш буда, барои амалӣ гардонидани ҳадафҳои худ ба қувваҳои мухолифи гуногун дар кишварҳои араб ва ҳатто дар мамлакатҳое, ки гӯё дӯст мешуморанд,  кӯмак мерасонанд. Ин раванд то ҳол идома дорад. То  ба имрӯз пушту паноҳ ва такягоҳи наҳзатиёни хоин ва Кабирии ватанфурӯш Ҷумҳурии Исломии Эрон аст.

Хушбахтона,  халқи ҷафокаши мо гарчанде дер бошад ҳам, сиёҳро аз сафед ва ботилро аз рост ҷудо намуда истодааст. Эътирози ҷомеаи шаҳрвандӣ назди сафоратхонаи Эрон дар шаҳри Душанбе нишона аз суханҳои болост. Аз ҳамаи шаҳрвандон ва махсусан ҷавонон даъват ба амал меовардем, ки эътирози назди сафорахонаи Эронро ҷонибдорӣ намуда, муқобили ингуна душманони зери ниқоби “дӯст” мубориза баранд.  

С.Муртазоев
устоди ДДҲБСТ

Add comment


Security code
Refresh