МАВҚЕИ ШИАГАРОИИ ЭРОН ДАР ҲУДУДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

Муносибати шиагароёнаи Ҷумҳурии Исломии Эрон нисбат ба кишварҳои Осиёи Марказӣ аз солҳои 90-уми асри ХХ оғоз ёфта, бо ин роҳ Эрон мақсади барпо намудани муҳити умумиисломиро дар кишварҳои минтақа пеш гузоштааст. Ҳатто фикр ҳам меравад, ки Эрон бо мақсади эҳё намудани империяи қадимаи худ кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқозро мавриди таъсири геополитикӣ қарор додааст ва дар ин ҷараён таълимоти динии шиагароёнаро васеъ истифода менамояд.

Бояд дар назар дошт, ки Эрон айни ҳол маркази ташаккули мазҳаби шиа ва идеологияи шиагароёна мебошад. Дар Эрон 89% аҳолӣ шиамазҳаб ва 9% аҳолӣ суннимазҳаб буда, исломи равияи шиа ҳамчун мазҳаби давлатӣ ва дар сатҳи олии расмӣ амал мекунад.

Бинобар ин, тибқи маълумоти сарчашмаҳо, имрўз таҳти таъсири Эрон фаъолияти шохаи шиа инкишоф ёфта, дар давлатҳои гуногун на танҳо ҷамоаҳои аҳли шиа афзоиш ёфта истодаанд, балки фаъолнокии онҳо ба назар мерасад. Чунин ҷамоатҳо мавқеи мустаҳками иқтисодиву молиявӣ доранд, зеро тибқи маълумоти сарчашмаҳо, дар кишварҳое, ки пайрави таълимоти шиа мебошанд, зиёда аз 70% захираҳои нафти ҷаҳонӣ ҷой доранд.

Гуфтан лозим аст, ки мустаҳкам гардидани мавқеи Эрони шиагаро дар ҳудуди Осиёи Марказӣ бо якчанд омил вобастагии зич дорад. Аз ҷумла, ворид шудани Тоҷикистон ва дигар ҷумҳуриҳои собиқ шўравӣ ба Созмони ҳамкории исломӣ чун омили пурқувват шудани таъсири Эрон дар ин минтақа гардидааст.

Дар ҳудуди Осиёи Марказӣ сиёсати шиагароёнаи Эрон тавассути дар амал татбиқ сохтани барномаҳои рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ, молиявӣ ва фарҳангӣ ба роҳ монда шудааст. Аммо бояд дар назар дошт, ки аксари аҳолии кишварҳои минтақа суннимазҳаб буда, пайрави мазҳаби ҳанафия мебошанд. Чунин ҳолат ба татбиқи сиёсати шиагароёнаи Эрон, албатта, мамониатҳои ғоявиро эҷод менамояд.

Ба фикри аксари муҳаққиқон, бо назардошти чунин хусусият барои Эрон ба роҳ мондани муносибатҳои ҳамкорӣ бо Тоҷикистон қулай аст, зеро дар Тоҷикистон аксарияти аҳолии Бадахшони кўҳӣ пайрави таълимоти шиаи равияи исмоилия мебошанд. Чунин ҳолати мусоидро Эрон дар муносибат ба Туркманистон ва Қирғизистон  низ истифода кардааст.

Бинобар ин, аз солҳои 90-уми асри ХХ Эрон сиёсати фаъоли худро дар самти паҳн намудани инқилоби исломӣ дар кишварҳои номбурда ва ба аҳли шиа табдил додани ҷомеаи онҳо татбиқ менамуд.

Аммо бояд дар назар дошт, ки барои Эрон ба роҳ мондани чунин сиёсат дар муносибат бо Ўзбекистон ва Қазоқистон душвориҳои муайянро эҷод кардааст.

 Ба ҳамин тарз, сиёсати шиагароёнаи Эрон дар замони муосир бо роҳи паҳн намудани таълимоти шиа дар кишварҳои гуногун тавассути истифодаи усулҳои мухталиф, хусусан, созмон додан ва дастгирӣ намудани ҳизбу ҳаракатҳои динӣ-сиёсӣ, ҳарбӣ ва экстремистӣ, ташаккули муносибатҳои ҳамкории фарҳангӣ, иҷтимоӣ ва молиявӣ ба назар мерасад. Дар ин самт, албатта доктринаи мактабҳои динӣ-ҳуқуқии шиа, аз ҷумла, зайдия ва имомия асоси назарии чунин сиёсатро ташкил медиҳанд.

Обидов Д.
устоди ДДҲБСТ

Add comment


Security code
Refresh