ШУКРГУЗОРӢ АЗ ДАВЛАТИ ТИНҶУ ОБОД, ВАЗИФАИ ҶОНИИ ҲАР ЯК СОКИНИ ҶОМЕА

Гурӯҳи нохалаф аъзои ҳизби экстремистии наҳзати исломӣ мебошад, ки амалҳои хоинонаи худро ҳоло ҳам берун аз хоки Тоҷикистон идома дода истодааст.  Аммо аз ин ҳам бадтар, роҳбарони ҳизби мазкур на танҳо халқу миллату ватан, балки мазҳаби аҷдодии худро ҳам фурӯхта, мазҳаби бегонаро қабул кардаанд. Далелҳои бисёр, шоҳидии аъзоёни пештараи ҳизб, навору суратҳои зиёд ҳамаашон нишони онанд, ки роҳбарони  ҳизби наҳзат ба хотири дунё ва молу қудрат мазҳаби аҷдодии худро ба чанд пул фурӯхта, ба мазҳаби бегонаи шиа даромадаанд.

Дар ин бора мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол филми мустанадеро, ки аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии кишвар  оиди зархаридон ва хоҷагони хориҷии онҳо, ки ба арзишҳои маънавиву илмӣ ва равшанфикрони миллати тоҷик зарбаҳои ҷонкоҳ заданд, тамошо карданд ва нисбати ин гуна ашхос, ки ба миллати хеш хиёнат карданд, лаънату нафратҳо хонданд. Бояд гуфт, ки ин гуна инсонҳо, ки ба миллати хеш, арзишҳои миллӣ, дину расму оини худ баҳри молу чиз хиёнат кардаанд, ҳеҷ гоҳ бахшида намешаванд.

Боиси хушнудиаст, ки имрӯзҳоТоҷикистони азиз дар фазои сулҳу субот қарор дорад, дорои қудрату нерӯи бузургест, ки ҳамагуна террористон ва дигар ашхоси хиёнаткорро шикаста пора созад. Мисоли равшани ин ҳодисаҳои моҳи сентябри соли 2015 буд, ки қувваҳои қудратии кишвар дар як муддати кӯтоҳ террористон ва ҳамаслакони онҳоро несту нобуд сохт.

Бегонапарастӣ ва рӯй овардан ба мазҳаби дигар дар шароити имрӯза муаммои дигарест, ки ҷомеаи созандаи моро қарор намегузорад.

Бояд зикр намуд, ки дар байни аксари роҳбарияти ТЭТ ҲНИ ба шахсияти бузурги олами шиа, роҳбари инқилоби Эрон Оятулло Хумайнӣ муридӣ ҷой дошта, онро бо эҳтиром «Ҳазрати Имом» меномиданд. Дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ бошад, роҳбарони наҳзат ба Эрон фирор намуда, бо оилаҳои худ дар ин кишвар зиндагӣ мекарданд. Дар ин давра аз онҳо С.А.Нурӣ, Саъдидини Рустам, Сайидиброҳим Назаров, Эшони Қиёмидин, Шамсиддин Саидов ва ғайраҳо дар Теҳрон истиқомат доштанд ва китобҳои мазҳаби шиаро мехонданд.

Дар назди сафоратхонаи Эрон даҳҳо нафар шаҳрвандони  ватандӯсти кишвар  бо шиору овезаҳо ҷамъ омадаанд, дар бораи дастоварҳоии кишвар тайи солҳои истиқлолият сухан гуфта, ҳамчунин зикр мекарданд, ки ҳеҷкас ҳуқуқ надорад ба сиёсати давлатии Тоҷикистон дахолат кунад. Ин баромади шаҳрвандон бар зидди гурӯҳ ва ҳаракатҳое, ки ба сиёсати давлатии мо дахолат мекунад равона гардидаанд. Зимнан аз намояндагии Эрон талаб намуданд, ки  ҷавонони тоҷикро аз муассисаҳои динии Эрон баргардонанд, то ки онҳо гумроҳ нагарданд.

Имрӯз ҳамаи шаҳрвандони азизи кишвари мо дар атрофи сиёсати созандаи давлату ҳукумат муттаҳид гардида баҳри гул-гул шукуфии Тоҷикистони азиз фаъолият карда истодаанд. Набояд гузошт, ки ба пешрафти бонизоми кишвар ягон афрод ва гурӯҳ таъсири манфии худро расонад.

Мо дар шароити сулҳу субот ва ҳамдигарфаҳмии комил имрӯзҳо кору фаъолият карда истодаем ва ин ҳама натиҷаи истиқлолият ва ваҳдати миллист. Фарзандони бонангу номуси миллат  ва ҳамаи шаҳрвандони кишвар вазифадоранд, ки  бо шукргузорӣ аз давлати соҳибистиқлол ва Ватани соҳибихтиёр ба хотири ҳимояи  истиқлолияту озодӣ, таҳкими суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллату  давлатамон саъю талош намоем.

Алимов Б.
устоди ДДҲБСТ

Add comment


Security code
Refresh