ЧАРО ЭРОН САРПАНОҲИ НАҲЗАТИЁН АСТ?

Дар сиёсати хориҷии ҳар як давлат масъалаи муносибати байнидавлатӣ аҳамияти хеле калон дорад. Зеро, аз сиёсати хориҷӣ   сиёсати дохилӣ ва амнияти давлату миллат пайванди ногусастанӣ дорад. 

Дар моддаи 11 Конститутсия чунин қайд шудааст: «Тоҷикистон сиёсати сулҳҷӯёнаро ба амал татбиқ намуда, соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти дигар давлатҳои ҷаҳонро эҳтиром менамояд». Аз рўи ин моддаи Конститутсияи худ Тоҷикистон амал намуда, қариб бо тамоми давлатҳои ҷаҳон, хоссатан давлатҳои ҳаммарзу ҳамсоя муносибати дўстонаро ба роҳ мондааст. Аз ҷумла, имрӯз давлати мо бо ҳамаи мамлакатҳои ҳамсарҳад аз қабили Ӯзбекистон, Қирғзистон, Чин ва Афғонистон робитаҳои неку густурдаро ҷорӣ намудааст.

Тоҷикистон дар сиёсати хориҷии худ “сиёсати дарҳои боз”-ро аз соли 2003 пайгирӣ намуда, бо ҳамаи давлатҳо ва созмонҳи ҷаҳониву минтақавӣ муносибатҳоро тақвият бахишдааст. Аз зумраи чунин давлатҳо Ҷумҳурии Исломии Эрон ба ҳисоб мервад, ки соли 1992 муносибатҳои дипломатӣ ба роҳ монда шуда, сафоратхонаи он дар шаҳри Душанбе боз гардидааст. Аммо ин ҳама имкониятҳоро ҷониби давлати “дӯст” бар мо, бо мақсади амалӣ намудани мақсадҳои ғаразноки хеш ба корҳои номатлуб даст зада истодаанд. Бо ин кирдори худ амнияти дохилии давлати  моро халалдор карданианд.

Ҳамин омилҳо боис гардиданд, ки тайи чанд соли охир муносибати Эрон на онқадар хуб аст. Дар баробари ин ҳангоме, ки соли 2015 фаъолияти Ҳизби наҳзати ислом дар Тоҷикистон боздошта шуд ва раиси ҳизби мазкур Муҳиддин Кабирӣ ба хориҷа фирор кард. Давлати Эрон ба хиёнаткор Кабрирӣ ва аъзоёни ҳизби мазкур паноҳгоҳи сиёсӣ дода, барои аз берун амалӣ намудани амалҳои иғвоангезаашон шароит муҳайё намуд. Мисоли равшани он дар конференсияи Теҳрон даъват гардидан ва аз ҷониби роҳбарияти олии давлати бар мо “дӯст” пазируфтани Муҳиддин Кабирӣ боиси нигаронӣ аст.

Қайд кардан бамаврид аст, ки ин сиёсати пешгирифтаи Эронро халқи Тоҷикистон, хоссатан ҷавонон мушоҳида карда истодаанд. Зеро, имрўзҳо ҷавонони мо аз шабакаи интернетӣ ба таври васеъ истифода бурда, аз вазъияти байналмилалӣ бохабар ҳастанд. Дар натиҷа кор ба ҳадде расид, ки санаи 21 майи соли ҷорӣ дар назди сафоратхонаи Эрон зиёда аз 50 нафар ҷавонон ҷамъ омада, гирдиҳамоӣ ташкил намуданд. Мувофиқи маълумоти расонаҳои хабарӣ эътирози ҷамъомадагон зиёда аз 30 дақиқа давом карда. Гирдиҳамомадагон бо шиорҳои гуногун: «Дафъ шавад Кабирӣ», «Мо ҳодисаҳои 1992-2000-ро намехоҳем», «Шумо аз халқи Тоҷикистон чӣ мехоҳад» ва ғайра баромад намуданд. Баъдан аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ онҳо пароканда карда шуданд.

Тааҷҷубовар аст, барои чӣ Эрон Кабириро чунин дастгирӣ намуда, ҳатто барои ташкил намудани ҳаргуна ҷамъомадҳои шароит фароҳам меоранд. Дар натиҷаи муҳайё шудани шароити мусоид Кабирӣ мақсадҳои нохалафонаи худро бо роҳҳои гуногун амалӣ карданӣ мешавад.

Боварӣ дорем, ки ҳувияти миллии ҷавонони мо баланд аст ва барои ҳифзи марзу буми Ватани азизамон Тоҷикистон мубориза мебаранд. Аз ҳамаи шаҳрвандони мамлакат даъват ба амал меорем, ки эътирози ҷавонони мамлакатро назди сафоратхонаи Эрон дастгирӣ намояд.

Шарипов М.
устоди ДДҲБСТ

Add comment


Security code
Refresh