ХОИН ВА ВАТАНФУРУШ ҲАРҶО БОШАД, БОЗ ҲАМОН АСТ

Аз азал мардумони мо мавқеи худро нисбат ба хиёнаткорону бадандешон муайяну мушаххас намуда, ҳамагуна кирдору рафтори разилонаи онҳоро маҳкум менамуданд. Ба ҳамагон маълум аст, ки ҳадаф ва ниятҳои нопоки хоинон бар зидди арзишҳои миллӣ, ин ё он раванди рушди ҷомеа, шахсиятҳои пешсаф ва барӯманд равона гардида, онҳо мехоҳанд бо рафтори хиёнаткоронаи хеш ба ҷомеа таъсири манфии хешро расонанд.

Мутаассифона, дар Тоҷикистони азиз низ бо вуҷуди фаъолияти шахсиятҳои бузурги илму адаб, донишмандон, олимону мутафаккирон, нобиғаҳои айём боз иддае аз фарзандони нохалаф ва хиёнатпеша мавҷуданд, ки бо супориш ва сарпарастиву роҳнамоии хоҷагонашон мехоҳанд бар зидди сулҳу суботи кишвар, оромиву якдилӣ ва ваҳдати ҷовидонӣ садо баланд кунанд. Бахусус, дар замони соҳибистиқлолии мамлакат  пасипардагӣ амал намудани ташкилоти экстремистӣ-террористии Ҳизби наҳзати исломӣ ва хоинони миллати тоҷик Муҳиддин Кабирӣ, Саидумар Ҳусайнӣ, Муҳаммадалӣ Ҳаит ва дигар гумроҳони наҳзатӣ, тарҳрезии нақшаҳои тахрибкоронаву хиёнаткорона бар зидди сулҳу суботи кишвар, барангехтани кинаву адовати милливу динӣ дар қалби ҳамватанон аз амалҳое буд, ки Тоҷикистони тозаистиқлолро ба арсаи ҷанги шаҳрвандӣ кашонид.

Он замон саркардагони ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон роҳбари иттиҳоди нерӯҳои мухолифини Тоҷикистон Саид Абдуллои Нурӣ ва дигар гумроҳон дар Тоҷикистон оташу алангаи ҷангро барафрӯхта ба кишварҳои хориҷ паноҳ бурда, аз дур бо дастгирии хоҷагонашон низоъҳои дохиликишварро сармоягузорӣ менамуданд. Ин гумроҳони оҳи падар гирифта бо истифода аз фазои холии динӣ мардумро рӯйрост барои мубориза бар зидди ҳокимияти конститутсионӣ ва ҳукумати қонунӣ даъват менамуданд.

Чун дар Тоҷикистон амалҳои разилонаву манфури хоинони миллати тоҷик ошкорову ҳизби касифашон террористӣ эълон гардид.  Ин разилон дар хориҷ истода ба гумроҳкунии ҷавонон ва муҳоҷирони меҳнатӣ даст зада, анҷуман ва ҷунбишҳои ифротии худро таъсис дода истодаанд. Аслан агар ба фаъолияти роҳбарони ингуна ташкилотҳои ифротӣ назар афканем, маълум мегардад, ки пайравӣ кардани онҳо на ба тарозуи ақл рост мегираду на ба тарозуи одамигарӣ. Зеро кореро, ки роҳбарони ин сохмтонҳои тахрибкор анҷом додаанд боиси нафрат аст. Масалан, агар ба таври мухтасар назар кунем, Сайид Абдуллоҳи Нурӣ муассиси ҳизби наҳзат ва яке аз саркардагони ҷанги шаҳрвандӣ мебошад. Муҳиддин Кабирӣ яке аз гумроҳон ва хиёнаткорон, саркардаи амалиёти табаддулоти давлатӣ ҳамроҳи генерали хоин Абдуҳалим Назарзода. Алим Шерзамонов сухангӯи Анҷумани озодандешон яке аз фиребгаронест, ки аз бонкҳо қарзҳои зиёд гирифта, онҳоро тасарруф ва гуреза шудааст. Сайидюнуси Истаравшанӣ яке аз фурӯшандаи мазҳаби ҳанафӣ. Шарофиддин Гадоев шогирди хоини миллат Умаралӣ Қувватов, ки дар куштори устодаш даст доштааст ва даҳҳо дигарро метавон номбар кард.

Хулоса, ин нохалафонро дар кирдору рафторашон ҳатто як омили пайравикунанда дида намешавад ва паси ҳар амалу рафтори онҳо хоҷаашон  яке нуҳуфтааст. Бешак, гуфтан ҷоиз аст, ки хоин ба ҳар диёр лаъину касофат аст ва ҳеҷ гоҳ аз роҳи бади хеш нахоҳад гашт.

Аз ин рӯ, мо, калонсолон вазифадорем, ки насли ҷавон ва шаҳрвандони худро аз фиреби ингуна гурӯҳҳои ифротӣ ва шахсиятҳои иғвогар дур нигоҳ дорем. Нагузорем, ки фирефтаи ақидаҳои иртиҷоии онҳо гарданд.

Ф.Воҳидов

Add comment


Security code
Refresh