ПЕШГИРИИ ЗУҲУРОТҲОИ МАНФИЕ, КИ БА МИЛЛАТИ МО ХОС НАБУДА

Экстремизм ифодаи амали тундагаронае аст, ки бар муқобили амнияту оромии ҷомеа равона гардидааст. Дар байни экстремизм экстремизми динӣ ҷойгоҳи махсусро соҳиб аст. Экстремизми динӣ маънои мутаассиб дар дин ва маҳзаб буда, амалҳои худро бо номи дин ба иҷро мерасонад. Яъне зери таъсири андешаи бофтаи динӣ аз доираи таълимоти динӣ берун баромада, амалҳои тундгаронаи худро дар ҳаёти рӯзмарраи худ татбиқ мегардонад.

 Омили мазкур мубадддал гардидани исломи мўътадил ба “исломӣ номуътадил” ё “идеологияи радикалӣ” боис мегардад.  Дар натиҷа ашхоси зери таъсири  ҷаҳонбинии тундгароёна қарор гирифта, аз ҷониби гурўҳҳои экстремистӣ ба монанди «Ваҳҳобия», «Салафия», «Ҳизб-ут-таҳрир», «Ҳаракати исломии Ўзбекистон», «Гурўҳи исломии Туркистони Шарқӣ», «Ал-қоида», «Конгреси халқии Курд», «Бародарони мусалмон» ҳаракати «Толибон», «Давлати Исломӣ» ва дигарон сўистифода мегарданд. Ин ҳаракатҳо бо ном аз ҳамдигар фарқ кунанд ҳам, аммо аксаран ҳадафи ягона доранд. Яъне кору пайкори онҳо бедор намудани ҳисси “таҳаммулнопазирӣ” ва ё бадбинии динӣ дар ҷомеа ва дар мафкураи мардум бедор намудани ҳисси эътироз, низоъ ва ҷангро доранд. Онҳо дини исломро ҳамчун силоҳи идеологии худ истифода мебаранд. Барои нафарони соҳибмаълумот ва огоҳ аз дин маълум аст, ки ҳеҷ гоҳ дини мубини ислом пайравони худ ва дигар аъзоёни динҳоро ба қатлу куштор ва озор додани якдигар талқин накардааст. Лек нафарони аз дин бехабар аз номи дин бар муқобили арзишҳои диниву мазҳабӣ ва милливу давлатӣ баромад мекунанд.

  Ҳоло ифротгароӣ чун дар дигар гўшаву канори олам, дар фазои минтақаи мо низ аз худ дарак медиҳад, ки хатари асосии амнияти ҷомеа маҳсуб меёбад. Аксари коршиносон омилҳои гуногун ба вуҷудоии ифротгароӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ дар чунин мебинанд:

  - ташвиқи васеъ пайдо намудани ғояҳои экстремистӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ;

  - дар сатҳи баланд қарор доштани сатҳи ришваситонӣ дар муассисаҳои давлатӣ, ки зарфияти эътирозиро дар байни аҳолӣ ба вуҷуд меорад;

  - афзоиши шумораи ҷавонони бекор ва бемаълумот;

  - сатҳи пасти маърифати динии ҷомеа, бахусус ҷавонон, ки байни дини ҳақиқӣ ва таассубу тафовут намегузоранд;

  - бетаваҷҷўҳии волидон нисбат ба тақдири ояндаи фарзандон ва аз тарбияи волидон дур мондани аксари ҷавонон;

  - дарк нагардидани мафҳуми асосии ҷиҳод аз дидгоҳӣ таълимоти исломӣ;

  - исломикунонии маҷбурии ҷомеа, аз ҷумла ворид намудани фарҳанги бегонаи исломӣ, аз қабили ҳиҷоб, ришҳои бетартиб ва либосҳои бегона;

  - пайдоиши тафриқа миёни мусалмонони ҷомеа ва ба вуҷуд омадани як қатор гурўҳҳои ифротӣ;

  - аз ҷиҳати ҷуғрофӣ дар минтақаи нисбатан хатарзо ва наздик будан ба кишварҳои тавлидгари экстремизми динӣ (Афғонистон ва Покистон);

- муқовимат нишон дода натавонистани исломи «расмӣ» бар муқобили исломи «ғайрирасмӣ», ки аз хориҷ таҳмил гаштааст;

  - талоши кишварҳои хориҷӣ барои ноором кардани вазъи сиёсӣ дар Осиёи Марказӣ ва сўйистифода аз омили исломӣ ва амсоли инҳо.

Аз воқеаҳое, ки дар хоки давлатҳои Арабу Африқо сар зада истодаанд, маълум мегардад, ки барои ифротгаро ягон муқаддасот, ҳатто Ватан, миллат, дину мазҳаб арзише надоранд. Онҳоро бо ҳар роҳу равиш афроди равшанфикр ва мутахассисони варзидаи миллиро нобуд месозанд, то аз маҳви бесаводии аҳолӣ истифода намоянд. Ин гурўҳҳо зери таъсири ақидаҳои тунду ғаразнок ҷавонҳоро ба сафи гурўҳҳои экстремистии хеш шомил гардонида ба иҷрои ҳама гуна амалҳои ғайриинсонӣ, монанди қатлу куштори роҳи рости худ тайёр менамоянд.

Мутаассифона, эшон аз номи дини мубини ислом ҳарф зада, ба шаъни ин дини муқаддас иснод оварда, мардумро фирефтаи худ ва дар байни ҷомеа исломбадбиниро ба вуҷуд меоранд. Дар натиҷа иддае аз ҷавонони раҳгумзадаи минтақа дар баробари ба гирдоби ҷанги бемаънӣ афтодан, инчунин ҳамсару фарзандони худро низ ба кишварҳои ҷангзада даъват намуда, ҳаёти онҳоро низ дар хатар мегузоранд. Оиди ин масъала қариб аксари давлатҳои Осиёи Марказӣ дарди ягона доранд. Оилаҳои ҷавон бо ҳамсару фарзандони худ барои буду бошт ба қаламрави ба ном давлати исломӣ раҳсипор мешаванд. Лек дар охир худи онҳо кушта ва ҳамсару фарзандонаш мисли ғулом зиндагӣ мекунанд. 

Омилҳои дар боло зикргардида метавонанд дар оянда барои давлатҳои Осиёи Марказӣ, хатари ҷиддӣ ва таҳдиди бузург ба амнияти миллӣ гарданд. Равандҳое, ки айни ҳол дар муҳити динии мамлакат рух дода истодааст, таваҷҷўҳи бештари мардуми кишварро ба худ ҷалб намудааст. Бинобар ин, шаҳрвандони мамлакати моро зарур аст, дар самти мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва мубориза бо кирдорҳои коррупсионӣ бо мақомотҳои қудратӣ дар робита бошанд. Нагузоранд, ки аз қафои амалҳои ҷаҳонсӯзӣ онҳо осмону софу беғуборӣ мо тираву сиёҳ гардад. Мубориза бо амалҳои номатлуми замони муосир, аз ҷумла ифротгароиву тундгароӣ ва қочоқи маводи мухаддир амали дастаҷамъонаро талаб менамояд, ки ҳар як фарди мамлакат дар ин роҳ вазифадор ҳастанд.

Бобоҷонова З.Ғ.
устоди ДДҲБСТ

Add comment


Security code
Refresh