Террористу ифротгаро на сарҳадро эътироф мекунаду на давлатро...

Вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави «ҷанги сард» боиси нигаронӣ гардидааст. Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт.

Тоҷикистониён, ки ҷанги шаҳрвандиро аз сар гузаронидаанд, бо зуҳуроти зишти ин падидаи ғайриинсонӣ аз наздик ошно буда, ҷонибдори сулҳу амонӣ ва оромии ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошанд. Алъон вазъи марбут ба аъмоли террористӣ дар ҷаҳон муташанниҷ боқӣ мемонад. Сарфи назар аз тадбирҳои солҳои охир андешидашуда дар бахши мубориза бо терроризм таҳдиди амалҳои нави террористӣ на фақат аз байн нарафтааст, балки афзоиш ёфтааст. Дар гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон фаъолшавии созмонҳои террористӣ ва ниҳодҳои маблағгузори онҳо ба мушоҳида мерасад. Тибқи маълумоти коршиносон имрӯз дар ҷаҳон тақрибан 500 созмони террористии пинҳонкор амал мекунад. Ҳамасола дар арсаи терроризм дар маҷмӯъ аз 5 то 20 миллиард доллари амрикоӣ сарф карда мешавад. Солҳои охир дар Аврупо, Амрико, Ховари Миёна, Африқо, кишварҳои Балкан, Осиёи Марказӣ ва дигар давлатҳо амалҳои даҳшатноки террористӣ ба вуқӯъ пайвастаанд. Ҳоҷат ба баён нест, ки ҷуғрофияи амалҳои бераҳмонаи террористӣ торафт васеъ мешавад.

Терроризм иҷрои амалҳоест, ки бо мақсади ҷисман нобуд сохтани ҳарифи сиёсӣ, ба амал овардани хавфу хатар барои одамони бегуноҳ ва ё бевосита нобуд сохтани онҳо, халалдор сохтани амнияти ҷамъият бо мақсади ба амал овардани вазъияти биму ҳарос ва тарсондани аҳолӣ истифода мешавад.

 Имрӯз терроризм беш аз пеш хусусияти фаромиллӣ ва глобалӣ касб мекунад. Он дар минтақаҳои том ва умуман ҷаҳон доман паҳн карда, хатари бузурги иҷтимоӣ дорад ва ба амнияти давлатҳои алоҳида ва минтақаҳо таҳдид менамояд.

Маълумоти оморӣ нишон медиҳанд, ки аз соли 2000 то соли 2018 дар миқёси ҷаҳон 72135 маротиба амали террористӣ гузаронида шудааст.

Аз ин лиҳоз, дар шароити торафт тезутунд гардидани раванди ҷаҳонишавӣ, ки баъзе қувваҳои носолим дини мубини Исломро ҳамчун воситаи ангезишҳои сиёсӣ ва барои амалӣ намудани манфиатҳои гурӯҳӣ истифода мебаранд, моро зарур аст, ки зиракиву ҳушёриро аз даст надиҳем.

Имрӯз садҳо ҷавонони кишвар, ки дар муассисаҳои динии ғайриқонунии мамолики хориҷа таҳсил мекарданд, ба Ватан баргардонида шуда, барояшон шароиту имконоти мусоиди таҳсил ва кору зиндагӣ муҳайё карда шудааст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон муборизаро бар зидди терроризм ҳамчун вазифаи муҳимтарини таъмини амнияти миллии худ, минтақа ва ҷаҳон баррасӣ намуда, барои тақвияти минбаъдаи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин самт талош меварзад. Мо - омӯзгоронро зарур аст, ки барои ҳамаҷониба густариш бахшидани худшиносиву худогоҳии миллӣ, ҳисси ватандӯстиву ватандории мардум ва баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии аҳолии кишвар, бахусус, ҷавонону наврасон камари ҳиммат бандем.

Илҳомҷон Комилов,
директори Коллеҷи тиббии
шаҳри Хуҷанд ба номи Ю.Исҳоқӣ,
Мавлудахон Маҳмудова,
Омӯзгор

Add comment


Security code
Refresh