КАБИРӢ - ИЛЛАТИ МИЛЛАТ

Мардуми бофарҳангу тамаддунофари тоҷик cолҳо барои муаррифии суннат ва ойинҳои деринаву аҷдодӣ, таҳкими сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ, ҳамзистиву якмаромӣ кӯшишҳои судмандро рӯи кор гирифта, барои расидан ба дастовардҳои назаррас аз тамоми имкониятҳо истифода намуд. Ҳамеша мардуми меҳнатқарини мо рисолати созандагиву бунёдкориро пеша карда, барои саҳмгузорӣ дар шукуфоии кишвар заҳмат мекашад.

Маҳз, бо ба даст омадани соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон иддае аз фарзандони гумроҳ бо супориш ва дастгирии хоҷагони хориҷии хеш кӯшиш намуданд, ки кишварро ба қисматҳо ҷудо сохта, мардумро сарсону парешон ва мамлакатро аз байн бибаранд. Нияту ҳадафҳои ин бадтинатон аз байн бурдани кишвари тозаистиқлол ва бо шеваи хоҷагони худ бунёд намудани кишвари исломӣ буд. Ҳамагон хуб огаҳӣ дорем, ки амалҳои пасипардагӣ ва хиёнаткориҳои бархе аз ҳамватанонамонро дар амри барангехтани кинаву адоват ва ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашидани кишвари тозаистиқлол хурду бузург эҳсос намуд ва бо чашми сар дид. Баръало маълум буд, ки ташкилоти террористӣ-экстремистии ҳизби наҳзати ислом асосан ҳар кору амалашро бо омезиш ба номи дини поку мубини Ислом амалӣ намуда, рӯирост мардумро ба гумроҳӣ даъват мекард.

Ҳамин тариқ, дар замони соҳибистиқлолии кишвар, ки чандин маротиба роҳбари ин ташкилот Муҳиддин Кабирӣ боз ҳам дидаю дониста ин кирдори ҷинояткоронаи хешро идома бахшид.

Яъне Кабирӣ, ки нуфузаш байни аъзову пайравони ҳизбаш паст гардида буд ва қудрати ҷуброни он маблағҳову ваъдаҳояшро надошт, барқасдона амалҳои разилонаашро идома дода, ба ин васила бори дигар наҳзатиёни гумроҳро фиреб кард. Ҳоло ҳам зери қаноти хоҷагонаш ҷайби наҳзатиёнро бо ваъдаҳои пуч пур карда, хонаи онҳоро оташ мезанад, аммо ин бероҳагон бехабаранд.

Қабл аз ҳамчун ташкилоти террористӣ-экстремистӣ эътироф шудани ҳизби наҳзат коршиносону таҳлилгарон, донишмандону олимон, адибону равшанфикрон, фаъолону шаҳрвандони оддӣ бо дарки масъулияти ватандорӣ оид ба амалҳои ғайриинсониву разилонаи он ва аъзоёнаш ҳарф зада, ба Кабириву наҳзатиён ҳушдор доданд, ки чунин амалҳояшонро хотима бахшанд.

Бахусус, моҳи июли соли 2015 - 8657 нафар донишҷӯи макотиби олии вилояти Суғд ба роҳбари ин ҳизб муроҷиат намуда, зикр доштанд, ки аз чунин амалҳои нангин, ки ба нооромии кишвар равона гардидааст, даст кашад ва ҳизби наҳзатро барҳам диҳад. Аммо Кабирӣ дидаю дониста амалҳои хешро идома бахшида, нақшаи дигарбора барангехтани низоъ дар кишвар ва оғоз намудани ҷанги дуввумини шаҳрвандиро тарҳрезӣ мекард.

Мардуми тоҷик, бахусус, ҷавонони мо дарк намоянд, ки сулҳу субот дар Тоҷикистон бо машаққатҳои зиёде ба даст омадааст ва бояд ин неъмати бузургро ҳамчун гавҳараки чашм ҳифз намоем. Зеро дар замони ҷаҳонишавӣ кӯшишҳои ҳама гуна нерӯҳои бадхоҳ гумроҳ намудани ҷавонон ва истифодаи нерӯи ҷисмонии онҳо ба татбиқи ҳадафҳои бадхоҳонаи худ маҳсуб меёбад.

Аз ин рӯ, мардуми диёр, бахусус ҷавонон бо истифода аз шароити мусоиди фароҳамнамудаи давлату ҳукумати кишвар бояд илму дониш ва касбу ҳунарро аз бар намуда, баҳри аз даст надодани зиракии сиёсӣ ва ҳифзу ҳимояи марзу буми хеш аз нерӯҳои бадхоҳ ҷаҳду талош намоянд.

Озод ИСЛОМОВ,
Фарзона САТТОРОВА,
устодони Донишгоҳи давлатии
Хуҷанд ба номи академик
Бобоҷон Ғафуров

Add comment


Security code
Refresh