ТЕРРОРИЗМ ПЕШАИ ИНСОНИ СОҲИБХИРАД НЕСТ!

Чуноне ки аз расонаҳои ахбори дунё иттилоъ дорем, ҳамасола давлатҳои ҷаҳон ва бахусус, Аврупоро таркишҳои мудҳиши террористӣ ва тирпаррониҳои шадид фаро гирифтааст, ки замоне воситаву василаи пайдоиши терроризм ва экстремизмро ба зимма доштанд.

Ин амалҳои ваҳшиёнаи гурўҳҳои зиддиинсонӣ, ки бо номи давлати исломӣ баромад мекунанд, ба номи Ислом танҳо иснод оварда метавонанду дар асл қодир нестанд, ки сохти давлат ва ҷомеаро дигаргун кунанд. Мардуми ҷаҳон аз давраҳои қадим то ба имрўз танҳо барои тинҷию зиндагии хушбахтона мубориза мебаранд. Ба инсони оқил зарурати пурсиши зиёде нест, ки ин ё он фарди ҷомеа дар кадом дин, миллат ва мазҳаб аст. Инсон дар кадом дин, миллат ё нажоде бошад, якдигарро бояд эҳтиром кунад. Ҳар дине, ки дар ҷаҳон пайдо шудааст, мардумро ба тинҷию осоиштагӣ тарғибу ташвиқ мекунад, то якдигарро дўст доранд, ба ҳамдигар хиёнат накунанд.

Аммо мутаассифона, дини ин гурўҳҳои бо ном исломӣ чӣ хел дине аст, ки тамоми ҷаҳонро ба ларзиш ва даҳшат оварда истодааст? Дар ҳадисҳои мубораки Паёмбарамон оварда шудааст, ки «Мусалмон он шахсест, ки аз дасту забонаш ва аз амалаш касе озор набинад». Пас, ин шахсон кӣ ҳастанд, ки муҷиби шиканҷаву озори дигарон мегаштаанд? Кӣ ба онҳо чунин қудрату мақом додааст?

Дар ягон шариати динӣ ва қонуни зиндагӣ ва Сарқонуни тамоми ҷаҳон гуфта нашудааст, ки нафаре инсони дигарро аз зиндагӣ маҳрум созад.

Аммо амалҳои ин гурўҳҳои бо ном «исломӣ» боиси марги ҳазорҳо нафар ва сабаби рехтани ашки модарон шуда истодаанд. Барои ба камол расонидани кўдакон як идда гурўҳҳои манфиатхоҳ ба аҳли башар халал ворид месозанд. Фарзандон чӣ гуноҳ доранд, ки онҳоро ба гаравгонӣ мегиранду мекушанд? Шахсоне, ки ба чунин амалҳои зишт даст мезананд, модар, фарзанд, бародар ва хоҳар надоранд?

Имрўз ҳам ин талошҳо ҷой доранд. Иқдомоти террористони наҳзатӣ тавассути паҳн намудани иттилооти муғризона ва бардурўғ ба ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба худашон, паст задани нуфузи давлатдории миллии мо нигаронида шудааст.

Замоне фаро расидааст, ки қатъи назар аз гуногунии ақидаҳои сиёсӣ ва динию мазҳабӣ дар амри пешгирӣ аз хатарҳои экстремистӣ ва терроризм баҳри саодати мардум, ободии хонаву дар ва ҳифзи Ватани азизамон бояд ҳаммаром бошем!

А.МЎСОЕВ,
мудири ташхисгоҳи об
дар Донишкадаи кўҳӣ-
металлургии Тоҷикистон

Add comment


Security code
Refresh