Вазъи коинот ва низоми олам аз Ваҳдат аст!

Таърихи инсоният собит кардааст, ки рушди босуботу мунтазами ҷомеа аз Ваҳдат вобаста буда, бар асари ҳукмфармо будани носуботӣ идораи давлатҳо ба сакта дучор ва дар натиҷа бесарусомонии иҷтимоӣ фарогири ҷомеа мегардад. Тавре воқеияти объективӣ шаҳодат медиҳад, ҳаёт барои ба эътидол овардани вазъияти сиёсию иқтисодӣ ҷомеаро водор менамояд, ки сулҳу суботро таъмин ва ба ин васила истеҳсоли неъматҳои моддӣ ва рушди маънавиро ба роҳ монад.

Аз нигоҳи илми муосир вазъи коинот ва низоми олам ба ваҳдат ва қонуни ҷозибаи сайёраҳо асос ёфтааст. Аз ин рӯ, ваҳдат на танҳо омили ҳастии ҷамъияту одам, балки асли худи олам ҳам ҳаст ва нафақат сайёраи мо, балки кайҳону коинот ҳам қонунияту низоми муайян доранд, ки ягонагии онҳоро барҷо нигоҳ медорад ва боиси дар сайёраи Замин рушду нумӯъ кардани ҳаёт мегардад. Ин аст, ки ваҳдат асли муносибатҳои миллӣ буда, ба ин васила ҳалли муаммоҳои ҷойдошта дар муносибатҳои миллатҳо арзи ҳастӣ мекунад. 

Ҷамъияти инсонӣ дар дарозои таърих исбот намудааст, ки осудагии мардум танҳо ҳангоми дар муҳити ваҳдат зистан воқеъ мегардад. Аз ин рӯ, он натанҳо арзиши миллӣ, балки умумиинсонӣ низ маҳсуб мешавад, ки барои ҳар макону ҳар замон дархӯр аст.

Инсон дар муҳити ваҳдат ҳамчун моҳӣ дар дарё осудаву озод зиндагӣ ба сар мебарад, худро ҷузъи миллат ҳам мешиносад ва аз афкори маҳдуди қавму маҳалгароӣ раҳоӣ ёфта, манфиатҳои умумимиллӣ ва умумидавлатиро аз маҳаллию шахсӣ авло меҳисобад. Дар натиҷа шахс ба дарки он маънии бузург мерасад, ки ҳастии ӯ танҳо бо ҳастии тамоми мардуму миллат маънову қудрат пайдо менамояд.

Ваҳдат аз ҷониби аҳли адаб ҳамчун падидаи худовандию инсонӣ, иҷтимоию рӯҳонӣ, фардию умумибашарӣ дарк шуда, ҳамчун василае, ки барои расидан ба ҳадафҳои ормонии онҳо хидмат мекунад, ситоиш шудааст. Аз ҳам ҷудоӣ хулқу атвори инсон нест, чизе, ки инсонро инсон месозад, ваҳдати ӯ бо дигарон, муттаҳидии ӯ бо мардум аст. Шоири бедордили мо Лоиқ низ ваҳдатсаро буд ва даъват мекард:

Зи ҳар ҷо биёему якҷо шавем,

Ҳама қатраҳоему дарё шавем.

Ҳамагон огаҳӣ доранд, ки кишвари ҷавони мо дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба душвориҳои зиёд рӯ ба рӯ шуд. Он вақтҳо абрҳои сиёҳи ҷанги хонумонсӯзи шаҳрвандӣ осмони кишвари азизамон - Тоҷикистонро фаро гирифта, мардумро ба муқовимати дохилӣ барангезонд, ки аз натиҷааш зиёда аз 25 ҳазор оила бесаробон ва қариб 60 ҳазор нафар кӯдакони маъсум ятим монданд. Бешубҳа, дар он лаҳзаҳои хеле ҳассоси таърихӣ, ки эҳтимолияти аз байн рафтани давлату миллат қарор дошт, барои Тоҷикистон нафаре лозим буд, ки пеши роҳи ин ҷанги хонумонсӯзи шаҳрвандиро бигирад ва Ватану миллатро аз хатари нобудшавӣ раҳоӣ бахшад.

Дар ниҳояти амр қувваҳои солими ҷамъият хатари аз байн рафтани давлат ва пароканда шудани миллатро амиқан дарк карда, барои устувор кардани асосҳои низоми давлатдории навин вакилон моҳи ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намуданд. Пешвои миллат, бо қатъият ба халқи тоҷик чунин изҳор карда буданд: “То даме, ки силоҳро нагузорему сулҳу оромиро дар сарзамини худ барқарор насозем ва ба меҳнати созанда шурӯъ накунем, ҳеҷ гоҳ кӯмаку мусоидати кишварҳои дигар вазъияти моро беҳтар карда наметавонад. То охирин гурезаҳои иҷбориро ба Ватан барнагардонам, худро орому осуда ҳис карда наметавонам ва тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва дар ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гулгулшукуфии Ватани азизамон садоқатмандона меҳнат мекунам”.

Нерӯи нави сиёсӣ бо сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист ваҳдати умумимиллиро ба вуҷуд оварда, мардумро барои барқарор кардани институтҳои давлатдорӣ сафарбар намояд ва муносибати миллати тоҷикро бо дигар миллатҳо барпо кунад.

Ҳоло кишвари мо дар марҳалаи дигар қарор дорад. Низоми иқтисоди бозорӣ устувор шудааст. Дар ҷомеа фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ ва сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ мутобиқи Конститутсия ва қонунҳои ҷорӣ ба низоми муайян даромадааст. Воситаҳои ахбори оммаи озод ба вуҷуд омада, теъдоди рӯзномаву маҷалла, телевизиону радио ва оҷонсиҳои иттилоотии хусусӣ нисбат ба шумораи умумии воситаҳои ахбори оммаи давлатӣ ба маротиб зиёд шудаанд, таҷзияи ҳокимият ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ амалӣ шуда, кишварамон ба низоми демократӣ ворид гардид.

Дар ин марҳалаи тараққиёти давлат таъмини Ваҳдати миллӣ аз ҳар яки мо – аъзои ҷомеа иштироки фаъолонаро дар ҷустуҷӯи роҳҳо ва усулҳои мушаххас, аз ҷумла, баланд бурдани сатҳи донишу эҳсоси ватанпарастӣ дар худ, хусусан дар байни ҷавонон, ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ба воситаи таъсиси ҷойҳои нави корӣ, самарабахш ба роҳ мондани истифодаи замин ва корхонаҳои соҳаи кишоварзӣ, тараққӣ додани саноат бо назардошти коркарди пурраи молу маводи маҳаллӣ, вусъати тиҷорат ва соҳибкории хурду миёна, бахусус соҳибкории истеҳсолӣ ва ғайраро тақозо менамояд.

Искандар ШАФЕИЁН

Add comment


Security code
Refresh