ИФРОТГАРОӢ – ХАТАРИ БУЗУРГ БА АМНИЯТИ ҶОМЕА

Ҷомеа дар ҳама давра баробари ҳамаи дастоварду комёбиҳо бо ҳаргуна падидаву ҳодисаҳо ва зуҳуротҳои номатлуб дар зиддияту мухолифат қарор дорад. Ҳанўз дар таълимотҳои қадим, ба монанди Зардуштия муборизаи ду қувва, қувваи некӣ ва бадӣ, бо сарварии Аҳурамаздо ва Аҳриман масъалаи марказӣ дониста шудааст.

Мухолифати  ҷомеа бар муқобили нерўҳои бадӣ ва зулумот бесабаб набуда, он ба хотири суботу оромӣ, дар фазои мусолиҳатомез зистан, кору фаъолият намудан, масъалаи калидӣ ҳисобида мешавад. Аз ҳамин нуқтаи назар яке аз падидаҳои даҳшатнок барои ҷомеаи имрўза, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ бо он дар мухолифат ва дар набарди рў ба рў қарор дорад, тундгароӣ, ифротгароӣ ва терроризм маҳсуб меёбад, ки равандҳои мазкур торафт дар ҷомеаҳои Ғарб ва Шарқ тамоюл пайдо намуда истодааст.

Дар фарҳанги забони тоҷикӣ мафҳуми «ифрот» ба маънои аз ҳад (андоза) гузаштан дар коре, ифрот кардан (намудан), аз ҳадди эътидол гузаштан (гузарондан), дар коре зиёдаравӣ кардан омадааст. Яъне, ифрот – ин зиёдаравӣ дар коре ва ё дар иҷрои ягон амале мебошад. Фарқ надорад, ки амал дар кадом соҳа ва дар кадом сатҳ сурат мегирад, зиёдаравӣ ва аз ҳад гузаштан ин ифрот аст. Калимаи ифротгароӣ бошад, решаи мафҳуми ифрот дошта, шахсеро ифротгаро меноманд, ки майл ба ҷониби зиёдаравӣ дорад. Ифротгароӣ аз ҳад гузаштан ва зиёдаравӣ дар ҳар амале ва иҷрои коре фаҳмида мешавад. Як шахс метавонад, дар хўрдан, нўшидан, суханронӣ намудан, харҷ кардан, ибодат кардан ва дар дигар корҳои рўзмарраи ҳаётӣ зиёдаравӣ намояд.

Вале, мо дар ин ҷо пеш аз ҳама атрофи зиёдаравии динӣ ва ё ифротгароии динӣ ҳарф мезанем. Сабаб дар он аст, ки имрўз падидаи  ифротгароии динӣ боиси нооромӣ, ҷанг, низоъ, вайроншавии суботи сиёсӣ ва ҷанги байни мусулмонон ва сабаби дигар мушкилотҳои ҷомеаҳои имрўзаи мусулмоннишин гардидааст.

Бояд гуфт, ки маънои ифротгароӣ ҳамзамон навъе тафаккур ё фаъолияти ҷамъиятиеро ифода мекунад, ки шахси пайрави он фақат ба боварҳои худаш арзишу бартарӣ қоил буда, нисбат ба меъёрҳои мавҷудаи муҳит ва ҷомеа муносибати сахтгирона, бадбинона ва оштинопазир, яъне ифротӣ дорад.

Ифротгароии динӣ яке аз маъмултарин шаклҳои ифротгароӣ буда, ҳолатест, ки инсон дар фаҳмиши меъёрҳои дин ва дар амал кардан ба таълимоти динӣ сахтгирии беш аз ҳад намуда, дар ин кор аз ҳадду андозаи эътидол мегузарад. Шахси ифротгарои динӣ маъмулан аз таълимоти асилу муътадили динӣ дур монда, динро ба таври бисёр рўякӣ, маҳдуд ва танг фаҳмида, ба ҳамин фаҳмиши худ амал карда, аз дигарон низ чунин тарзи амалро интизор ва тақозо менамояд.

Вақте шахс дар фазои динӣ амалдошта  зиёдаравӣ мекунад, хоҳу нохоҳ ў бо анъанаҳои мавҷудаи ибодат зиддият нишон медиҳад ва бо онҳо дар мухолифат қарор мегирад. Чунин ҳолат, бешубҳа, барои фазои сиёсӣ, амниятӣ ва иҷтимоии ҷомеа муаммои нав эҷод менамояд. Нуктаи нозуки масъала ҳамчунин дар он аст, ки мардуми соҳиби эътиқод арзишҳои диниро муқаддас мешуморанд ва дар ягон ҳолат таҳқир ва паст задану камарзиш шуморидани онҳоро таҳаммул надоранд. Бинобарин, вақте ҳар нафаре онро  нодуруст ва камаҳамият маънидод менамояд, зуд нисбати чунин рафтор муқобилият нишон медиҳанд. Мисол, вақте ҷавоне тарзи намозхонӣ, рафтору кирдор, шакли зоҳирӣ, тарзи муносибати гурўҳеро нисбат ба дин нодуруст ва нописанд мешуморад, баҳси оштинопазир дар байни ду аъзои ҷомеа ба миён меояд. Гузашта аз ин, вақте нисбати мавзўи дин ду ҷониб тарзи эътиқоду ибодати ҳамдигарро таҳқир мекунанд, муқобилияти онҳо то ба ҷанги мазҳабӣ ва ҷисман нобуд кардани ҷонибҳо рафта мерасад.

Аз сабабе, ки тарзи фаҳмиш ва арзишҳои ифротгароён барои аъзои дигари ҷомеа қобили қабул нестанд, онҳо барои расидан ба ҳадафҳои худ аз зўроварию хушунат истифода мекунанд. Кўшиш мекунанд, ки ҷомеа ва давлатро тарсонида, бо роҳи зўрӣ инсонҳоро ба худ тобеъ карда мақсадҳои худро ба ҷомеа таҳмил намоянд. Ҳамин тавр, ифротгароии динӣ аз марҳилаи радикализми динӣ ба марҳилаи сеюми худ, яъне ба марҳилаи терроризм мегузарад.

Бояд қайд намуд, ки маънои луғавии террор – ин таҳдид, тарсонидан ва даҳшатафканӣ буда, истилоҳи терроризм бо мақсадҳои сиёсӣ, идеологӣ ё иқтисодӣ анҷом додани амали террор ё даҳшатафканиро ифода мекунад. Дар ин марҳила ифротгароён ба таҳдид, зўроварӣ ва қатлу куштор рў оварда, амалан ба ҳаракати террористӣ табдил мешаванд.

Имрўз гурўҳҳои ифротӣ ҳамчун силоҳи муборизаи геополитикӣ ва ҳамчун неруи тахрибгари сиёсӣ-низомӣ барои давлатҳо, миллатҳо ва инсонҳо хатари ҷиддии ҳаётӣ пеш овардаанд, ки мубориза ба онҳо қарзи ҷонии ҳамаи миллатҳову давлатҳо, тамоми қишрҳои ҷомеа ва аз ҷумла қарзи мо ҷавонон мебошад.

Саидзода Ш.
устоди ДДҲБСТ

Add comment


Security code
Refresh