ХОҶАИ ХУДРО “ПАДАР” ГУФТАНИ КАБИРӢ

Волидайн пас аз ба дунё омадани тифл нахуст бо ниятҳои наҷиб ва орзуву умеди бепоён ӯро номи нек мегузоранд. Барои ба камол расидан ва инсони нек шудани фарзанди худ ҷаҳду талош меварзанд. Волидон худ намехӯранду фарзандони худро мехӯронанд. Худ намепӯшанду ҷигарбандашонро мепӯшонанд. Шабҳо шабзиндадорӣ намуда, худ намехобанду фарзанди азизашонро мехобонанд ва тамоми ҳастии хешро баҳри фарзандаш бахшида, мекӯшанд, ки тифли ба ноз парвардашон  хубу саодатманд ба воя расида, фардо дар дами пирӣ дастгиру мададгорашон бошад.

Агар таъбири шоири бузург Тошхоҷа Асириро гӯем:

Падар аз шавқи дил дар кӯдакӣ дасти писар гирад,

Ба уммеде, ки дар пирӣ писар дасти падар гирад.

Мутаассифона, мисли Муҳиддин Кабирӣ ва дигар нохалафони наҳзатӣ дар дунё арзи ҳастӣ доранд, ки аз гуфтаи падару модар берун пой гузоштаанд. Ҳатто ин ноқобилон волидони худро мусибатзада карда, ба Модар-Ватани худ хиёнат мекунанд. Тавре маълум аст, террорист Муҳиддин Кабирӣ, ки пас аз ҳамчун ташкилоти террористӣ – экстремистии эътироф гардидани ҳизби наҳзати исломӣ ҳатто ба гуфтаҳои падараш гӯш наандохта, аз кишваре, ки дар он ба воя расидааст, фирор карда ва имрӯзҳо бар муқобили давлату миллати худ санг мезанад. Борҳо падари Кабирӣ тариқи расонаҳои иттилоотӣ ба фарзанди нохалафаш муроҷиат намуда, хостори ба Ватан баргаштани ӯ карда буд, аммо муроҷиаташ ҳамчун падар ба писараш нагузашт. Падари Кабирӣ аз рафтору кирдори разилонаи фарзандаш ҳамарӯза тариқи расонаҳои садову симо огоҳ гардида, ба камол расидани чунин фарзанди ноқобил борҳо изҳори норозигӣ кардааст. Тибқи иттилои бархе аз хешовандони наздики Тилло Кабиров (падари Муҳиддин Кабирӣ), ӯ баъди ба бемории вазнин гирифтор шуданаш, ки сабабгори асосии ӯ фарзанди хоинаш террорист Муҳиддин мебошад...

Маҳз чунин кирдору рафтори Муҳиддин Кабирӣ ба он боис гардид, ки падараш дар назди хешу ақрабо ва ҳамдеҳагон шармсор гардида, дар дами пирӣ аз азоби фироқи фарзанди хоин ба бемории сактаи қалбӣ гирифтор гардида, ҷони худро холиқи ҷонофарин супорид. Муҳиддин Кабирӣ, ки дар ҷанозаи модараш тариқи он-лайнӣ  иштирок карда буд ва ба иштирокдорони намози ҷаноза тариқи микрофони телефони мобилӣ изҳори хушнудӣ карда буд ва дар ин кор таҷрибаи кофӣ низ дорад, дар ҷанозаи падараш низ тариқи он-лайн иштирок кард. Ҳатто лоиқи ба ҳалқи падар рехтани як қатра об дар дами марг нагардида, аз дидори гарми падар маҳрум гардид. Яъне аз ин равшан бармеояд, ки мусибати хоин Кабирӣ падарашро аз пой афтонду кушт.

Ба ҳамин монанд имрӯзҳо чандин тан аз хоинони миллат ба мисли Шарофиддин Гадоеву дигарон аз дидори гарми падару модар маҳрум гардида, ҳатто аз гӯшаи тобути падар набардоштаанд. Ин хоинон супориш ва дастури хоҷагони хеш ва маблағи муфтро аз дидори гарми волидайн боло гузошта, охиру оқибат аз онҳо рӯй гардонидаанд.

Мо, устодону омӯзгорон ҳамчун шаҳрванди Тоҷикистон рафтору кирдори чунин ватанфурӯшонро маҳкум менамоем. Намегузорем, ки дигарбора ин нохалафон насли наврас ва ҷавонони моро гумроҳ созанд!

Ф.Воҳидов

Add comment


Security code
Refresh