“ИН АФРОДИ ҶОҲИЛ ИСЛОМРО БА СИЛОҲИ ҶАНГ ТАБДИЛ ДОДАНД”

Давлати Ҳиндустон ҳам расман Ҳизби мамнӯъи наҳзати исломиро ташкилоти террористӣ-экстремистӣ эътироф кард. Мақомоти ин кишвар гуфтанд, фаъолияти ин ҳизб, ки бо сӯистифода аз номи дини ислом давом дорад, “тақаллуби фиребгаронаи як гуруҳи одамон” буда, “ин афроди машкук исломро ба силоҳи ҷанг табдил доданд”.

Вазири давлатии корҳои хориҷии Ҳиндустон Мубашар Ҷовид Акбар зимни суханронӣ дар Конфронси байналмилалии “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез”, ки дар пойтахти Ватанамон санаҳои 3-4 майи соли ҷорӣ доир гардид, аз ТЭТ ҲНИ як нерӯи бадӣ тавсиф карда, зимни эътирофи саҳми роҳбарияти Тоҷикистон ва халқи тоҷикро дар мубориза бо терроризму ифротгароӣ гуфт: “Тоҷикистон фаъолияти ҲНИ-ро ба ҳайси ташкилоти террористӣ манъ кард. Иҷозат диҳед, ин қарорро ба посухи диалектикӣ тағйир диҳам. Идеологияи ин ҳизб зери мафҳуми “наҳзат” чиро дар назар дорад? Ҳамчун мусулмон, ман ба тавлиди ислом бовар дорам, барои он ки зуҳур аз сӯйи Худост.

Ин тақаллуби фаъолияти афроди фиребгар аст. Худо исломро паёми сулҳ кард. Ин афроди ҷоҳил исломро ба силоҳи ҷанг табдил доданд. Худо Исломро ба дини гуногунандешӣ табдил дод. Нафароне, ки ба зуҳури дигар бовар надоранд, динро ба ҳадде дигар карданд, ки гӯё ислом зидди нафароне бошад, ки пайравони дигар мазҳабҳоянд”,  - изҳор дошт вазири корҳои хориҷии Ҳиндустон Мубашар Ҷовид Акбар.

Давоми суҳбати беш аз даҳ дақиқагии худ вазири Ҳиндустон чанд маротиба аз матни расмии суханронии худ канор рафта, ба паёмадҳои хатарбори фаъолияти ТЭТ ҲНИ, таъсири он ба кишварҳои дигари минтақа, ҳамкории зичи ин ҳизби мамнӯъ бо дигар гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ ва сарчашмаҳои маблағгузории он ишора кард.

Ба гуфтаи вазири Ҳинд, ин ташкилоти террористӣ дар гумроҳсозии садҳо ҷавонон, роҳандозии хунрезӣ ва сафарбаркунии ҷавонон ба амалиёти ҷангӣ дар кишварҳои Ховари Миёна нақши фаъол дошта, тасмими Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати манъи фаъолият ва эълони ташкилоти террористӣ-экстремистӣ саривақтӣ буд. Зеро идома ёфтани фаъолияти чунин ҳизби ифротӣ дар оянда на танҳо ба Тоҷикистон, балки ба тамоми минтақа ва ҷаҳон хатаре ба миён меовард.

Имрӯз кулли ҷомеаи ҷаҳонӣ амалҳои нангини гурӯҳҳои ифротиро мавриди танқиди худ қарор дода истодаанд. Аз ҷумла, аз ҷониби шахсони воло ва расмӣ изҳор гардидани чунин нуктаи назар бори дигар гувоҳ аз он медиҳад, ки дар мубориза бо хатари нави ҷаҳонӣ бояд ҳамраъй ва якҷоя бояд буд. Дар алоҳидагӣ ва канораҷӯи наметавон, бар болои он ғолибият ба даст овард.

Қурбонов Ҳ.Ш.

Add comment


Security code
Refresh