Ҳилаҳои Кабирӣ дигар корсоз нестанд!

Дар даврони ҷанги дохилии солҳои 1992 - 1997 дар кишвар ҳизби наҳзати исломӣ якҷоя бо ҳизби демократӣ ва созмони “Лаъли Бадахшон” алайҳи сохти конститутсионии давлатӣ сангар гирифта буд.

Он замон пойгоҳҳои аслии ин ҳизб ва нерӯҳои дигари мухолиф дар Афғонистон воқеъ буд ва онҳо маъмулан дар минтақаи Рашт бо нерӯҳои давлатӣ даргир мешуданд. Пас аз имзои Мувофиқатномаи сулҳи Тоҷикистон моҳи июни соли 1997 шароит барои бозгашти аъзои ҳизби наҳзати исломӣ ба кишвар фароҳам шуд ва моҳи августи соли 1999 он дубора ба расмият шинохта шуд.

Бо сабаби даст ба хиёнат ва ҷиноят задани аъзоёни Раёсати ҲНИ дар кӯшиши анҷом додани табаддулоти давлатии моҳи сентябри соли 2015 Додгоҳи олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 29-уми сентябри ҳамон сол ҳизби наҳзати исломиро созмони террористӣ эълон намуд ва фаъолияти онро дар қаламрави кишвар манъ кард.

Асре, ки мардуми соҳибмаърифату донишманд ба пешрафтҳои нанотехнологӣ расиданду ҳамон қабатҳои замину осмонро, ки мо дар бораашон афсонахонӣ дорем, илман мекушоянду фатҳ карда истодаанд, муллоҳои мазҳабию ҳизбию ноҳизбии мо сари хурофоту ҷаҳолат муноқиша доранд. Алҳол роҳбарияти ҳизби мамнуи наҳзат бо мақсади амалӣ намудани мақсадҳои нопокаш аллакай ба таври ошкоро фаъолияти зиддидавлатӣ бурда истодааст. Чуноне, ки мо худ мушоҳида мекунем, вақтҳои охир бо шарофати расонаҳои алтернативӣ чун интернет баъзе паҳлӯҳои фаъолияти сиёсии ҲНИ ва роҳбари он ошкор мегардад. Барои ҲНИ ва ҳаммаслаконашон муҳим нест, ки бо инқилобхоҳиашон мардумро ба чӣ вазъи ногувор гирифтор мекунанд. Муҳим он аст, ки қудрати сиёсиро ба даст оранд.

Оё фикр намекунанд, ки кишвари худро ба коми ҷангҳои беохир мекашанд ва тақдири Мисру Ливия ва Сурияву Украинаро ба сари миллати худ меоранд? Аъзоён, пайравон ва роҳбарияти ТЭТ ҲНИ бояд дарк кунанд, ки солҳои навадуми карахтӣ кайҳо гузаштааст. Мардуми кишвар ба дасисаҳои онҳо дода намешаванд.

М.Эгамов,
устоди Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии
Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон

Add comment


Security code
Refresh